Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ҲХДТ БО “ЕДИНАЯ РОССИЯ”

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ҲХДТ БО “ЕДИНАЯ РОССИЯ”

28-04-2021, 16:28
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2021-05/1620041138_20210413_162226.jpg[/thumb

Дар асоси даъватномаи Ҳизби сиёсии умумироссиягии «Единая Россия» ва иҷозати Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории ҲХДТ дар ҳайати муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз 12 то 18 апрели соли 2021 ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафари хизматӣ анҷом доданд.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Федератсияи Россия имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол миёни мамлакатҳои мо мунтазам афзоиш меёбад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст.
Дар рафти сафари корӣ вохӯриҳо бо муовини котиби Шӯрои марказии ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», раиси комиссияи Президиуми Шӯрои марказии «Единая Россия» Климов Андрей Аркадевич, роҳбари Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) Примаков Евгений Александрович, аъзои кумитаи корҳои байналмилалии Думаи давлатии Маҷлиси Федералӣ, муовини раиси комиссияи Президиуми Шӯрои марказӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии «Единая Россия» Журова Светлана Сергеевна, муовини роҳбари шӯрои ҳамоҳангсозии ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии «Молодая Гвардия Единой России» Егор Литвиненко ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов И. сурат гирифт.
Дар суҳбатҳо иброз гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар анъанавӣ гардидаанд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки таҳсилоти Россия ва забони русӣ дар чумҳурӣ муътадил таҳким меёбад. Имрӯз, зиёда аз 25 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд. Дар кишвар Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, филиали донишгоҳҳои бонуфузи Москва - Донишгоҳи давлатии Москва, МИСиС ва Институти энергетикӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Бо фармонҳои дахлдори Президент ва қарорҳои Ҳукумат омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аллакай аз синфи дуюм ва дар аксар муассисаҳои томактабии таълимӣ таҳсил ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 10 мактаби олии кишвар факултаҳои филологияи рус ё шуъбаҳои ихтисоси забон ва адабиёти рус амал доранд. Даҳҳо мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва садҳо синфҳои омӯзиши забони русӣ фаъолият мекунанд.
Боиси хушнудист, ки лоиҳаи "Муаллимони Россия дар хориҷа" бори аввал дар Тоҷикистон татбиқ гардид. Ҳар сол 50 нафар мутахассисони баландихтисос ба кишвари мо омада, ба фарзандонамон таълим медиҳанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки нимаи дуюми соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ва Рӯзҳои Москва дар Тоҷикистон баргузор шаванд. Федератсияи Россия ба Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат аз рӯи ихтисосҳои ояндадор дар донишгоҳҳои бонуфузи Росия кӯмак мерасонад.
Боз як омили муҳими ҳамкории ду кишвар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад, ки ҷуғрофияи онҳо доимо васеъ гардида истодааст. Имрӯзҳо тақрибан 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра доранд. Зарур шуморида шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт боз ҳам тавсеа ва таҳким бахшида шавад.
Ҳайати ҲХДТ ба ҷониби Россия ҷиҳати омодагӣ ба суръатбахшии раванди сохтмони панҷ мактаби нави русӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намудем.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҲХДТ ва Агентии федералии корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона бояд ҳамарӯза инкишоф ёфта, неруи тозаро касб намоянд.
Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид, ташкил ва баргузории курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Роҳбари Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) Примаков Евгений Александрович таклифро хуш пазируфта, дар навбати худ таъкид дошт, ки мо минбаъд ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ медиҳем ва дар ин раванд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарики боэътимод ва неруи бузурги сиёсӣ дар кишвар медонем.
Дар мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии «Молодая Гвардия Единой России» масъалаҳои ташкилӣ ва сохтории ин созмон, ки қаноти зертобеи ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» маҳсуб меёбад, баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки имрӯз дар 85 минтақаи Федератсияи Россия намояндагии ин ташкилот фаъолият карда, сиёсати ҳизбро дар самти кор бо ҷавонон татбиқ менамоянд.
Феълан, ташкилот бо маблағгузории ҳизб дар самтҳои гуногун лоиҳаҳоро татбиқ мекунад, ки аксарияти онҳо характери сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба тарбияи ҷавонон равона шудааст.
Пешниҳод гардид, ки байни ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии «Молодая Гвардия Единой России» ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, нақшаи кории он низ мураттаб гардад.
Дар рафти вохӯрӣ бо муовини котиби Шӯрои марказии ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», раиси комиссияи Президиуми Шӯрои марказии «Единая Россия» Климов Андрей Аркадевич оид ба ҳамкориҳои миёни ду ҳизб суҳбат ороста шуд. Қайд карда шуд, ки байни ду ҳизби сиёсӣ созишномаи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017 амал мекунад. Сатҳи муносибатҳои байниҳизбӣ мусбат арзёбшуда, идома ёфтани муколамаи байниҳизбӣ ба манфиати кор дониста мешавад.
Дар рафти суҳбат Климов А. А. ба масъалаи баргузории маъракаҳои интихобот диққат дода, пешниҳод намуданд, ки дар доираи ҳамкориҳои ҳизбӣ ва қонунгузориҳои амалкунандаи кишварҳо минбаъд низ ба ҳамдигар дар давраи баргузории маъракаҳои интихоботӣ кӯмак расонида шавад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки сиёсати ҳизби «Единая Россия» аз сиёсати Президенти кишвар В. В. Путин бармеояд. Аз ин рӯ, ба ояндаи сиёсии шарикони стратегии худ бетафовут нестем ва мехоҳем ҳамкориҳои минбаъдаро бо онҳо идома диҳем. Дар сурати ба мувофиқа расидан, мо роҳбарияти олии ҳизби «Единая Россия»-ро аз ин дастгирӣ ва ширикии боэътимод воқиф хоҳем кард, - ҷамъбаст намуд А. А. Климов.
Ҳамчунин, тарафи Россия аз суханронии муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар Форуми байналмилалии байниҳизбии "СҲШ+" («ШОС+») дар мавзӯи "Иқтисод барои мардум", ки 21 октярби соли 2020 дар реҷаи видеоконфронс гузашт, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Асрор Латифзода қайд намуд, ки ҲХДТ аз оғози ташаккулёбии худ ҳадафи асосию стратегӣ – эъмори давлати демократии дунявиро дар асоси бунёди давлати арзанда ва сатҳи зиндагии шоиста ба аҳолӣ эълон намудааст. Барои амалӣ намудани ин вазифаи афзалиятнок ҳизб таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи устувореро пеш гирифта, ба рушди устувори иқтисодӣ, истиқлоли энергетикӣ ва озуқаворӣ, устувории демократия, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва дунявӣ талош мекунад ва дар доираи барномаи худ зери шиори "Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!" фаъолияти рӯзмарраи худро ба роҳ мондааст.
Сиёсати ҳизби мо дар самти сиёсати хориҷӣ ба зарурати мусоидат ҷиҳати ташаккули системаи муассири ҳамкориҳои байнидавлатӣ барои таъмини суботи минтақавӣ ва ҳамкории устувори иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст, ки онро солҳои минбаъда дар ҳамкории мутақобила бо Ҳизби умумироссиягии "Единая Россия" тақвият хоҳем бахшид.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки бо вуҷуди ба тасвиб расидани шартномаи ҳамкорӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар доираи он мушаххас нагардидаанд. Ҷониби ҲХДТ таклиф намуд, ки барои солҳои 2021-2023 нақшаи кории мушаххас бо фарогирии фаъолияти амалӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи пешқадам, омӯзиши сохтори ҳизбӣ ва тақвият бахшидани корҳо дар самти сиёсати ҷавонон мустаҳкам карда шавад. Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳизбӣ дар сатҳи кумитаҳои иҷроияи минтақаҳои Россия ва вилоятҳои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуд.
Тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳизбӣ дар доираи Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиё (The International Conference of Asian Political Parties) муҳокима гардида, аз тарафи ҷаноби А.А. Климов, ки муовини раиси кумитаи ICAAP-ро ба уҳда дорад, ҷиҳати шомилшавии ҲХДТ ба ин ташкилоти бонуфузи минтақавӣ бори дигар таклиф пешниҳод шуд.
Ҷониби Россия меҳисобанд, ки бо назардошти таҷлили 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай ва раёсати Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ гузаронидани Форуми байналмилалии байниҳизбии "СҲШ +" («ШОС+) дар формати видеоӣ аз ҷониби ҲХДТ аз аҳамият холӣ намебошад.
Идома додани ҳамкориҳо дар доираи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Фраксияи «Единая Россия» дар Думаи давлатии Маҷлиси Федералӣ ба манфиат эътироф гардид.
Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир робитаи зич доранд. Кишварҳои мо дар ин масъала дар якҷоягӣ фаъолият карда, ҳизбҳоямон ҷонибдори ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои идораҳои салоҳиятдори давлатҳоямон дар ин самт мебошад.
Дар заминаи мулоқоти мазкур дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва тақвият бахшидани онҳо дар заминаи ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи мулоқот бо аъзои кумитаи корҳои байналмилалии Думаи давлатии Маҷлиси Федералӣ, муовини раиси комиссияи Президиуми Шӯрои марказӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии «Единая Россия» Журова Светлана Сергеевна таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории зич доранд. Федератсияи Россия кишвари асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ, хоса аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. [thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2021-05/1620041343_20210414_162000.jpg[/thumb]
Ҳамзамон, дар рафти вохӯриҳо масъалаи марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ муҳокима шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ва пешниҳодҳои иброзгардида аз ҷониби ҳизби «Единая Россия» барои омӯзиш хуш пазируфта шуданд.
Дар охир протоколи вохӯрии корӣ иборат аз 5 банд ба имзо расид.
Дар доираи сафари корӣ мулоқоти ҳайати кормандони ҳизбӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов И. баргузор гардид. ҷаноби сафир ҳузури намояндагони салоҳиятдори ҳизбро дар ин давраи мушкил ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳизбӣ хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз муҳимтарин масъала дар ин самт таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ба афкори муҳоҷирони меҳнатӣ номида шуд. Изҳори нигаронӣ шуд, ки имрӯз дар фазои иттилоотии Россия холигӣ пайдо шуда, онро блогерҳо ва мухолифин бо маълумоти ғаразнок пурра мекунанд ва зеҳни муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорат гирифта мешавад. Ҳамин буд, ки чанде қабл гурӯҳи калони муҳоҷирони меҳнатӣ бе мувофиқа бо мақомоти шаҳрдорӣ, яъне ғайриқонунӣ кӯчаҳои шаҳрро банд карда, ба назди сафорат омаданд. Маълум гардид, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом неруҳои мухолиф ба афкори муҳоҷирон таъсири манфӣ расонида, сиёсати созандаи Ҳукумати кишварро нодуруст муаррифӣ менамоянд. Ин хатари воқеӣ ба амнияти иттилоотии кишвари мо мебошад. Таҳияи сиёсати хосаи иттилотӣ бисёр зарур дониста мешавад. Инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ (контрпропаганда) хеле зарур аст.
Рӯзи 16 апрели соли 2021 ҳайати корӣ аз қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия дидан намуданд. Қабулгоҳи мазкурро Мирзомуддинов Саидбек Идибекович аз соли 2014 роҳбарӣ мекунад. Кабулгоҳ дар ошёнаи дуюми бинои пазироии “Тоҷикистон” (Гостевой дом) ҷойгир буда, аз 2 ҳуҷраи барҳаво иборат аст.
То имрӯз корҳои зиёди амалӣ иҷро шуда бошанд ҳам, низоми дурусти роҳбарӣ ва механизми фаъолият ва иртиботи намояндагӣ бо дастгоҳи КИМ ҲХДТ вуҷуд надорад. Зимнан, тақвият бахшидани заминаи маблағгузории қабулгоҳ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Мавҷудияти қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар Федератсияи Россия дар шароити кунунӣ беш аз пеш муҳим буда, беҳтар намудани кори он дар минтақаҳо низ тақозои замон аст.
Инчунин, дар суҳбатҳои сарироҳӣ дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҳамватанон маълум шуд, ки воқеан аксарияти онҳо дар давраи паҳншавии бемории коронавирус бекор монда, қисми дигар зери таъсири идеологияи ифротӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани фаъолияти ҳизб дар хориҷӣ кишвар ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” ҳайати корӣ як қатор пешниҳодҳоро барои баррасӣ ва ҷораҷӯӣ ба дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ирсол намуд.

Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,
Душанбе-Москва-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: