Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

БОРОНИ ЁДҲО

16-03-2021, 16:58
Хабарро хонданд: 76 нафар
Назарҳо: 0
БОРОНИ ЁДҲО
Як даста гул аз боғи ёдҳои сабзи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Убайдуллои Раҷаб


Баҳор омад,
Равам аз ӯ бипурсам,
Ҷавонии маро дар раҳ надидаст?
Ин садои фораму дилнишини пур аз накҳати баҳорӣ аз қалби саршори муҳаббату самимияти ӯ бархоста, ба суроғи ҷавоние раҳсипор аст, ки онро дар роҳи хидмати мардуми азизаш сарф кардааст. Оре, ҳамон ҷавоние, ки бо шавқу шӯр ба ҳазорон қалбҳои ҷавонони саодатманди кишвари азизаш шодиву сур бахшидааст. Ҳамон ҷавоние, ки номи ӯро бо ҳарфҳои тиллоӣ дар қалби беқарори мардуми соҳибтамаддунаш ба абадият ҳакокӣ намудааст. Ҳамон ҷавоние, кибо забони поку рӯҳи шикастанопазир рӯзгори сабз андар сабзро бар гӯши ҷонаш мехонаду мехонад…
Борон намегирад қарор,
Якдам намехобад шамол.
Парвози вазнин мекунад,
Бо боли тар мурғи хаёл.

Дар воқеъ, боғи ҳунари ин ҳунарманди шинохта ва соҳибарҷу эҳтироми кишвар пур аз гулҳои ҳазорранг буда, хоса бинанда ва шунавандаи хушмандро мафтуни хеш менамояд. Ҳанӯз овони бачагии хешро устод дар як мусоҳибааш, ки бо банда тирамоҳи соли 1989 дар рӯзномаи пурэътибортарини он замон «Тоҷикистони советӣ» баргузор гардида буд, чунин ёдоварӣ намудааст. «Ноҳияи Данғара Кангурт ном деҳаи калоне дорад. Ин деҳа дар собиқ хеле обод буд. Падарам нақл мекард, ки дар қишлоқи мо замони то Инқилоби Октябр ҳашт мадрасаи мутавассита вуҷуд доштааст. Ва миёни мардум бо номи «Бухорои кӯчак» дар қаламрави Хатлонзамин хеле маъруфият доштааст. Дар ин деҳаи шаҳртабор ҳунармандони мардумӣ -ровиён, қиссагӯйҳо, гурғулихонҳо, фалаксароён ва муқаллидини зиёди мафҳилҳои шавқӣ дар тӯю маъракаҳои дилхушии мардум табъи онҳоро шод мегардониданд. Худи падарам ҳам ҳунари волои дуторнавозӣ дошта, таҳсилкардаи мадрасаҳои Самарқанду Бухоро буданд. Мо бачаҳои хурдсол аз шавқу муҳаббати зиёд ба ҳунари он устодони ҳунар тақлид намуда, таъби ҳаводорони худро болида месохтем. Ба ин амали шавқии мо бисёре аз калонсолон муқовимат намуда, маро сарзаниш низ мекарданд. Мо бошад, барои болидагии табъи мардум дар муқобили онҳо ин маҳфилҳои шавқиро пуршӯртар манзури мардум мегардонидем. Шояд ҳамин нахустин шарораҳои ҳунар бошад, қалби маро ором нагузошт ва дунболи ҳамин орзуҳои бачагӣ вориди саҳнаи ҳунар гардидам. Айнан, ҳамин гулҳои ҳазорранги боғи ҳунар ҳазорон ошиқони ганҷҳои пурбаҳои мадумиро атрофи ӯ ҷамъ овард ва охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта, бори нахуст номи пуршӯру пуровозаи ӯ ҳамчун ҳунарманд дар қалби ҳазорон мухлисонаш маскани хешро гузошт. Мактаби ҳунар ва маҳорати касбиаш оғози солҳои шастуми садаи гузашта,аз студияи ҳунари нақшофарии устодаш ҳунарманди шинохтаву овозадори қаламрави Шӯравӣ Ефим Исаевич Мительман оғоз гардида, нахустин саҳнаи ҳунар ва нақшҳои нахустинаш ҳамон замон аз истеъдоди фавқулода доштанаш ба мухлисон муждаи хешро додааст. Боғи сарсабзи ҳунари нақшофарини тоҷик бо бузургтарин ахтарони ҳунар Муҳаммадҷон Қосимов, Комил Ёрматов, София Тӯйбоева, Тӯҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов дар қаламрави собиқ Иттиҳоди фарҳангпарвари Шӯравӣ соҳиби арҷу эҳтироми хеле баланд буд. Ва дар ин боғи пурсамари ҳунар ранҷу заҳматҳои хеле зиёди Артисти халқии РСС Тоҷикистон яке аз шинохтатарин коргардонҳои театри касбии Шӯравӣ дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский Е.И.Мительман шоистаи арҷгузории бузург мебошад. Ин хирадманди санъати касбии театрӣ дар тарбияи касбии нақшофарони театри касбии тоҷик М. Қосимов, А. Бурҳонов, С. Тӯйбоева, Ҳ. Раҳматуллоев, М. Саидов, А. Сулаймонов, Т. Фозилова, Т. Ғаффорова, А. Хӯҷаев, Х. Назарова ва даҳо дигарон саҳми арзандаи хешро гузошта, бо талошҳои зиёди ӯ устодон М. Қосимов, А. Бурҳонов ва Т. Фозилова ба унвони пурифтихори Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардидаанд. Устод Убайдуллои Раҷаб, ки яке аз дастпарварони мактаби бузурги ҳунарманди касбии театр - студияи Ефим Исаевич Мительман мебошад, бо ифтихори зиёд аз ӯ ёдоварӣ намуда, ҳама муваффақиятҳои театри касбии тоҷикро аз заҳматҳои шабонарӯзии ӯ медонад. Рӯи саҳнаи ҳунар баромадан ва мардумро мафтуни ҳунари хеш гардонидан барои ҳунарманди асил корест басо сангину заҳматталаб. Бинобар таъбири Е.И. Мительман саҳна ҷои муқаддас буда, аз ҳунарманд садоқат ва муҳаббати самимӣ ба ҳунар доштанро талаб менамояд. Ин ҷо ҳақ ҷониби шоири лисон-ул-сайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ низ мебошад, ки фармуда:
Бингар ин шухӣ, ки ман бо халқ санъат кардаам.
Яъне саҳнаи ҳунар аз ҳунарманд истеъдод ва донишу маҳорати баландеро талаб менамояд, ки на ҳар нафар аз уҳдаи он баромада метавонад. Ҳунарманди асил ҳамон нафаре мебошад, ки ҳамеша дар такопӯ ва омӯзиши пайваста буда, аз расму суннатҳои мардумшиносӣ, фарҳанг ва фаросати мардумӣ, адабиёти шифоҳии мардум мебояд огоҳии қавӣ дошта бошад. Ва рӯйи саҳнаи ҳунар онеро манзури мардум мебояд гардонад, ки дархӯри замон бошад. На ба хотири масхара кардан ва ё вақтхушии нафароне чанд, балки ба хотири тарбияи фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа рӯи саҳнаи ҳунар он манзараро он гуна дар маърази тамошо гузорад, ки бо чашми хираду заковат нуру зиё бахшад. Донишманди маъруфи Эронитабори Фаронса Абулҳусайни Нӯшин дар китоби маъруфи худ «Сад соли тиётури Ирон» дар мавриди ҳунари нақшофарӣ ва ҳунарманд овардааст: «Ҳунарманд шахсияти шинохтаи мардумие мебошад, ки чун ғаввос аз қаъри уқёнуси маърифат дурдонаҳои пурарзишро ба берун оварда, онҳоро дар баҳои ҷони азизаш дар маърази тамошо мегузорад. Ва ҳар бинанда аз зарфияти дарк ва донишҳои азалиаш ба онҳо баҳо мегузорад. Яке ба сурат, яке ба сират, яке ба арзиши колояш ва яке ба торихи атиқааш. Пас ҳунарманди воқеӣ рӯи саҳнаи ҳунар дурдонаҳои пурбаҳои ҳунарашро манзури шефтагонаш гардонида, толори лабрези кафкӯбӣ ва ғарқи гулҳои муҳаббатро баландтарин арзиши колояш медонад».
Бе ҳеҷ истиҳола ва муболиға метавон гуфт, ки ҳар саҳнаи ҳунари устод Убайдуллои Раҷаб лабрези кафкӯбиҳои осмонкафи мухлисон будаву ҳаст.Агар ба таърихи адабиёти мардумиамон назар афканем шоҳиди ҳазорон қиссаву ривоят, ҳикояҳои латиф мегардем ва пеши ҳунари офарандагони он қиссаву ривоят ва ҳикояҳои пурлутфу намакин маҳву мот мешавем. Чӣ расад ба «Боғи дилкушо»-и Убайдуллоҳи Зоконӣ. Мактаби ҳунари устод Убайдуллои Раҷаб ҳамин гуна аз боғи шакаринмеваи лутфу латоифи мардумӣ баҳра бардошта, қаҳрамонҳояш мардуми заҳматқарини деҳ мебошанд. Аслан деҳаи Кангурт онгуна, ки худи устод мегӯяд бо мардуми касбу кори гуногун ва расму оинҳову суннатҳои зиёди мардумиаш аз замони бачагӣ диққати ӯро ба худ ҷалб намудааст. Дар намоишномаи «Нахи печида» манзараи «Шаробнӯшӣ»-и яке аз қаҳрамонҳо бо ҳаракатҳои пурасрори хоси худ диққати тамошобинонро хеле ҷалб намуда, ба намоишнома обуранги зиёди бадеӣ бахшидааст. Ҳамин манзараро устод мегӯяд, ки аз Кангурт овардааст. Яъне зиндагӣ ва рӯзгори мардум ҳамеша дар мадди назари ӯ буда, қаҳрамонҳои ҳама саҳнаҳояш одамони мушаххас ва шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун мебошанд, ки рӯи саҳнаи ҳунар мардум онҳоро мебинад. Бисёре аз ин қаҳрамонҳо ҳамчун тамошобин шабеҳаи худро мебинанду бовар надоранд, ки ҳунарманд ин лаҳзаи пуробруанги бадеиро маҳз аз мактаби онҳо гирифтааст. Матни асаре, ки аз ҷониби нависанда пешниҳоди ӯ мегардад, дар бисёре аз мавридҳо ба талаботи саҳна ҷавобгӯ нест. Зарурате пеш меояд, ки дар саҳна ба он тағйирот ворид намояд. Чунки талаботи саҳна ва дарки тамошобин аз хонанда ба кулли фарқ мекунад. Рӯи саҳнаи ҳунар он асар дигар моли нависанда нест. Он моли ҳунарманд буда маъруфияташ миёни мардум бо номи ҳунарманд пайвастагии зиёде дорад. Баъзан вақтҳо ғаразҷӯён ва «муфассирин»-и ин намоишномаҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд миёни ҳунарманду нависанда ва мардуми шабеҳи қаҳрамони саҳна низоъ ба миён биёранд, вале мардум бо шавқ мегӯянд, ки ин қаҳрамон ба онҳо монандие дорад вале на онҳост. Чунки истеъдод ва маҳорати баланди касбии ҳунарманд ба он қаҳрамони воқеӣ он гуна либоси шинаме пӯшонидааст, ки ӯро бовар намеояд, ки ӯ дорои ҳамин гуна маҳорату истеъдод бошад. Аксарияти қаҳрамонҳои саҳнаи ҳунари устод Убайдуллои Раҷаб шахсиятҳои воқеии рӯзгори мобуда, онҳоро дар ҳама манотиқи кишвар дидан имкон дорад. Чи дар Хуҷанд, чи дар Бадахшон ва чи дар Хатлону Ҳисори шодмон ҳама бошандагони кишвар дар миёни қаҳрамонҳои офаридаи ӯ одамони наздики худро мебинанд. Чунки манзараи рӯи саҳнаи ҳунар манзури тамошобинон гардонидаи ӯ дархӯри дардҳои ҷомеа буда, дар пешрафти рушди ҷомеаи фарҳангӣ дар ҳама манотиқи кишвар саҳми арзандаи хешро баробар мегузорад. Саҳнаи телевизионии «Эҷодкор» ки аз фаъолияти як шахсияти бисёр барҷастаи илму маърифат ва фарҳанг ба тамошобин манзур гардидааст, аз ҳаёти воқеии рӯзгори он гуна ашхос гирифта шудааст. Муроҷиати муаддабонаи ӯ ба модарарӯс ва зану фарзандва ҳама ашёи хона, ҳатто ба гурба он гуна самимӣ баромадааст, кикас аз чунин тарзи муносибат ва муроҷиати маддабона ба ӯ шефта мегардад. Вале такрори бемавқеъ ва эродҳои бемавқеъ хонаводаро на танҳо дилтанг менамояд, балки хастаҷону хастаҳолашон мекунад. Устод Убайдулло ин нақшро хеле самимона ва бо маҳорати баланди ҳунармандӣ рӯи саҳна овардааст, ки қаҳрамони воқеии ин саҳнаро водор месозад, ки паи ислоҳи камбудиҳои хеш гардад. Чунин саҳнаҳо дар эҷодиёти устод Убайдуллои Раҷаб охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта бо номҳои «Нотиқбой», «Алла», «Санъатшинос», «Десертатсия», «Фалокат», «Кошкӣ меомад», «Себфурӯш», «Хоб», «Фолклоршинос», «Духтар», «Кифоятулло», «Моҳигир», «Сардори мо», «Ду истеъдод» ва даҳои дигар рӯи саҳнаи телевизион манзури тамошобинон гардида, эътибори ҳунарманди мардумӣ буданашро миёни тамошобинон хеле зиёд гардонидааст. Ногуфта намонад, ки мардумшиносӣ ва расму суннатҳои қадимаи миллат барои ӯ суннати аҷдодӣ буда, ба хотири ҳамин ҳунар ва истеъдоди фавқулодааш бисёре аз чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди кишвар ба саҳнагузоридаи он чорабиниҳо мебошад. Соли 1987 намоишномаи мардумшиносии Наврӯзии «Ашагулон» бо сарпарастии фарҳангии ӯ дар ноҳияи (собиқ Қумсангир) ҳоло Ҷайҳун, ки ансамбли фолклорӣ - мардумшиносии «Дӯстӣ» дар онҷо фаъолият дошт рӯи саҳнаи ҳунар омада, дар фестивал – конкурси байналмилалии Ансамблҳои фолклориву этнографии кишварҳои кӯҳистон дар Полша (кишвари Лаҳистон) ширкат намуда, сазовори ҷои аввал ва соҳиби ҷоизаи «Табарчаи тилло» гардиданд.
Ҳамингуна устод Убайдуллои Раҷаб ҳамчун як ҳунарманди шинохта ва нотакрор даҳо чорабиниҳои муҳими фарҳангии кишварро рӯи саҳнаи ҳунар оварда, миёни мардум ва аҳли зиёи кишвар соҳиби арҷу эҳтироми хеле зиёд мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки барномаи саропо шавқрезу шавқхези театрикунонидаи театри «Оина» Наврӯзӣ садсолаҳо қиммати худро гум нахоҳад кард. Воқеият ин аст, ки баъди он намоишнома беш аз даҳ сол боз чунин намоишномаро касе аз бузургони ҳунар натавонистаанд, ки руи саҳна биёранд. Саҳнаи пурэъҷози ҳунари тоҷик зинҳор ҳунармандони саҳнаи ҳунари ҳаҷв ва мутоибаву базлагӯии тоҷик устодони зиндаёд Устоқадам Машрабов ва Мастибек Палаевро аз хотирҳо фаромӯш нахоҳанд кард. Ин чароғҳои раҳнамои дунёи ҳунар тӯли беш аз бист сол дар филармонияи давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ барои садсолаҳо хидмат намудаанд. Маҳз ҳамин Усто ва Масто аз нуқсу норасоии ҷомеа ва бар ҳадар будани андешаҳои ботини баъзе аз мансабдорони замонро рӯи саҳнаи ҳаҷв ва мутоиба хеле нишонрасу пуртаззод мавриди дидани мухлисон қарор медоданд. Вале бо таври фоҷеавӣ риштаи умри ин ду ҳунарманди дар воқеъ нотакрор (сивуҳашт сол боз ҷои онҳо холист) канда шуд. Аммо саҳнаи ҳунари ҳаҷв миёни мардум дар нашъунуму будаву ҳаст. Баъд аз ин муддате чанд ҳаҷву мутоибаҳои намакин қариб, ки ба фаромӯшӣ уфтода буд. Нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта номи ҳунарманди шинохтаи тоҷик устод Убайдуллои Раҷаб аз тариқи телевезиони тоҷик бо саҳнаҳои пурнамаки ҳаҷвӣ – мардумӣ тавонист, ки ин холигоҳро пур намояд. Набояд фаромуш кард, ки бо ибтикори коргардони шинохтаи телевизион Соҷида Ғуломова бо саҳнаҳои шакарини устод Убайдуллои Раҷаб он холигоҳ пур гардида, маъруфияти ӯ миёни тамошобинони телевизони тоҷик хеле зиёд гардид. Далели ин гуфтаҳо саҳнаи пуробуранги мардумии «Зангирии Чақабой», ки бо қалами ҳаҷвнигори шинохта М.Давлатов нигошта шудааст дар ҳамон лаҳзаҳое манзури тамошобинон гардид, ки ҷомеаи фарҳангии мардумсолорӣ ба он ниёз дошт. Баъзе аз кӯрдилони динзада, дини поки мубини исломро пешаи сердаромади худ қарор дода, лакнаҳои ҷонкоҳе бар бунёди ҷомеаи фарҳангии мардумсолор мезаданд. Ифшо намудани асрори макри ин тоифаи бешараф қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди дар воқеъ бофарҳангу ватандӯст буда, ин саҳнаи воқеан ҳам мардумӣ дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми бузурги хешро гузоштааст. Устод Убайдуллои Раҷаб маҳз бо ҳамин ҳунару истеъдоди баландаш дар қалби ҳазорон мухлисон маскан гузид. Ногуфта намонад, ки театри касбии ҳаҷву мутоибаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта соҳиби мавқеъ ва мақоми арзандае гардид, ки мисолашро ҳафтод соли Шӯравӣ ёд надошт. Театрҳои касбии хусусии шогирдони мактаби А. Райкин мисли Г. Хазанов, Е. Петросян, В. Винокур, М. Евдакимов ва даҳои дигар рӯи кор омаданд. Тоҷикистон, ки як узви пайкараи Иттиҳоди фарҳангпарвари Шӯравӣ буд аз ин талошҳо дар канор истода наметавонист. Солҳои 1986 устод Убайдулло низ мехост як театри ҳаҷву мутоибаи мардумии хешро таъсис намояд. Аҳли фарҳанги кишвар баъди мусоҳибаи устод Убайдуллои Раҷаб дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз ин иқдоми фарҳангии ӯ огоҳӣ ёфта, барои дастгирии ӯ андешаҳои зиёди хешро дар матбуоти даврӣ иброз намуданд. Аммо қудрату тавоноии мардум барои бунёди чунин як театри касбӣ намерасид. Давлатмардони кишвар бошанд он замон бо камоли майл ин пешниҳодро пазируфтанд. Гомҳои нахустин барои бунёди он театр аз ҷониби шаҳрдори шаҳри Душанбе дар ҳамон замон низ гузошта шуд. Вале марги ногаҳонии Иттиҳоди абарқудрати фарҳангсолору мардумпарвари Шӯравӣ ин ҳама ормонҳои миллиро ба боди фано дод. Баъди чанде аз сарсониву саргардонӣ мурғи бахт бар боми тоҷики кишваркушову фарҳангсолор нишаст. Сипаҳсолоре аз дудаи Сосон ва аз хонадони Сомон рӯи қудрати сиёсӣ омад. Бо матонату қаҳрамонӣ кишвари анқариб пора-пора гаштаро ҷамъ кард ва ба мардум муждаи сулҳу якпорчагӣ оварда, чароғҳои анқариб хомӯшгаштаи қалби мардумро нуру зиё бахшида, хишти аввали бинои муҳташами Тоҷикистони соҳибистиқлоли демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва башардӯстро гузошт. Ин хирадманди хориқулирода тӯли даҳ соли аввал зери шиори «Сиёсати дарҳои боз» беш аз як миллион гурезаи иҷбориро ба Ватан овард. Муҷримонро бахшид. Амнияту осудагиро дар тамоми қаламрави Тоҷикситони азиз барқарор намуд. Бо муҳаббат ва самимияти пок дар қалбҳои миллионҳо бошандагони кишвар тухми садоқат ва бародариро кошт, миёни ду бародари ориёитабори ҳамдину ҳамкеш ва ҳаммазҳабро, ки наздики сӣ сол дарҳои васлу висолашон баста буд боз намуд. Модари мушти пари тоҷику ӯзбек бо ашки шодӣ ва бо кафи пур аз дуо ба ӯ фотеҳаи саодатмандӣ доданд. Базму сурур дар саросари кишвар танинандоз гашт. Тамоми фарҳангиёни кишвар дар симои поки ӯ ғамхору ғамшарики хешро дарёфтанд. Ва бо садоқат ба номи поки Тоҷикистони азиз ва Роҳбари раиятпарвараш баҳри ободии он камари ҳиммат бастанд. Устод Убайдуллои Раҷаб низ аз ҳамон фарҳангиёни мардумие буд, ки паҳлуи Пешвои муаззами миллат бо дастгирӣ аз сиёсати фарҳангии ӯ пуштибонии ҳамаҷониба намуда, баҳри ободиву осудагӣ ва сулҳу якпорчагии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошт. Ҳамин хидматҳои ватанхоҳона ва дастгирии ҳамаҷонибаи ӯ аз сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ки Пешвои муаззами миллат ӯро бо нишони пурифтихори «Ситораи Президент» мукофотонидааст. Он орзуву ормонҳое, ки устод дар замони Иттиҳоди абарқудрати фарҳангпарвари Шӯравӣ дар перомуни таъсиси театри мардумии ҳаҷву мутоибаи Шарқ бо номи «Оина» доштанд бо ифтихори зиёд метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ин театр фаъолият намуда, намоишномаҳои зиёдеро манзури тамошобинон гардониданд.
Ҳамасола дар маросиму тантанаҳои мардумӣ, ки дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегарданд, устод Убайдулло барои пуробуранг гузаштани он тантанаҳо заҳмати зиёде мекашад. Барномаи театрикунонидааш бо иштироки театри «Оина» ва дигар театр–студияҳо ба он тантана ва ҷашнҳои миллӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшида ҳамагон ҳамеша дар он тантанаҳо рӯи саҳнаи ҳунар омадани ҳунармандони театри «Оина»-ро интизорӣ мекашанд. Яъне ҳунармандони театри «Оина» аллакай ҷойгоҳи хешро дар қалби ҳазорон мухлисон ёфтаанд. Имрӯз театри «Оина» оинаи рӯзгори имрӯзу фардои мост, кибо ҳазлҳои намакин камбудиҳои ҷомеаи моро барои расидан бар ҳадафҳои созандаи ҷомеаи башардӯстӣ мардумсолорӣ манзури мухлисони сершумор мегардонад.
Устод Убайдуллои Раҷаб, ки дар ин корзори ҳунар беш аз панҷоҳ сол боз заҳмат мекашад, тавониста, ки саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии насли ояндасози кишвар гузошта бошад. Мӯи сапеди ӯ нишони ранҷҳои ҷавониаш буда, ин сапеди арҷу эҳтироми умри пурбаракаташ бар нақшҳои эҷодкардааш мебошад. Он гуна, ки шоир фармуда:

Мӯи сапедро фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.


Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: