Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САЙЁФИ МИЗРОБ: ПЕШОРӮИ ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ МО НАБОЯД РАСМИВУ ХУСУСӢ, ДАВЛАТИВУ ҒАЙРИДАВЛАТӢ БОШЕМ...

САЙЁФИ МИЗРОБ: ПЕШОРӮИ ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ МО НАБОЯД РАСМИВУ ХУСУСӢ, ДАВЛАТИВУ ҒАЙРИДАВЛАТӢ БОШЕМ...

17-03-2021, 09:50
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
САЙЁФИ МИЗРОБ: ПЕШОРӮИ ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ МО НАБОЯД РАСМИВУ ХУСУСӢ, ДАВЛАТИВУ ҒАЙРИДАВЛАТӢ БОШЕМ...
ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Сайёфи Мизроб
(Достиев Сайфудин Мизробович)
Соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №6, ба номи А. Рӯдакӣ дар соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои 1984-1986 дар сафи Армия хизмат кардааст. Пас аз хатми сарбозӣ ба донишгоҳ баргашта, дар соли 1988 ба Донишгоҳи Давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) ба факултаи журналистика шомил шудааст. Дар соли 1991 факултаи мазкурро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Солҳои 1991-1992-хабарнигори ҳафтаномаи «Оинаи Зиндагӣ», 1992-1993-хабарнигори ҳафтавори «Тоҷикистон», 1993-1996-хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», 1996-1998 хабарнигори «Чархи Гардун», 1998-1999 сардабири ҳафтаномаи «Самар», 1999-2001-муовини аввали сардабири «Ҷавонони Тоҷикистон», 2001-2006-муассис ва директори генералии Маркази информатсионии «Хатлон-Пресс». Аз соли 2006 муассис ва директори генералии Оҷонсии иттилоотии «Хатлон-Пресс». Аз соли 2008-муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» ва аз соли 2013 муассиси ҳафтаномаи варзишии «ФутболVSСССР». Муассис ва сардабири 3 сайти интернетӣ: www.khatlonpress.tj: www.football.org.tj; www.cccp.tj
Муаллифи китобҳои «Муштҳои бедорӣ» (2012), «Сафаргуфтаҳои Маккавӣ» (2013), «Террори ғурур» (2015).
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба номи А.Лоҳутӣ (2012). Аълочии матбуот. Аълочии фарҳанг. Бо Ифтихорнома ва раҳматномаҳои Вазорати фарҳанг, ВКД ва дигар ниҳодҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.
Узви раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2016).
Узви Раёсати Шӯрои матбуоти Тоҷикистон-2018.
12.03.2012 дар Рӯзи 100-солагии матбуоти тоҷик аз тарафи Президенти ҶТ бо ҷоизаи давлатӣ-медали «Барои хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.


Дар замони муосир иттилоот ба яке аз аслиҳаҳои пуриқтидори таъсиррасонӣ ба мағзи инсон табдил ёфтааст. Агар дар гузаштаи начандон дур баҳсҳое ҷой доштанд, ки баъзе кишварҳои абарқудрати ҷаҳон иттилоотро ба ҳайси фишангҳои таъсиррасон ба сиёсати дохилии дигар кишварҳо истифода мебарад, имрӯз фаъолияти масмедиаҳои трансмиллӣ ба андозае тавсеа ёфтааст, ки ҳатто роҳбарони ҳамин давлатҳо пешорӯи онҳо хатар эҳсос мекунанд. Доир ба ин мавзӯъ ва чанд масъалаҳои дигар, ки ба фазои иттилоотии миллӣ алоқаманд аст, суҳбате доштем бо яке аз рӯзноманигорони варзидаи кишвар, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб. Назару андешаи мавсуфро доир ба мавзӯи фавқ манзури шумо хонандагони азиз мегардонем.
- Нахуст ташрифатонро ба ҳафтаномаи “Минбари халқ” хайрамақдам мегӯем. Хуб, лутфан бигӯед, ки дар замоне, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ дар баробари ба пешрафти ҷомеаи башарӣ манфиати зиёд доштан, ба яке аз хатарҳои замони муосир низ табдил ёфтааст, мо бояд ба хотири ҳифзи фазои иттилоотии худ чӣ иқдом бигирем?
- Аввалан, чун ҳамкасб ва нафаре, ки аз хони рӯзноманигорӣ рӯз мебарад, кормандони ҳафтаномаи “Минбари халқ”-ро бо сада, яъне расидан ба марзи 100000 нусха обуна шодбош мегӯям. Бовар кунед ин марра, ки фикр дорам набояд охири кор бошад, дар ҳамин шабу рӯз хеле заҳмат металабад. Воқеан сутуданист, ки ҳамакнун давлати мо низ метавонад назди дигар кишварҳо бо ин далел ифтихор карда тавонад, ки теъдоди рӯзномаҳояш аз 100-ҳо ҳазор убур мекунанд. Ва бигузор бадбинони шумо ин амалкардро таври худ талаққӣ кунанд. Зеро кори эшон “Дар шири сапед ҷустани қили сафед аст” ва ин тоифа ҳаргиз тағйир намеёбанд... Яъне муборак бар муборак аст, ки ҳалолатон бод.
Дуввум, агар рӯи таҳоҷуми идеологӣ ва ҷанги иттилоотӣ андеша кунем, ин падидаи наве нест. Як умр давлатҳо идеология доштанд, хатти маш доштанд, роҳу усули пешрафту пешбурди кор доштанд ва ҳатман душман низ доштанд! Хидмататон арз кунам, ки душманони иттилоотии ин давлатҳо басе хатарзотар аз душманони идеологӣ буданд. Фарзи мисол, агар дур наравем, Наполеон ҷаҳонро гирифт, миллионҳо нафарро кушт, садҳо ҳазор деҳу шаҳру қасабаро ба хоку хун яксон намуд. Коре, ки боз ҳам фарзи мисол, Чингизу Гитлер ё Мусолинӣ карда буд. Вале имрӯз кӣ аз Наполеон бо бадӣ ёд мекунад? Кӣ ӯро бо ин се тани хунхор дар як радиф қарор медиҳад? Ҳеҷ кас. Зеро ӯ газета дошт! Матбуот дошт! Журналистика дошт ва тавассути онҳо идеологияи хешро таблиғ менамуд. Кори таблиғу ташвиқи наполеонӣ то ҳадде буд, ки ӯро ҳатто русҳое, ки дар соли 1812 шикасташ доданду, пойтахташон-Москавро сӯхта буд, бештар аз императори хеш... эҳтиром мегузоштанд. Далел мехоҳед? Марҳамат: Инқилоби декабрӣ бар зидди императори рус. Буд? Буд! Инро таблиғу ташвиқ ва ҳамкорӣ бо журналистика мегӯянд.
Дар шароити кунунӣ бошад, хавфу хатари ҷанги иттилоотӣ боз ҳам бештар аст. Фарзи мисол, масали як тан дар майдони набард ҷанговар нест, ба таърих рафтааст. Зеро қаблан воқеан чунин набуд. Сакалтуҳои имрӯзаи бодовардаи евро-муллоҳоро намегӯям, ки аз журнализм, мантиқ, маънӣ, савод, дониш ва ҳатто дину мазҳаб, ҳамонгуна дуранд, ки дев аз Қуръон. Вале ёд доред, чанд сол пеш Мирзои Салимпур чӣ коре кард? Дар фазои иттилоотии мо озодона сайр мекард. Як нафар буд!!! ӯро метавон бад дид, сақат гуфт, дашном дод, вале ин ки ӯ ҳирфаӣ буд, инкор карда намешавад. Ва тақрибан тани танҳо кор мекард.
Фазои иттиллотие, ки имрӯз ҷаҳонро фарогир печидааст (инро чун нафаре мегӯям, ки ин оламро аз дохил меомӯхт), танҳову танҳо барои олами се, олами ислом, дақиқан барои коллапси мо офарида шудааст. Фаромӯш кардед, ки ҳамагӣ 10 сол пеш бузургтарин давлатҳои арабӣ чӣ зиндагонии фареҳ доштанду бепарвотарин мардумони олам буданду ҳамагӣ дар се моҳ Фейсбуку Твиттер бо онҳо чӣ кард? 650 ҳазор араб кушта шуд, тамомии давлатҳо варшикаста гаштанд, Давлати исломии номӣ, ки евро-муллоҳо тарафдораш ҳастанд, миллионҳо мусалмонро ғариб, муҳоҷир, маъюб, маслуқ ва номусалмон кард (даҳҳо ҳазор аз дин рӯ тофтанд, наъузамбиллоҳ)! Ва акнун бигӯед, ки боз дар кадомин мамлакати ғайримусалмонӣ чунин револютсияҳои чашмикаснадид доир шуд? Пас, ҳамин далел кофист, то бигӯем, ин расонабозӣ ва муллопарварии аврупоӣ танҳову танҳо зидди мардуми мусалмон аст. Акнун худ баҳо диҳед, ки дар олами зидди ислом чигуна евро-муллоҳои мо “шаҳди озодӣ” мечашанд?
Ин даъвати қатлу куштор, таъсиси ҷангу ҳарбҳо, куллан ба хотири ноором сохтани вазъи минтақа аст ва ин муллочаҳо инро нек медонанд. Дар ислом замоне прагматизм бар фанатизм (таассуб) ғолиб буд. Имрӯз ҳама баръакс шудааст. Ҳақорат, дашном, таҳқир, таҳвин... моли ҳалоли олами виртуалии евро-муллоҳои мост.
Шумо фикр накунед, дар Амрикову Аврупову Чину Мочин мардум ҳақорат намекунанд. Мекунад ва боз бо чи шаклу намуде!!! Аммо, чун Фейсбук, Твиттер, Гугл, ОК, Тик-топ, Вайбер, Ватсап, Имо ва куллияи хидматгузориҳои интернетӣ андозсупорандагони ину он давлатанд, ину он давлатҳо вожаҳоеро, ки навиштан, гуфтан, талаффузашон манъ аст, ба ин ниҳодҳо пешкаш кардаанд ва даҳони дашномдиҳандагон баста аст. Ҳамин гуна бархӯрд бо тӯҳмат, иттиҳом, паст задани даҳани душманони иттилоотии кишварҳои пешбар низ корбаст мегардад...
- Доир ба ин масъала чӣ далел доред?
Як мисоли хеле оддӣ меорам, ки дилхоҳ хонанда метавонад таҷриба кунад. Шумо ҳамагӣ 3-4 бор вожаҳои “генотсид армян”, “холокост”, “еврей” ва дар замони ахир Трампу Капитолийро истифода кунеду лайк гузоред, пагоҳ аккаунтатон баста мешаваду худатон ба феҳристи сиёҳи интернет медароед.
Дар мо бошад, чунин намекунанд. Зеро ҳанӯзам комилан дарк накардаанд, ҷанги иттилоотӣ чист! Воқеан ҳам, мо аз ангуштшумор давлатем, ки сарфу наҳв-грамматикаи ягонаи интернетӣ надорем. Зимнан наметавонем, вожаҳои таҳқирро блок гузорем!
- Бубинед, имрӯз дар Ғарб аз ҷониби аҳзобу ҳаракатҳои мамнӯъ, бо маблағи баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гурӯҳҳои радикалие созмон дода шудаанд, ки аз тариқи интернет ҳамарӯза зидди кишвари мо, зидди арзишҳои бунёдии миллати мо пайгирона ва ба таври густурда амал мекунанд. Мехоҳанд бо истифода аз технологияҳои интернетӣ андешаву афкори асримиёнагӣ ва маҳдуди ин гурӯҳҳоро ба мағзи ҷомеа таҳмил намоянд. Ба ин қавму қабила, ки манфиатҳои худро фарзи арзишҳои миллӣ мегузоранд, бояд чӣ гуна вокуниш нишон диҳем?
- Мутаассифона, иқболбиҳо аввали кор ҳам дар ин набард нестанд. Пандемия намешуд, баъд мо хатари воқеии ҷанги хабариро ҳис мекардем. Ман қаблан медонам, ки пандемия гузашт, суҳбати мо низ дигар мешавад.
Вале олами Ғарб ин ки бо мо душман шудааст, бояд мо аз онҳо ин эътирофро расман талаб кунем. Магар, фарзи мисол, мо як гурӯҳ террористони олмонӣ, сепаратистони ирландӣ, баскҳои ЭТА-ро дар Тоҷикистон мақар диҳем Олмон, Англия, Испания ба мо эътироз намекунанд? Ме-ку-нанд! Ҳарчанд мо ин корро намекунем. Зеро бо давлатҳои Аврупо дӯстем. Аммо чаро оппонентҳое, ки даъват ба ҷангу хунрезӣ дар Тоҷикистон доранд, дар ин қора на танҳо озодона фаолият, балки маблағгузорӣ низ мешаванд? Суол риторикист, ки сафирони Иттиҳоди Аврупо албатта ба он посух доранд.
Бовар кунед, ман зидди танқиди созанда ва журналистикаи ҳирфаӣ нестам. Бигзор танқиду таҳлил бошад, табсираҳои сиёсӣ бошанд, репортажу мақолаҳо нависанд, вале охир на дар ин шаклу ин мазмун. Айб аст. Барои ин “навтоҷикон” не. Барои Аврупо айб аст, ки чунинҳоро дар худ ғунҷонидааст. Ва ё шояд онҳо намедонанд, ки инҳо чӣ менависанду чӣ мепуканд? Бояд гуфтумонҳои ин псевдодемократҳоро тарҷума карду ба Бруссел дод. Даъвати Карлес Пучтемон – лидери Барселонаро, ки ба инқилоби хомӯш ва бе хун дар Испания мехонд, Аврупои расмӣ маҳкум намуд. Пас, чаро аз Тоҷикистон ду нафаре набошад, ки ин даъват ба инқилобҳоро тарҷума кунад? Боз дар ҳоле, ки то ҷое медонам, бархе аз ин “даъватгарон” дар Лондон, дар хабаргузории профессионалии ВВС кор мекунанд.
Мавзӯи дуввуми суолгузориатон, хеле ҷолиб аст, ки мутаассуф, ба фикри сирф фардии ман, тӯли 100 соли ахир, дар маҳдудаи то ва баъди пошхӯрди СССР сари он кам андеша кардаем. Дар ин самт мехоҳам фикри сирф фардии худро гӯям, ки метавонад 200% ғалат ҳам бошад. Вале фикр аст ва сари он бояд андешид:
- Русия мазҳаби калидӣ дорад? Дорад! Украина дорад? Дорад! Аврупову Амрико низ доранд! Ҳинд бо ин ки беш аз 500 религияи роиҷ дорад (religio аз дин фарқ дорад!), Ҷопон ва ҳатто Хитой, ки садҳо кеш доранд, мазҳаби калидӣ доранд. Дар Фаронса, соли 1572, ҳамагӣ 1 шаб, мазҳаби ғайрикалидӣ сари кор омад ва қариб ин давлат аз ҳам мерехт. Ин фоҷеа бо номи “Шаби Варфолемей” номист. Ҳоло гӯё фаронсавиён аз он шаб “шармгинанд”, вале он нуқс барои 500 сол бо мазҳаби калидӣ Парижро пойтахти оламиён намуд! Манзури ман на он мазҳаб аст, ки муллоҳо ба хотири тафриқа истифода мекунанд, балки ҳадаф аз мазҳаби таҳаммулпазири миллист, ки мағзи мардуми моро аз евро-муллоҳои ба дигар мазҳабу фирқаҳо фурӯхташуда ҳифз кунад.
Арманистон, мисли Исроил кишвари мономазҳабӣ ва мономиллист. Гурҷистон низ. Ман ҳоло аз давлатҳое суҳбат дорам, ки ба мо сахт шиносанд. Тоҷикистон низ бояд идеологияи калидӣ дошта бошад ва танҳо он гаҳ салафиву ваҳҳобиву, наҳзативу атеистҳои евро-муллоӣ бо мо баҳс карда наметавонанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки садри мазҳаби мо ТОҶИК аст!
Воқеан ҳам, хонандаи гиромӣ, дар ин ҷо, сари кишварҳое ҳарф задам, ки усулан ва аслан динӣ нестанд ва банда низ бар инам, ки мо ҳам бояд ба унвони як давлати дунявӣ дар роҳамон ҳамеша устувор бошем. Вале идеяи ягонаи миллӣ бо арзишҳои суннатӣ душмани №1 барои идеологияҳои бегона аст, ки аз он бояд ҳатман истифода кунем...
- Бале. Агар дуруст андеша кунем, аслан евро-муллоҳое, ки моро такфирӣ мехонанд, натанҳо ба дину оини миллии мо рахна, балки зарбаи мӯҳлик заданд ва воқеан ҳам мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки инҳо аз дину мазҳаби суннатии мо безоранд, ба хотири пул думболаи кадом як шайху охундро гирифтаанд. Исломи сиёсие, ки чеҳра надорад ва инҳо мехоҳанд ҷорӣ кунанд, ҳанӯз ба ягон кишвари ҷаҳон манфиат наовардааст. Балки дар ҷомеа тухми нифоқ, таассубу ҷаҳолатро мекорад. Мардум бояд дарк кунад, ки роҳи ягонаи рушд, ин роҳи илм ва маърифат аст... Хуб, бигӯед, ки ҷонибдорони афкору андешаи экстремистӣ, аз ҷумла аъзои наҳзат принсипҳои дунявии давлатдориро хилофи суннатҳои шариат мешуморанд. Оё паҳн шудани чунин андешаҳо ба ҷомеаи мо то кадом андоза хатар дорад?
-Мо шаттаи “мавъиза”-ву “мавъуд”-и ин тоифаро як маротиба хӯрдем. Пушти номи шариат нафароне пинҳон шудаанд, ки дурӯғ мегӯянд. Кадом шариат, кадом дин, кадом религия, ҳатто кадом равияи бутпарастии ҳинду мочину Чин дурӯғро ҳимоят кардааст?
Ман худамро нафари вораста медонам. Рафиқони ман ҳама насрониву яҳудиву католику мусалмону буддоиянд. Вале чигуна шуда, ки дар дили Аврупо истода, даъвои шариату мусалмонӣ мекунӣ, ман намефаҳмам! Пулу пайса зиёд аст ё ба таъбири Додоҷони Атовулло шаурма бепул? О, ин қадар даъвои шариат дорӣ, рав, фарзи мисол, Эрону Покистону Афғонистони ҳамзабонат, агар арабиро намедонӣ, ва даъвататро давом деҳ. Боз дар ҳоле, ки “Сухангӯи №1”-атонро дар ин ҷо қумандонҳо нағз мешиносанд...
Ҷамъияти мо бояд ин нуктаро дарк кунад, ки агар инҳо мусалмон як сӯ, осиёиянд, даъвои мазҳаб доранд, чаро зери салиби калисоҳои Аврупо мегарданд, мини-юбкаву пеши бари аврупоиёнро тамошо мекунанду даъват ба сатр доранд. Парадокс? Оре! Вале факт...
- Чанд рӯзи охир мо шоҳиди он будем, ки теъдоде аз дастпарварони ин гурӯҳҳо ба Шумо аз тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳуҷуми тарҳрезишударо ба роҳ монданд, бигӯед, ки онҳо аз фаъолияти Шумо чӣ хатаре эҳсос мекунанд?
-Агар Шумо ҳамон даюсаконро дар назар доред, ростӣ, на мехонам ва на сару коре дорам. Зеро дар тарбияти мазҳабии ман нест, ки бо даюс, нафаре, ки радди маъракаи мардист ва имону шарафашро фурӯхтааст, баҳс кунам. Вале чун ба ин кор даст задаанд, пас аз ман хатар не, эҳсоси ҳазар доранд. Зеро то ману моҳо ҳастем, ин бедонишон дасти тасаллут намеёбанд. Зеро мо то ҳастем, паҳлуи Ҳукумати дунявӣ қарор дорем. Зеро то мо ҳастем, аз манофеи миллати Тоҷик дифоъ мекунем.
Воқеан, дар бораи манофеи миллат. Чанде пеш Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳоди як нафар “олими забоншиносе”-ро роҷеъ ба унвонҳои ҳарбӣ ба Ҳукумат пешкаш намуд. Шояд ёд доред-гундсолору дигару дигар. Ин “олими тавоно” ҳамонест, ки дар интернет сари миллат ҷанги иттилоотӣ бардоштааст ва пайваста мегӯяд: “Миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад”, мазҳаби калидии моро қабул надорад, худро форс ё эронӣ мехонад ва ҳатто мавҷудияти Тоҷикро зери суол мекашад. Ин охундаке беш нест ва олимони Кумитаи забон ва истилоҳот чи гуна шуда, пешниҳоди охундҳоро дар вазоратҳои калидӣ матраҳ карданианд? Ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст?
Вале агар баргардем, сари наҳзат, дар ҷамъ ман ин ҳизбро ҳизби ҳақорат унвон кардаам. Бубинед, аввали кор, вақте ин ҳизб ҳатто бо давлати мо меҷангид, паҳлуи Нурӣ киҳо буданд:, Латифӣ, Абдуннабӣ Сатторов, Тоҳири Абдуҷаббор, Додоҷон Атовуллоев, Мирбобои Мирраҳим... Вале чун аз дарунмояи торики инҳо огаҳ шуданд, ғолбан ҷамъияташонро тарк карданд. Ҳоло бо Кабирӣ кист? Чанд тан бииқболу беиқбол...
- Имрӯз дар байни журналистони ҳирфаие, ки дар кишварҳои хориҷа зиндагӣ ва фаъолият доранд ҳастанд нафароне, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ алайҳи ин гурӯҳҳои мутаассиб мубориза баранд?
-Албатта ҳастанд! Додоҷони Атовулло, Саломиддин Мирзораҳматов, Саймуддин Дӯстов, Нури Наср, Фаридуни Раҳнавард, Исфандиёри Назар, Савфат Бурҳонов ва мисли ин... Инҳо Аврупо рафтаву воқеан ҳам тағйири мусбӣ кардаанд, бар касб, ҷаҳонбинӣ, профессионализм афзудаанд, на мисли муллоҳои Кабирӣ, ки ҳамон масали “Хари Исо агар ба Макка равад боз хар аст”-ро ёд меоранд.
Воқеан ҳам танҳо Атовуллоев ва Мирзораҳматов бо ин гурӯҳи ифротии фарт онгуна ҳарб кардаанд, ки ягон журналист дар дохили Тоҷикистон на кардаасту на мекунад. Ман маъзарат мехоҳам, вале агар хатари овезон сари давлат меистаду, адибону олимони мо, ки дар муҳимтарин ниҳодҳои калидӣ ба унвони иттифоқу академияҳо муттаҳид шудаанд, хомӯшанд ва пас ин амалкардашонро чӣ гуна метавон талаққӣ дод? Ё ба гуфтаи онҳо розиянд ё бетарафанд ва ё метарсанд. Дар ҳар се сурат, вазифаи ҷонии худро иҷро намекунанд... Айниву Бобоҷон Ғафурову Лоҳутиву Юсуфиву Турсунзода ягон бор ақибнишинӣ ва ё бетарафӣ накарда буданд. Онҳо дар ақибгоҳ меҷангиданд ва ҳатто ариза дода, Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд! Зеро медонистанд, чун аз имтиёзот ва лготҳои Ватан бархӯрдорӣ ё бо давлат бояд буд ва ё ....рафта, кори дигар кард. Ин ниҳод сирф идеологист ва сирф ҷангист-набарди иттилоотӣ дар назар аст. Бо ягон адибу олим, ба вижа раёсаташ, муносибати бад надорам, гузашта аз ин шеър наменависам ва ё олим ҳам нестам, ки бо ин табақа ноҷурӣ дошта бошам. Вале ҳақиқати ҳол ҳамин аст, ки ман гуфтам. Сахт намегӯям... Рост мегӯям!
-Имрӯз мавқеи мо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотии минтақа ва ҷаҳон аз кадом лиҳоз заъф дорад ва барои бартараф кардани онҳо мо бояд кадом чораҳоро андешем?
-Мо дар ин набард варшикастаем. Такрор мекунам, ҳоло ин ду се занаксифат чизе, касе, пашшае нестанд. Хатар дар пеш аст. Пружаҳои бузургеро, ки сари кишварҳои собиқи СССР тарҳрезӣ кардаанд (Украина, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, муттафиқини Русия), пандемияи коронавирус, ҳарчӣ, ки мавқуф гузошт. Аммо ин пандемия набояд моро ғафлатгир кунад. Вируси корона меравад-вируси иттилоотӣ меояд!
Имрӯз, ки ғарбиён сари пандемияи хеш дар мондаанд, мо интегратсияи журналистикаи тоҷикро бояд тақвият бахшем. Дар олами интернет, бо суръате, ки дар мо ҳаст, хеле вомондаем, вале мо метавонем роҳи дигари, фарзи мисол, Шведсияро пеш гирем. Дар Шведсия чун диданд, журналистика, радио, телевизион, интернет аз даст билкулл меравад, роҳи раҳоиро дар ДАСТГИРИИ ҲАМАТАРАФАИ МАТБУОТ диданд. Ба газетаҳо, журналҳо (хусусиву ҳизбиву расмӣ) субсидияҳо ҷудо карданд. Пул доданд. Харҷҳои типографиро аз ҳисоби давлат пӯшониданд. Обунаро ба роҳ монданд. Аз дӯсти шведиям сабаби ин тасмимро пурсидам, хандиду гуфт:
-Ҳар субҳ газетаҳои лондонӣ, немисӣ мехондему забону урфу ҳувият аз даст медодем. Ҳоло андаке пул додему швед шудем-газетаву журнали шведӣ мехонем, радиои шведӣ гӯш мекунем, андешаву афкорамон шведӣ шуд...
Имрӯз хушбахтона, обунаи расмӣ дар мо низ ҷоннок гаштааст. Вале дар ҳолати интегратсияи журналистика бояд матуботи шахсӣ низ ақаллан 30-40 дарсад дастгирӣ ёбад. Зеро газетаҳои хусусӣ дар тӯли даҳ соли охир исбот карданд, ки бо давлати тоҷиконанд ва аз миллати тоҷиканд.
Бо забони бисёр содаву фаҳмо гӯям-мо сӯи давлату ҳукумати марказӣ майл мекунем, вале то ҳанӯз бархе чиновникҳо дар симои мо душман мебинанд. Вале он рӯз дур нест, ки интегратсияи воқеии журналистикаи тоҷик дармерасад ва мо дар дилхоҳ набарду ҷанги шадиди иттилоотӣ, ки ногузир моро дар пешанд, пирӯз меоем. Мо Метавонем!
- Ҳафтаномаи “СССР” дар байни хонандагон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Ҳадафҳои калидии ҳафтанома чист ва шумо кадом арзишҳоро таблиғ мекунед.
-Ҳафтаномаи СССР, ки 13 сол қабл, дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, 09.09.08 рӯи чоп омад, воқеан ҳам падидаи нав буд. Мо баъди омӯзиши журналистика дар бузургтарин кишварҳои олам, хостем, як газетаи нав рӯи кор оварем ва ба фикрам муваффақ ҳам шудем. Мо хеле ба мардум бештар наздик гардидем ва агар касе газетаи моро хондааст, медонаду мебинад, ки дар ҳар шумора ҳадди ақалл 100-150 муаллиф, хонанда, журналист, олим, омӯзгор, табиб, нафақахӯр, талаба, донишҷӯ, таърихшинос ва ғайра матлабе нашр мекунад. Мо дарди дили мардумро менависем. Ва ин ки дар ҳар шумораи мо 50-60 матлаби танқидист, бори дигар собит месозад, ки дар Тоҷикистон озодии сухан ҳаст; то ҷое ҳаст, ки чун дар дигар кишварҳо қонун иҷозат ва кафолат медиҳад. Фарзи мисол, баъди воқеоти таърихӣ дар Капитолийи Амрико даҳони матбуоту журналистика баста шуд. Украина чанд расонаи русиро басту русҳо украиниро ва ғ. ва ҳ. Яъне озодии матбуот низ ҳадду ҳудуд дорад. Ба вежа дар Осиёи мусалмонӣ.
Ва чун дар бораи танқид сухан рафт, ҳамин дирӯз нафаре ба ман занг зад, ки болоравии нархи бензинро танқид кардам. Кори хуб кардам ё бад, зеро ман патриотам. Гуфтамаш ва ба тамомии хонандагони ҳафтаномаи сертирожтарини “Минбари Халқ” низ мегӯям:
-Танқид хуб аст! Зеро асоси журналистика танқид аст!!! Вале танқид бояд созанда бошад, на сӯзанда. Ва танқидро аз таҳқир бояд фарқ кард. А, барои фарқ кардани ин ду вожа бояд журналист буд, на евро-сафсатта-сиёсат-муллои чалласавод.
Ва аз ҳама охир; танқидро аз матбуоти даврии миллии худ, чун шведҳо, хонем, басо хубтар аз онест, ки аз матбуоти хориҷӣ дастрас созем.
Мо метавонем!
Мусоҳиб Б.Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: