Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст

3-06-2021, 14:02
Хабарро хонданд: 116 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст

(Мусоҳиба бо Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор- муовини
якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)


-Муҳтарам Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор мо дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ- 30 – солагии Истиқлоли кишвар қарор дорем ва ҳар рӯзу ҳар лаҳза моро ба ин сана наздиктар менамояд. Аввалан, мехостам аз Шумо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи баланд суол намоям, ки мафҳуми истиқлол чӣ арзише дорад ва оё имрӯз мардуми мо ба маъно ва моҳияти воқеии он сарфаҳм рафтаанд, ки истиқлол то кадом андоза арзиши волост?
-Дар бораи арзиши истиқлол сухан гуфта пеш аз ҳама дар бораи моҳияти он гуфтан мумкин аст, ки он дар тасмимгирӣ ва дар сарнавишти худ ба маънои озод будан аст. Ба маънои сиёсиаш, давлат дар муайян намудани сиёсат ва сарнавишти худ мустақилона тасмим мегирад. Ба қавли Пешвои миллат, Истиқлол ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷомеа, махсусан, ҷавонон ба қадри он бирасанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд, асоси хушбахтии худ ва наслҳои минбаъда донанд.
Агар таърихи тамоми миллатҳое, ки дар ҷаҳони имруз давлат доранду онро ҳифз намудаанд омӯзем ба ягон халқу миллати дунё истиқлолу соҳибдавлатӣ саҳлу сода ба даст наомада ва тӯҳфа нагардидааст. Ҳамаи онҳо барои ин неъмати бузург муборизаҳои тӯлониву сахту сангинро паси сар намудаанд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик яке аз миллатҳоест, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим соҳиби давлат ва девону дафтар буд. Бо мурури вақт ва дар марҳилаҳои таърих чандин маротиба марзу ҳудуди он тағйир ёфт. Вале, рӯҳияи истиқлолхоҳиву соҳибихтиёрӣ зеҳни равшанфикрони миллатро ҳеҷ гоҳ тарк накарда буд. Дар ҳама давру замон арзишҳои бузурги маънавию фарҳангии худро ҳифз кард. Ҳамин рӯҳия омили асосии дубора эҳё гардидан ва ба Истиқлол расидани ӯ гардид.
Чун ҷомеа, бахусус ҷомеаи демократӣ, гуногунрангу гуногунандеша аст, ҳар як аъзои он истиқлол ва моҳияти онро ба тарзи худ ва дар сатҳи тафаккури худ дарку эҳсос менамояд. Дар умум, агар ҳама андеша ва дидгоҳҳоро ҷамъбаст намоем, мардуми кишвар аз истиқлол ифтихорманду хушҳоланд ва аз имконияту имтиёзҳои он баҳравар мебошанд.
Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрузу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

-Мо дар замони истиқлолият ба дастовардҳои бузург дар ҳама самту соҳаҳо ноил гардидем, ки шарҳи мукаммали онҳо дар як суҳбат ғайриимкон аст. Мехостам дар бораи дастовардҳои сиёсӣ мухтасаран андешаи худро баён менамудед?
-Дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд, ки ҳамаи онҳо аз ташаккули мактаб ва мудирияти сиёсӣ дар замони истиқлолият ба даст омадаанд. Вақте, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, ноамниву бесуботӣ ба миён омада буд. Дар баробари ин, рӯҳияи яъсу ноумедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд. Дар ҳамон вақт ба кишвари мо тамоми ҷаҳониён мутаваҷҷеҳ гардида буданд, ки тақдири ин миллати нав ба истиқлолрасида ба чӣ анҷом меёфта бошад. Дар ҳамон лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ Тоҷикистон ба лидери сиёсие эҳтиёҷ дошт, ки пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро бигирад, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 - ум Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раис интихоб намуданд, ки аз ҳамон лаҳза дигаргунии куллӣ ва таҳаввули ҷиддӣ дар кишвар ба миён омад. Ин аввалин дастоварди сиёсии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд. Соли 1997, ки созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид, барои рушди ҳамаҷониба Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди пешрафту шукуфоӣ фароҳам омад. Ин руйдодҳои фараҳбахши сиёсӣ ҳамаро ҳушдор медиҳад ва водор ба он андеша менамояд, ки ба даст овардани истиқлол ин як масъала бошад, ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкиму тавсеа бахшидани он масъалаи муҳимтар аст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама мактаби мукаммали сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифтааст. Ин мактаб дар шароити пуртазоди таърихию сиёсӣ зина ба зина такомул ёфта, имрӯз ба шакли комил инкишоф ёфтааст. Аз он, ки дар ин марҳилаи таърихӣ мудирияту муҳандисии ин раванди тақдирсозро маҳз Пешвои миллат мустақиман ба дӯш доштааст, ин мактабро метавон мактаби давлатдории Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон номид. Агар дастовардҳои сиёсиро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин, ҳамчун давлат ва миллат, маҳз ҳамин ташаккули давлатдории муосири миллӣ мебошад. Агар ин дастовардҳоро ба таври мушаххас арзёбӣ намоем, дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ давлатдории мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шуд, аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гашт, сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд, раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф карда шуд ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.
Дар тӯли 30 сол мо робитаву ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш додем. Кишвари мо имрӯз узви фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ буда, бо зиёда аз 150 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад.
Пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро имруз тамоми кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони хориҷӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии олам эътироф менамоянд. Ин падидаҳо аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд. Чанд муддате қабл Дабири кулли Созмони Милали муттаҳид Антонио Гутйерреш дар як нишасте дар шаҳри Ню- Йорк, роҳбари давлати Тоҷикистонро ситоиш кардааст, ки тавонист дар муддати кутоҳи таърихӣ ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хомӯш карда, фақру камбизоатӣ миёни аҳолиро ба таври чашмгир коҳиш диҳад ва барои пешрафт заминаҳои мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомули худ, яъне ба марҳилаи рушди устувор ворид мегардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад.

-Ҷаҳони имруза пур аз гирудорҳо ва мушкилоту муаммоҳост, ки аз таъсираш кишвари мо низ аз ин бархурдҳо барканор буда наметавонад. Мегуфтед, ки имруз кадом мушкилотҳое вуҷуд доранд, ки ба истиқлоли мо таҳдид менамоянд?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор дорад ва Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ аст. Бидуни шакку шубҳа, ин таҳдидҳо ба Истиқлоли давлатӣ ва миллии кишвар, инчунин дастовардҳои он хатарҳои ҷиддӣ ворид месозанд.
Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, кибертерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хурофоту чахолат ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд.
Ин амалҳо тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар Осиёи Марказӣ идора мешаванд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 20 ташкилоти байналмилалии террористии ба ном исломӣ, аз ҷумла Салафия, Ваҳҳобия, Ҳаракатии исломии ӯзбекистон, "Ҳизб -ут-таҳрир ал-исломӣ" , «Ихвон - ул-муслимин, Ҷамоатал-ислоҳ ал-иҷтимоъ, "Акрамия" - дар водии Фарғона (Ҷумҳурии ӯзбекистон), "Адолат уюшмаси" - дар вилояти Намангон (Ҷумҳурии ӯзбекистон), "Ислом лашкарлари" – ӯзбекистон, "Тавба" – Қирғизистон, "Ҷунбиши Туркистони Шарқӣ" - (дар Синзтяни Чин) , "Ҷабҳаи миллӣ-инқилобии Туркистони Шарқӣ" - (мақсади он дар Осиёи Марказӣ таъсис додани давлати уйғурҳо мебошад), "Ташкилоти наҷоти Туркистон", "Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ", Ҳизби террористии наҳзат ва ғайра вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти минтақа таҳдидҳои рӯзмарра ворид мекунанд.
Инқилобҳое, ки дар давоми чанд соли охир дар кишварҳои Шарқи Наздик таҳти унвони "Баҳори арабӣ" ба вуқуъ пайвастанд, бо сароҳат нишон доданд, ки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои хеш ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии худ бо ин кишварҳо чӣ тавр муносибат менамоянд. Натиҷаҳои ҷанги беш аз 40-солаи хонумонсӯз дар Афғонистон, тазоҳурот ва ҷангҳо дар Ироқ, Миср, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои арабу Африқои Шимолӣ нишон доданд, ки абарқудратҳо барои тарҳи нави "Ховари Миёнаи Бузург" аз чӣ гуна найрангҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бозиҳои бунёдан тарҳрезишуда истифода мекунанд.
Бархурди абарқудратҳо бо мақсади тақсим кардани Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар асоси арзишҳо ва маҳдудиятҳои қавмӣ, комилан мувофиқи нақшаи яке аз поягузорони лоиҳаи "Азнавсозии харитаи сиёсии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ" - и Бернард Люис - таърихнигор ва шарқшиноси британӣ ва Амрикоӣ сурат гирифта истодааст, ки он, мутаассифона сабаби буҳрони давомдори иқтисодии минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.
Дар асоси "Харитаи сиёсӣ" - и подполковник Бернард Люис кишварҳои Ховари Миёна, Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ на аз рӯи қавму миллат ва талаботҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи таъриф ва мақоми миллат, балки дар асоси мазҳабу фирқаҳои динӣ тақсим карда мешаванд. Мисоли равшани ин Ироқ аст, ки баъд аз тақсимоти нав ба "Ироқи шиа" ва "Ироқи суннӣ" ҷудо шудааст. Илова бар ин, Афғонистон бояд дар асоси тарҳи Толибон ба "Амороти Афғонистон" ҷудо карда шавад, ки ин ҳамон усули "тафриқа андоз ва ҳукмронӣ намо" мебошад, ки дар либоси нав зуҳур кардааст.
Дигар падидае, ки ба мақсади ҷомаи амал пӯшондани ҳадафҳои худ хеле моҳирона истифода мекунанд, ин маводи мухаддир аст, ки ҳам ба субот ва ҳам ба амнияти Истиқлолияти миллии мо таъсири амиқ мегузорад, зеро барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки фаъолиятҳои террористӣ ва радикалӣ бо фурӯши байналмилалии маводи мухаддир алоқамандии зич доранд. Мутобиқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2020 Афғонистон беш аз 80 дарсади маводи мухаддири ҷаҳониро истеҳсол карда буд. Мутобиқ ба сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, фоидаи софи пурра ба манфиати табақаҳои ҷинояткори трансмиллӣ мебошад.
Ба ҳамин тариқ, ба баъзе паҳлуҳои таҳдидҳо ба дастовардҳои Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар карда, ба хулоса бояд омад, ки дар шароити ҳозира кишвари мо бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии худро бо шарикони пешини кишварҳои минтақа ва Ғарб пеш барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сиёсати хориҷии худ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид, ки инъикосдиҳандаи сиёсати дохилии давлат аст, ба хотири дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар "сиёсати нарм"-ро пеш гирафтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари солҳои 90-ум нест, ки либералони он давра нақши давлатро поин оварда, Ватанро ба хоку хун кашанд. Президенти кишвар дар муқобили либерализми заиф ҳокимияти амудиро ба вуҷуд оварда, мошини қудратманди давлатро ба кор даровард. Қудрати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ва ҷаҳону минтақа мавқеи мустаҳкам ва ҳалкунанда дорад, аз ин рӯ, мо низ ба хотири дифоъ аз манфиатҳои миллии худ бояд бо бозингарон дар "тахтаи шоҳмот"-и худашон пешниҳодсохта, бозӣ намоем, зеро масъалаҳои сиёсиро дигар силоҳ ва қудрати низомӣ наметавонанд дар маҷмӯъ ҳал кунанд.
Сиёсати ҷаҳонии имруза ниҳоят мураккаб буда, кишварҳои абарқудрат аз стандартҳои дугона кор мегиранд ва мавқеи онҳо дар ин равандҳо номуайян мемонад. Тасаввур кунед, вақте Ҳизби террористии наҳзат, ки бо далелҳои тасдиқшуда дар кишвар фаъолияташ мамнуъ гардид, имруз дар кишварҳои муайян барои фаъолияти у имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Ин ҳолатҳо ҳар инсонеро, ки аз сиёсат бархурдор аст ба андеша намудан водор месозад.
Имрӯз ҷумҳурии мо ҳамчун як кишвари таъсиргузор дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ дар доираи геополитикӣ аз ҷониби кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ИМА, Русия ва Чин мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ин бесабаб нест, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 1206 километр бо Афғонистон, 1161 километр бо ӯзбекистон, 870 километр бо Қирғизистон ва 414 километр бо Чин ҳамсарҳад буда, дорои марзҳои муштарак мебошад.
Мавҷудияти беш аз 1206 километр марзи муштарак бо Афғонистон, ки асоси нооромиҳо дар минтақа аст, нигарониҳо барои авҷи ифротгароии исломӣ, аслиҳа, қочоқи инсон ва маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба Русия ва Чин вуҷуд дорад.
Ҳамаи ин моро водор ба он менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳамеша омода бошем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи дастовардҳои он кори аз он ҳам мушкилтар аст.
-Таҳким бахшидани истиқлолият вазифаи муҳими имрузаи мост. Бигӯед, ки кадом омилҳоро барои тақкими истиқлоли Ватан муҳим мешуморед?
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз чанд сол муқаддам ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрузаи рушди давлатдории миллӣ мушаххас намудаанд, ки бо камоли қатъият ва дар амал татбиқ намудани онҳо омили муҳимтарини таҳкими истиқлоли Ватан ба ҳисоб меравад. Таҳкими аркону пояҳои давлатдорӣ дар шароити пуртазод ва мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки ба маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрванди кишвар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Мо ҷомеаи ҳуқуқбунёд бунёд карданӣ ҳастем дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амри зарурист. Мардуми мо бояд аз қонунҳои амалкунандаи кишвари худ огаҳии комил дошта бошанд ва дар доираи онҳо амал намудан ва фаъолият карданро омӯзанд. Як бахши фаъолияти ҳизби мо, бахусус аъзои фраксияи мо дар парлумон, пайваста шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунандаи ва қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки ин иқдом дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии мардум аз манфиат холӣ нест.
Солҳои охир мо шоҳиди ҳодисаҳое мегардем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расониданд. Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади нерӯҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд. Барои ин, ба маърифати сиёсии мардум бояд таваҷҷуҳ намуда шавад. Ин як рисолати ҳизбҳои сиёсии кишвар аст. Зеро Аҳзоби сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ буд ва ҳаст.
Ҳамин лаҳза сухани хирадмандонаи вазири донишманд ва сиёсатмадори нуктасанҷи аҳди Сомониён Абулфазли Балъами ёд омад, ки ҳануз дар замони худ гуфта буд, “Ваҳдату ҳамдастӣ ва муттафиқию ҳамсилкии аҳли ҷомеа ва вафопешагии онҳо бар меҳани хеш пояи боэътимоди истиқлол, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад”. Ҳамин масъаларо мо ба инобат гирифта, дар асоси дастуру тавсияҳои Роҳбари муаззами ҳизбамон чорабиниҳоро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа роҳандозӣ намудаем. Тасмим гирифтем, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ андешаи сулҳу ваҳдатро ба фарҳанги умумӣ табдил дода, ҳар як шаҳрванди кишвар онро дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва фардии худ фаҳмад. Ҳар як шаҳрванд бояд эҳсос намояд, ки ҳам пешрафти кишвар ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ танҳо ва танҳо дар сурати оромиву субот, сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад. Ҳамин пайванди ваҳдат бо манфиати шахсии ҳар шаҳрванд як пояи устувории он хоҳад буд. Ин ҳам як омили таҳкимбахшандаи истиқлол аст.

-Маърифату фарҳанги сиёсиро як фактори муҳими таҳкимбахшандаи истиқлоли Ватан арзёбӣ намудед. Бо кадом роҳҳо метавон маърифати сиёсии мурдумро баланд бардошт, то онҳо аз нақшаҳо ва тарҳҳое, ки дар дастгоҳҳои махсуси кишварҳои абарқудрат тарҳрезӣ мешаванд, огоҳ бошанд?
-Тақвияти фарҳангу маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон буда, ояндаи мо аз он вобастагии амиқ дорад. Доро будан ба фарҳанги сиёси имкон медиҳад, ба ҳар руйдоду воқеа, ки дар кишвар, минтақа ва ё гӯшаҳои мухталифи сайёра ба вуқуъ пайваста, ба кишвари мо низ таъсири бевосита мерасонад, баҳои объективона диҳем ва дар ин росто аз манфиатҳои миллат ва давлати худ ҳимоя карда тавонем.
Нокифоягии маърифати сиёсӣ раванди ташаккули миллатро кунд мекунад, амният ва сарнавишти миллатро зери хатари ҷиддӣ карор медихад.
Баргузории чорабиниҳои оммавӣ – сиёсӣ ва таъмини иштироки мардум дар онҳо як василаи тақвияти маърифати сиёсии мардум аст.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, бо сабаби нокифоягии маърифати сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст. Бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаву пурзарар, ки мардумро дар гирдоби ҳалокатбари худ қарор дод, сабақ гирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва дар оянда бо маърифати баланди сиёсӣ ба чунин иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ надиҳем. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи таълими мактабҳои олӣ омӯзиши фанҳои сиёсиро ба монанди сиёсатшиносӣ, фалсафа, таърих, сотсиология, фарҳангшиносӣ ба роҳ мондааст, ки ин тадбири муҳимтарини ташаккули маърифати сиёсии насли ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ба таълими ин фанҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Зеро, рушди маърифати сиёсии ҷавонон дар асоси таълими оқилона ва мақсадноки ин фанҳо ба даст меояд.
Маърифати сиёсӣ ин маҷмӯи андешаву ақидаҳо доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ буда, решаҳои амиқи таърихӣ ва равонӣ дорад. Адабиёти пурғановати миллати тоҷик низ ба ин масъала, яъне сиёсат ва ҳаёти сиёсӣ дахл намудааст. Барои мисол, номгӯи зиёди адабиёте метавон, ба монанди «Сиёсатнома»-и Низомулмулк», «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Футуватномаи Султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ва «Пандномаи» Сабуктегинро номбар кард, ки андешаҳои сиёсии мутафакирони гузоштаи халқи тоҷик дар онҳо хеле муассир баён гардидаанд. Ин асарҳо дар шароити имрӯзаи инкишоф ҳам арзишҳои баланди илмиву бадеии худро аз даст надодаанд. Омӯзиши онҳо низ ҷиҳати тақвияти маърифати сиёсӣ аз манфиат холӣ нест.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама ҷаласаҳои ҳизбӣ таъкид менамоянд, ки ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташаккули фарҳангу маърифати сиёсии аъзоёи ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Сохторҳои ҳизбии мо ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ки хонишҳои сиёсиро роҳандозӣ намудаанд, ин ҳам саҳми боризе дар ташаккули маърифати сиёсати шаҳрвандон хоҳад гардид. Умед аст, ки масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ дар ин маҳфил миёни аъзои ҳизб дар оянда матраҳ мегарданд.
Як роҳи дигари муассири ташаккули маърифати сиёсӣ истифодаи ВАО мебошад. Таҳияи барномаҳои сиёсӣ тавассути телевизион ва радио ҳамчунин нашри маводу мақолаҳо дар матбуот низ бисёр муҳим ва таъсирбахш аст. Вобаста ба ин, тасмимҳои ҷиддӣ андешида, сомонаҳо ва саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ такмилу тақвият бахшида истодаем. Онҳоро ба талаботи рӯз мувофиқ намуда, аз ҷиҳати дизайн, ороишу ҷобаҷогузории мавод ва муҳтаво ғанӣ менамоем. Дар шароити имрӯза аз имконоти фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифодаи пурсамар намудан лозим аст. Зеро, аксари мардум иттилоотро аз фазои маҷозӣ дастрас менамоянд. Мо дар охирин ҷаласаи ҳизбӣ – Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус намуда, масъулин ва сохторҳои худро муваззаф намудем, ки чандрасонаиро дар фаъолияти иттилоотӣ рушд дода, дар баробари гузоштани матн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, ҷойгир намудани видео ва овозро, ки таъсиррасониро бештар мекунад, ба роҳ монда, дар ин бахш аз имконоти каналҳои видеоӣ, аз ҷумла YOU TUBE васеъ истифода намоянд ва дар самти омода намудани роҳбарони зинаҳои гуногуни ҳизбӣ барои баромад дар воситаҳои ахбори оммаи давлатию ғайридавлатӣ ва фазои маҷозӣ машғулиятҳои омӯзишӣ доир намоянд.
-Оё метавонем ҲХДТ – ро ҳомию пуштибони истиқлоли миллӣ бидонем?
-Вақт аз он, ки мо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳарф мезанем, бешак дар ҳамаи ин комёбиҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нақши муассир ва саҳми муносиб дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи даврони истиқлолият буда, ҳадафи асосии он, тавре ки Оинномааш муқаррар намудааст, таҳкими соҳибихтиёрии давлат буда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки аъзояшро баҳри мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сарвари онро кулли сокинони кишварамон бо эътимод «халқӣ» унвон мекунанду дар асоси иродаю боварии қавӣ атрофи онҳо муттаҳид мешаванд. Чунин истиқболу эҳтироми беолоиш, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, ки самараи онро мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи илму фарҳанги мамлакат, равшан мушоҳида менамоем.
Ҳизби мо мақоми пешсафию роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин ба даст овардааст.
ҲХДТ ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкилу печидаи ҳаёти ҷамъиятӣ иродаи матини пешниҳоди аз чунин вазъиятҳо баромаданро бо ҳисси масъулияти баланд ба зиммаи худ гирифта, маҳбубияташро миёни мардуми ин сарзамин афзудааст. Агар тасвири ин лаҳзаҳоро хаёлан пеши назар орем, ба хубӣ мебинем, ки онҳо лаҳзаҳое буданд, ки дар бисёр мавридҳо ҳисси ноумедию ҳаросро дар кунҷи дили бештари мардум ҷой медоданд, вале боз ҳам ҳамон иродаи масъулиятшиносию ташаббускории ҳизб онҳоро ба уммеду бовармандӣ нисбати имрӯзу ояндаи давлатамон ҳидоят мекарданд. Мисолҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва яке аз намунаҳои муассири он посухи муносиби ҷомеаи мо ба таҳдиди вусъатталабонаи вабои ҳамагири КОВИД-19, ки соле қабл мардумро нигарон намуда буд, ба шумор меравад. Дар ин маврид ҳам, бо такя аз таҷрибаи андухтаи ҷомеасозии амалгароёна, ҲХДТ тавонист мардумро боз ҳам дар атрофи худ муттаҳид созад ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд. Дар баробари тадбирҳои андешидашуда, инчунин, далерона ҳузур пайдо кардани Пешвои миллат миёни мардум дар арафаи авҷи ин вабои ҳамагир дар байни мардум шабаҳи тарсу ноумедии ҷойдоштаро аз байн бурд. Зуҳури ин падида бори дигар нишон дод, ки кишвари мо метавонад низоми амниятии худро алайҳи чунин хатарҳо ҳамеша устувортар нигоҳ дорад.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил медиҳанд, имрӯз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср, ба монанди сохтмони НБО Роғун, роҳу пулҳои дорои сатҳи сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ ва ғайра татбиқи худро меёбанд. Яъне имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон умедвор месозанд. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳрикбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд, пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд.
Мо ин рисолати худро имрӯз сарбаландона анҷом дода истодаем. Бо ифтихормандӣ метавонам иброз намоям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ғояҳои созандаи Истиқлол аст.

-Аз ин бармеояд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷашни 30 – солагии Истиқлол омодагии ҷиддӣ мегирад?
-Имрӯз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳизби мо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ташвиқи дастовардҳои Истиқлол камар бастаанд.
Дар баробари ин, корҳои созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки ҳадаф аз онҳо ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватан мебошад.
Таҷлили иди бузурги 30 – солагии истиқлол барои халқи мо аҳамияти бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Он метавонад дар шуури шаҳрвандон, махсусан насли наврас, эҳсоси умумияти таърихӣ, ватандустӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва гиромидошти ёду хотираи аҷдоди зафарманди хешро тақвият бахшад, ба густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдату якдигарфаҳӣ муосидат намояд. Фазои тантанаву шодӣ ба тафаккури шахсият таъсири мӯъҷизаосо дорад. Зеро, ҳамагон дар атрофи рӯйдоде гирди ҳам меоянд, ки ба ҳар кас ва ба ҳама баробар тааллуқ дорад.
Барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён Иди Истиқлол ҷашни муҳим ба шумор мераванд ва бори дигар моро водор ба он месозад, ки дар зери Парчами миллат бо ҳам оему баҳри он бикӯшем, ки дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои аз ин ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ба миён ояд.

Мусоҳиб
Фараҳноз Умарзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: