Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 4 МИЛЛИОН ВОЯ ВАКСИНАИ ЗИДДИ ФАЛАҶ ВОРИД ШУД

БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 4 МИЛЛИОН ВОЯ ВАКСИНАИ ЗИДДИ ФАЛАҶ ВОРИД ШУД

1-06-2021, 10:11
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 4 МИЛЛИОН ВОЯ ВАКСИНАИ ЗИДДИ ФАЛАҶ  ВОРИД ШУД

Дар доираи маъракаи миллии эмгузаронӣ, дар Тоҷикистон беш аз як миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда мешаванд, то ин ки системаи масунияти худро аз таъсири ин бемории хатарнок мустаҳкам намоянд. Бинобар ин, волидонро зарур аст, ки фарзандони худро эм кунанд.

Тавре аз дафтари матбуоти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба “Минбари халқ” хабар доданд, 23 майи соли равон аз ҷониби ЮНИСЕФ ва СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксинаи муқобили фалаҷ ворид карда шуд. Ваксинаҳо аз тарафи намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин ваксинаҳо дар маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ - полиовирус истифода мешаванд, ки моҳи май-июли соли 2021 пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам менамоянд.
Гуфта мешавад, ки маъракаи миллии эмгузаронӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СУТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронида мешавад.
- ЮНИСЕФ бо шариконаш барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои муҳими маъракаи эмгузаронӣ аз фалаҷи полиомиелит барои таҳкими масунияти кӯдакон кор мекунад. Маъракаи иловагӣ бо маъракаи сафарбаркунии иҷтимоӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии ҷомеаҳо барои эмгузаронии фарзандонашон ҳамроҳӣ карда мешавад” - гуфт Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Пас аз таҳқиқи ҳамаҷонибаи хуруҷи фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ якҷоя кор карда, маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷ омодаву амалӣ карда мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду давраи эмкунӣ мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3-юми июли соли равон таъйин шудааст.
- Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдакон дода шавад, метавон бо ин роҳ онҳоро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд. Ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир аст, ки барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон, волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд, - мегӯяд доктор Виктор Олшавский, намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.
Ибодуллоҳи ТОҲИР

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: