Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳаёти ҳизб

Ҳаёти ҳизб

22-04-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаёти ҳизб
Душанбе –шаҳри сулҳу ваҳдат
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур чорабинии маърифатию фарҳангӣ зери унвони “Душанбе - шаҳри сулҳу ваҳдат” баргузор гардид.
Дар қисмати аввали чорабинӣ Ҳомидзода Н. – мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва чанд нафаридигар аз иштирокчиён зимни суханронӣзикр карданд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили бинандаро тасхир мекунад. Ин натиҷагирӣ, ки имрӯз Душанбе ба феҳрасти даҳшаҳри амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари трансмиллӣ гаштаааст, худ гувоҳи ободиву оромиии пойтахти кишвари мост.
Пас аз суханрониҳо қисмати фарҳангии ин ҳамоиш низ доир шуд, ки шогирдони мактабҳои шаҳр бо хондани шеъру суруд ва рақсу бозии хонандагон рӯҳияи иштирокчиёнро болида намуданд.

Барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикстон дар шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқа дар намуди баскетбол бахшида ба Рӯзи пойтахт миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилотиолии шаҳр дар толори муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии№5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” идома дорад.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт ҳузур доштанд.
Дастаҳое, ки соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм мегарданд бо диплом, медал ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикстон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Таҳияи нақшаҳои нав Ҳаёти ҳизб
Дар асоси дастуру супоришҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва мутобиқ ба нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синодар ташкилоти ибтидоии «Гидроэнергетика» ҷаласа доир шуд. Дар он Нуров М.- мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Замонзода М.-раиси ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021-ро баррасӣ намуда, оид ба тадбирҳои асосии барномаи фаъолияти ташкилот барои оянда изҳори назар карданд.
Дар маҷлиси умумӣ, аз ҷумла масъалаҳои таҳлили муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳлили шумораи онҳо, ҳаракати аъзо, қабул ва хориҷи аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳақи узвият, инчунин,барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор гирифт.
Дар охир, чанде аз аъзои фаъоли ҳизб бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ қадрдонӣ шуданд.
ВМБК

Дар фаъолияти семоҳа камбудиҳо низ буд
Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, дар толори калони Мақомоти иҷроияи вилоят баргузор гардид. Дар кори он,муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, аъзои раёсати марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, директори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода, раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонаботов Худобердӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, раисони калонтарин ташкилотҳои ҳизбӣ дар ВМКБ ва роҳбарони идораю муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст масъалаи «Пешниҳод ва розигии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ роҷеъ ба вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ интихоб намудани Раҷабова Зунайда Абдунасровна» ба тасдиқи аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ баррасӣ шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Рустам Фелалиев дар маърӯзаи ҳисоботӣ, аз ҷумла қайд намуд, ки то ба ин вақт дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 379 ташкилоти ибтидоӣ бо фарогирии 14792 нафар аъзо фаъолият карда, қабул ба сафи ҳизб 148 нафарро ташкил медиҳад.
Номбурда зикр кард, кификри мо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, ба шарафи ташкилёбии Рӯзи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии мустақари вилоят чорабинии «Дарҳои кушода» бо иштироки хонандагони синфҳои 11 ва рӯзи ҷашн бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ дастархони идона ороста шуд.
Дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи модарон ва Наврӯз ба маъюбон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд аз ҷониби ташкилотҳои ҳизбӣ кӯмаки моддӣ расонда шуд.
Беҳтарин муваффақияти кори мо дар як рӯз таъмин гардидани даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад.
Дар маҷлис доир ба камбудиҳо низ изҳори назар ва аз ҷумла зикр гардид, ки бар асоси супориши КИМ ҲХДТ мебоист дар тамоми кумитаҳо нақшаи обунаи яксола ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» таъмин мешуд, мутаассифона, дар баъзе ташкилотҳо ҳанӯз ин дастур ба иҷро нарасидааст.
Дар ҳисобот ба ин нукта ҳам таъкид гардид, ки ҳуҷҷатгузории баъзе Кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ талаботи имрӯзаро қонеъ гардонда наметавонад.
Дар муҳокимаи масъалаҳои мавриди баҳс собиқадори ҳизб Гулдаста Орумбекова, намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» Амин Улуғбеков, раиси Кумитаииҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ Атобек Субадоров сухан карданд
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни баромад арз дошт, ки соли 2021 соли таърихӣ буда, бузургтарин ҷашн барои миллат 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бояд бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил кунем.
Вазифаи ҳизбиён пеш аз ҳама, дар доираи матни пурмуҳтавои Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни мардум васею саҳеҳ пештару бештар ба роҳ гузорем.
Ғолибияти хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии кишвар, ғолибият дар ҷодаи варзиш ва дар як рӯз таъмин кардани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ аз шумораи муваффақияти мо мебошанд.
Дар ҷамъбасти маҷлис чанд тан аз собиқадорон бо мукофоти молӣ ва чанд тани дигар аз аъзои фаъол бо Ифтихорномаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ қадр шуданд.
Дар интиҳои маҷлис як гурӯҳ аз ҷавонони лоиқдар вазъияти тантанавӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуданд.

Хуросон
Ҳаёти ҳизб
Иқдоми ободонии ҳизбиён
Бар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, ҳар рӯзи шанбедар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявӣ чорабинӣ доир мешавад.
Ҳафтаи гузашта тибқиин нақша дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии фермерии «Асадулло» дар ҷамоати Ҳилолӣ корҳои ободонӣ, нарм намудани бехи ниҳолҳо ва аз алафҳои бегона тоза кардани боғи дарахтони мевадиҳанда оғоз шуда, баҳри иҷроиши нақша ин иқдом дар оянда низ бо маром идома пайдо мекунад.
Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҲХДТ вазифадор шудаанд, ки атрофи биноҳои худ, гулгаштҳо ва дар маҷмӯъ, тамоми кӯчаву маҳаллаҳоро бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо сарсабзу хуррам гардонанд.
Дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагию ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар додаанд, имрӯз барномаи амалиҳар фарди бонангуори кишвар гаштааст.
Суғд

Соли кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент соли ҷориро соли кор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ эълон кардаанд.
Дар ин замина, кормандони масъули Кумитаи иҷроия тибқи нақша ҳар ҳафта аз ташкилотҳои ибтидоии вобасташуда боздид намуда, барои тибқи Оиннома ва дастурамал ба роҳ мондани коргузорӣ, ташкили кори ҳизбӣ, таҳияи нақшаҳо ва дигар паҳлуҳои фаъолияташон маслиҳат медиҳанд. Аз ҷумла, чунин як боздид ва ёрии методии мудири шуъбаи омори кумитаи иҷроия Мастона Муродзода ба ташкилоти ибтидоии “Сомониён”-и литсеи касбӣ- техникии шаҳр ба беҳтар намудани коргузорӣ ва роҳандозии кори тарғиботӣ, афзудани сафи хоҳишмандони узвият ба ҳизб мусоидат намуд. Дар ин боздид боз шаш нафар устодон ва устоҳои литсей барои қабул ба сафи ҳизб ариза навиштанд.

«МХ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: