Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҷеъ ба як ҷасорати беҳамтои Бобоҷон Ғафуров

Роҷеъ ба як ҷасорати беҳамтои Бобоҷон Ғафуров

16-03-2021, 16:51
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Роҷеъ ба як ҷасорати беҳамтои Бобоҷон Ғафуров
Имрӯзҳо тақдими шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик идома дорад. Ин иқдоми наҷиб бешубҳа дар роҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардуми тоҷик саҳми босазо хоҳад гузошт. Воқеан, китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боарзиштарин, муътабартарин ва мондагортарин асарҳо барои миллати тоҷик ҳастанд. Устод Бобоҷон Ғафуров дар солҳои душвори 1946-1956 ҳамчун роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик хизматҳои шоистаеро ба сомон расонидааст. Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз хидматҳои ин абармарди дунёи сиёсат ёдоварӣ намоям.
Ҳисси баланди миллатдӯстӣ, ҷасорати беҳамто, масъулияти хеле бузург ба Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ҷони қариб 100 ҳазор нафарро аз ранҷу машаққатҳои бадарғагию зиндон ҳатто марг дар солҳои 50-и асри гузашта раҳо намояд.

Ин ҳодисаро олими машҳури тоҷик Аҳрор Мухторов дар китоби «Академик Бобоҷон Ғафуров» (Душанбе, 1998) ин тавр менависад:
«Боз як масъалаи барои Б.Ғафуров ва миллати мо ниҳоят душвору хавфнок он буд, ки солҳои 50-ум таъқибу ҳабскуниҳои солҳои 30-юм аз нав сар зад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказӣ барои тамоми Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи ба ҳабс гирифтани миқдори муайяни одамонро ба маҳалҳо фиристода буд. Воқеаҳои марбут ба ин фармонро Б.Ғафуров ба яке аз дӯстон ва ҳамкорони худ аз Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Москва, аъзои АУ ИҶШС Бонгард Левин, ҳангоми сафарашон ба Фаронса чунин иброз доштааст.
Аз рӯи нақшаи Москва мебоист дар ҳудуди Тоҷикистон 120 ҳазор одамро ҳабс ва бадарға намоем. Ин кори душвор ва иҷронашаванда буд. Ман аз куҷо дар ҳудуди хурди Тоҷикистон 120 ҳазор «душмани ҳукумат» пайдо карда метавонистам?
Азбаски план иҷро нашуда буд, маро ҳамроҳи раиси Кумитаи бехатарӣ ба Москва даъват намуданд. Он вақт аз Душанбе то Москва бо поезд сафар мекарданд. Мо дар меҳмонхонаи «Москва» сокин шудем. Он солҳо роҳбарият ва мо ҳам шабҳо кор мекардем. Ба раиси КБД гуфтам, ки дар меҳмонхона бошад ва ман танҳо ба назди Л.П.Берия меравам. Агар то соати 4 шаб барнагардам ту бояд гурезӣ, чунки ҳабс мекунанд.
Л.П.Берия маро бо қаҳру сарзаниш қабул намуда, суол дод, ки барои чӣ мо дар Тоҷикистон планро иҷро намекунем? Ғафуров ҷавоб мегӯяд: «Лаврентий Павлович, ҷумҳурии мо майда, одамаш кам аст. Агар 120 ҳазор одам ҳабс шавад, мо бо кӣ кор мекунем?».
Дар ҷавоб Берия мегӯяд, ки: Ба назди шеф (яъне И.В.Сталин) рафта ҳисобот деҳ!
Дар қабулгоҳи И.В. Сталин Поскребищев менишаст. Ӯ бо Ғафуров муносибати мӯътадил доштааст. Вале ин навбат Поскребищев рӯяшро ба тарафи тиреза гардонида, чунин вонамуд кардааст, ки гӯё Ғафуровро бори аввал мебинад. Ӯ ба И.В. Сталин аз омадани Ғафуров хабар медиҳад.
Саволи Сталин ҳам ҳамон суоли Берия буд. Ҷавоби Ғафуров такрор мешавад. Сталин савол мекунад, ки барои чӣ раиси КБД ҳамроҳ наомад? Ғафуров ҷавоб мегӯяд, ки ӯ бемор шудааст. И.В. Сталин бовар накарда, гуфтааст: «Не, ӯ тарсида, назди ман наомад!”. Сталин ҳам мисли Берия дашноми қабеҳ дода, ба Ғафуров мегӯяд: «Рав! Агар дар Тоҷикистон шӯрише сар занад, аввал туро мепарронам!”.
Воқеан, миллати мо бо нангу номуси тоҷик абармардоне дорад, ки фахри ин миллатанд. Рустами Достон, Шераки Далер, Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Аҳмадшо Масъуд аз ҷумлаи ин абармардон буда, дар сарнавишти миллати тамаддунофари тоҷик нақши басо ҳалкунанда бозидаанд.
Оре, ёд овардан аз кору пайкори бузургон дарси ибратест барои ояндагон.
Ҳотам Рабиев,
рӯзноманигор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: