Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қурбониёни “амри шавҳар” “Зани тоҷикро чӣ ба “Давлати исломӣ” бурд?”

Қурбониёни “амри шавҳар” “Зани тоҷикро чӣ ба “Давлати исломӣ” бурд?”

12-07-2019, 07:30
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Қурбониёни “амри шавҳар” “Зани тоҷикро чӣ ба “Давлати исломӣ” бурд?”
Акс аз Интернет


Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа минтақаи Ховари Миёнаи имрӯза ба хатари ҷиддии ифротгароӣ ба номи дин мувоҷеҳ гардидааст. Падидаҳое чун эстримизм ва терроризми хушунатомез, ки парчами исломхоҳиро низ баланд мебардорад, тавонистааст бар афкори бахше аз аъзоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад.
Тоҷикистон низ дар мубориза бо экстримизм ва терроризми хушунатомез ҳамеша пешсаф аст. Новобаста аз ин шаҳрвандони зиёде аз манотиқи гуногуни кишвардар солҳои қабл ба созмонҳои террористие чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аз ҳама таассуфовараш ин аст, ки дар миёни онҳо, занону духтарони тоҷик низ ҷо доранд.
Қурбониёни “амри шавҳар” “Зани тоҷикро чӣ ба “Давлати исломӣ” бурд?”
Юсуфӣ Музаффар Қурбон, корманди Прокуратураи Генералии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо мо гуфт, то охири соли 2018 зиёда аз 100 нафар занони тоҷик дар Сурияву Ироқ ба қайд гирифта шудаанд. «Баъзеи онҳо дар шароитҳои хеле сангине ба сар мебаранд. Чуноне чанд нафаре аз онҳо фурсат ёфта, бо мо дар тамос шуданд ва гиряву зорӣ мекарданд, ки мо ба онҳо кӯмак кунему аз асорати ДОИШиён халосашон кунем. Иддае аз онҳо аксҳояшонро мефиристонданд, ки ҳиҷоби сиёҳ дар тан ва хаставу пажмурда ба назармерасанд. Маълум аст, ки сахт пушаймонанд. Мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то охирин зани тоҷик, ки бо ҳар роҳу восита ба доми ифротгароён афтодаро ба ватан баргардонем. Мувофиқи баъзе иттилооте, ки мо аз худи занони тоҷики дар Сурия қарордошта ба даст овардем, чанд нафари ин занон баъди фавти шавҳарҳояшон дар ҷанг шавҳари дигар мекарданд.Ҳатто лаҳзае шудаст, ки баъд аз як ҳафтаи кушташудани шавҳари якум, шавҳари дуюм ва баъди дуюм сеюму чаҳорум низ кардаанд»- мегӯяд Юсуфӣ.
Ба суоли мо, ки ба фикри эшон чаро занҳои тоҷик ба ин гуруҳҳои ифротӣ пайвастанд, ин корманди Прокуратураи генералӣ чунин посухдод:
- Мувофиқи маълумоти дастрасшуда, бисёре аз занони тоҷик фиреб хӯрда, ба доми сарбозони ДОИШ дар Сурияву Ироқ меафтанд. Ваъдаи зиндагии беҳтару хубтар ва нодида гирифтани оромӣ дар ватан боис гардидааст, ки занони тоҷик ба Сурияву Ироқ раванд.
Масъулини Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки ин мавзӯро хеле ҷиддӣ баррасӣ кардаанд, дар ҷавоб ба саволи дар боло гузоштаи мо мавзӯро сӯи як масъалаи муҳим бурданд:
«Масъалаи аввалиндараҷа ин надоштани дониши кофии на танҳо динӣ, балки дунявӣ низ маҳсуб мешаванд. Дуюм, надонистани ҳуқуқи худашон. Аз мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки бештари занони тоҷике, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ба хотири итоат аз амру фармони шавҳарҳояшон, яъне надонистани ҳуқуқу озодии худашон сар задааст».
Қурбониёни “амри шавҳар” “Зани тоҷикро чӣ ба “Давлати исломӣ” бурд?” Акс аз Интернет
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии пайвастани занону духтарони тоҷик ба гуруҳҳои ифротиро ба пойбандбуданионҳоба афкориносолими диниву дунявии ҷомеа нисбат медиҳанд:
- Мушкил танҳо ифротии динӣ будан низ нест, мушкили асосӣ дар он он аст, ки худи чунин хонаводаҳо аз асли дин бехабар буда, танҳо кӯркурона амал мекунанд ва ин омил ба занони ин хонаводаҳо низ бетаъсир намондааст. Бароизанонитоҷик дар итоатишавҳарбудан, хелемуҳимаст, новобаста аз он ки дар чигунаҳолатенабошад. Бинобар ин,ҳангомешавҳарҳои ин зумразанон дар Сурияву Ироқ қарор доранду онҳро низ даъват мекунанд, «ба андешаи он кибояд аз гуфтаҳои шавҳар итоат кард» ин занон низ фарзандонашонро гирифта, ба назди шавҳарҳояшон мераванд, бехабар аз оқибати кор. Бештари заноне, ки ба пеши шавҳарояшон ба Сурияву Ироқ рафтаанд, дар оилаи динии мутаассиб калон шудаанд ва ба баъзе андешаҳои хурофотӣ сахт этиқодманданд. Аммо лаҳзаҳое низ шудаст, ки занони тоҷикро бо ваъдаи мавҷудбудани зиндагии шоиста ва хуб дар Сурияву Ироқ фиреб дода, даъват кардаанд ва ин гуна занони содалавҳ низ ба таъхир азми сафар намудаанд. Аммо ҳайратовараш ин аст, ки муофиқи баъзе маълумоти дастрасшуда, ҳатто лаҳзае шудаст, ки зани тоҷик дар он ҷо соҳиби 5-то фарзанд аз мардҳои гуногун гардидааст. Мувофиқи шариати Ислом зан бояд дар мотами шавҳараш на камтар аз 4 моҳ азодорӣ кунад. Аммо дар он ҷо ҳеҷ яке аз аҳкоми шариати Ислом амалӣ намегардад ва занҳо баъди фавти шавҳарҳояшон зуд ба шавҳар дода мешаванд, ки ба ягон шариати динӣ мувофиқ намеояд» гуфтанд ба мо дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Як масъалаи дигар низ дар ин мавзӯъ вуҷуд дорад: дар байнизанони ифротишуда духтароне низ ҳастанд, ки ҳанӯз шавҳар надоштанд. Пас онҳочӣ гуна шомили гуруҳи ДОИШ шудаанд?
Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфтанд, ки ин гуна духтаронро тариқи интернет бо гуфтани чанд “сухани ширин” сарбозони ДОИШ ва дигар тағриботчиёни эстримистҳо мафтун кардаву ҷалб кардаанд. Яъне истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ боиси раҳгум задании ҷавондухтарони тоҷик мешавад. Аммо вақте ки духтарони ҷавон надониста, ошиқи сухану лафзи ширини чунин ҷавонҳои инернетӣ мешаванд, бехабар аз оқибати бадаш ба пеши онҳо мераванд ва ҳаёти худашонро зери хатар меандозанд.
Тоҷикистон як соли пеш ба баргардонидани зану кӯдакони аъзоёни ДИИШ аз Ироқ сар кард. Шаби 30-юми апрели соли равон 84 кӯдаку навраси тоҷикро аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар он ҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Баит тилои расмӣ, феълан дарзиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд ва Ҳукумат ҳоло талош дорад барои бозгардонидани онҳо низ муваффақ шавад.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: