Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ масълаҳои тақвияти хатсайрҳои сайёҳиро баррасӣ намуданд

Роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ масълаҳои тақвияти хатсайрҳои сайёҳиро баррасӣ намуданд

1-03-2021, 14:28
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ масълаҳои тақвияти хатсайрҳои сайёҳиро баррасӣ намудандСоли 2020 Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet», миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин нукта дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, зикр шуд.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Дастан Риспеков, муовини вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахет Ширимов, муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Азамов, Директори департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Шатманов ва роҳбарони ассотсиатсияву ташкилоти сайёҳии минтақа иштирок намуда, масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳиро бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, кишвари мо дар раддабандиҳои глобалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо карда истодааст.

Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли равон, аз ҷумла Форуми сайёҳии байналмилалӣ дар ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ, Форуми байналмилалии сайёҳии мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ барои устувории имиҷи сайёҳии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд. Аз ҷониби дигар, моҳияти баргузории чорабиниҳои мазкур дар тақвияти робитаҳои сайру сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа заминаи муосид фароҳам месозад.

Дар мулоқот зарфияти сайёҳии кишварҳо тариқи рӯнамо ба иштирокчиён муаррифӣ гардид.

Яке аз занҷираҳои муҳим, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад, ин боздид аз хатсайри Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ мебошад. Шаҳрҳои қадима ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ, ки дар ин масири таърихии машҳур воқеанд, шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Зикр шуд, ки айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ гардида истодаанд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим дидан намоянд.

Соли 2020 Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.

Масъулини мақомоти сайёҳии минтақа бори дигар хулоса бароварданд, ки дарвоқеъ дар асри ҷаҳонишавӣ ва пеш омадани зарурати ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи Осиё сайёҳӣ падидаи бисёр нодирест, ки миллатҳои гуногунро бо ҳам наздиктар месозад ва ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақа мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: