Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия

Муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия

23-04-2020, 09:33
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия
Коррупсия яке аз масъалаҳои душвору ҳалталаб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамагон хуб медонанд, ки коррупсия ҳамчун омили зишт рушди умумидавлатӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад ва бовариро аз давлат дур месозад, умедро ба оянда аз наврасону ҷавонон пароканда мегардонад. Агар таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дарк месозем, ки амалҳои коррупсионӣ тафаккури моро табоҳ сохтааст. Ин бузургтарин хатарест, ки мо бо он рӯ ба рӯ ҳастем. Тафаккур сармояи пурарзиштарини башар аст, агар он осеб бинад, соҳибаш ҳақиқат ва шарофату каромати хешро аз даст медиҳад. Яъне, фасод дар ниҳоят метавонад худшиносиро аз мо бигирад, зиндагиро ба шоми сияҳ мубаддал созад.
Чун ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ин зуҳуроти номатлубро ҳис намуда, барои пешгирӣ ва мубориза бурдан аз роҳи қонун 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба конвенсияи мазкур имзо гузошта, дар қатори бештар аз сад давлати дигар онро ба низоми ҳуқуқии худ ворид сохт. Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масусгардонидшуда таъсис дода шуд. Яъне замоне фаро расид, ки дар доираи қонун бо фасод мубориза барем ва дар ин росто, ба иқдомҳои ҷиддӣ даст бизанем.
Имрӯз коррупсия воқеан барои миллати мо таҳдиди ҷиддӣ аст. Он озодиҳои инсонро маҳдуд месозад, монеи роҳи рушди умумимиллӣ мегардад. Дар зиндагӣ ҳар амале аксуламал дорад. Нек кардӣ, некӣ мебинӣ, бад кардӣ ҳатман посухи бадиятро мегирӣ. Коррупсия низ аксуламал дорад. Чун бузургон гуфтаанд, ки «Ними нон роҳати ҷон». Шукри кишвари обод ва давлати соҳисбистиқлоли Тоҷикистон, ки мо дар он орому осуда зиндагӣ дорему бо ҷои кор ва маош таъминем. Бинобар ҳамин кулли шаҳрвандони моро зарур аст, аз меҳнати ҳалоли худ рӯз гузаронем, фарзанднро бо нони ҳалол ба воя расонем, дар тарбияи насли наврвс саҳмгузор бошем, то ки онҳо дар оянда ба корҳои зишту амалҳои номатлуб аз қабили гирифтани пора даст назананд. Баҳри решакан намудани коррупсия бояд аз ҳама имкониятҳо истифода кард ва барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тамоми саъю кӯшишро дар ҳама сатҳ ба кор барем.
Ба ин хотир дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №15- деҳаи Лухч, ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳа чорабинӣ оиди “Роҳҳои пешгирӣ ва решакан намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ” баргузор гардид. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба тарбия, Маҳмадназар Шарипов бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро шодбошу хайрамақдам гуфт.
Сипас, омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ Т. Азизов дар мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва ташаккули хусусиятҳои коррупсионӣ” маърӯза намуд. Мавсуф иброз дошт, ки пайдоиши коррупсия ба давраи таназзули ҷомеаи ибтидоӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои аввалин, яъне то даврае рафта мерасад, ки вазифаи идоракунии имкониятҳои фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Инчунин, хонандагон Қурбоншои Т., Аламшои Э., Идимоҳи Р., Сафияи С. ва Фирӯзи И., дар мавзӯъҳои “Таъсири коррупсия ба иқтисодиёт”, “Коррупсия ҳамчун монеа ба озодиҳои фарҳангӣ”, “Чораҳои зидди амалии коррупсия”, “Коррупсия ҳамчун ҳукуқвайронкунӣ” ва “Пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Дар хотимаи чорабини омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ зикр намуд, ки мо бояд дастаҷамъона бо ин амалӣ номатлуб ва зиёновар мубориза барем. Мо омӯзгорон бояд маърифати мардум ва хонандагонро дар ин самт баланд бардорем, то ки паст гардидани шиддати ин амали номатлуб имконпазир гардад. Аз омӯзгорон хоҳиш карда мешавад, ки дар дарсҳои тарбиявӣ ва дар чорабиниҳои пагоҳирӯзӣ, оиди гирифтани пеши роҳи ҳамагуна рафторҳои ба ҷамъият хавфнок суҳбатҳо гузаронанд, зеро наслҳои оянда дӯстдори Ватану миллат бошад. Дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд ва дар ободию пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Талабшо Азизов,
омӯзгори МТМУ № 15 н. Дарвоз,
Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, деҳаи Лухч

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: