Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР ХОНАИ ОФТОБ

ДАР ХОНАИ ОФТОБ

25-09-2018, 08:54
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
ДАР ХОНАИ ОФТОБ
Кас агар табиати афсункорро дидан хоҳад, пас ӯ бояд ба Мурғоб сафар кунад. Чунин ст нахуст ушоҳидаи мо аз ин минтақаи дурдасти кишвари азизамон.
Мурғоб асрори аҷиби дигар дорад, ки ин дар баландӣ ҷойгир буданаш аст ва ба боду ҳавои он иртибот мегирад. Роҳ то маркази ноҳия ба баландӣ мебарад, аммо шумо бо душворӣ ба боло намебароед, балки муназзаму ноаён лаб - лаби дарё бехабар гӯиё ҳамвориҳоро паси сар менамоед. Баъди соатҳои ҳаракат ба фишорбаландӣ дучор шуда, эҳсос мекунед, ки воқеан дар баландиҳо қарор доред. Яъне, ин роҳҳо худ хати саёҳатанд, беихтиёр диққати мусофиронро табиати афсункор, олами ҳайвоноту наботот, гулу гиёҳҳои нодир, дарахтони гуногуни мевабаста ва обҳои мусаффои ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ ва Шуғнон диққати касро ба худ ҷалб мекунанд, хаёли ӯро ба манзараҳои дилфиреб мекашанд ва таассуроташро рангин мекунанд. Ба мафҳумҳои “Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффо”, “Сарзамини беназир”, “Кишвари биҳиштӣ”, “Мардуми самимӣ ва меҳнатқарин”, “Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ” ва ғайра бештар сарфаҳм меравед.
Сафари мо ба ин ноҳия дар ҳайати гурӯҳи таблиғотии ҳукуматӣ рӯзҳои 6-12 сентябри соли равон сурат гирифт.
Роҳбари гурӯҳ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо қуллаҳои кӯҳро нишон медиҳад, ки сафеду пурбарфанд. Онҳо лозурҳоянд. Дар як минтақа истода дар як вақт чанд фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Роҳро давом медиҳем. Қисматҳои роҳ бо иллати сангрезиш, боришоти зиёд дар мавсимҳои гуногун зери об мемонанд. Бо дидани чунин манзараҳо ба шигифт омада, суол мекунед, ки дар ин ҳолатҳо чӣ гуна равуои одамон таъмин мешавад? Баъдан, аз суҳбат бо ронандаҳо ва мардумони маҳаллӣ пай мебаред, ки ҳодиса доимӣ набуда, сари вақт роҳҳо тоза карда мешаванд ё зуд сатҳи об паст шуда, роҳҳо ба ҳолати муқаррарии худ бармегарданд. Дарёи Панҷ тезҷараён аст, дар баъзе ҷойҳо ҳатто мавҷи он ба роҳ мерасад. Бинобар ин, роҳи Мурғоб аз ҳар ронанда маҳорату диққати махсусро талаб мекунад.
Мурғоб ҳамчун ноҳияи баландкӯҳ ва назди марзӣ бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин ҳамсарҳад аст. Он аз маркази ҷумҳурӣ дар масофаи 835 километр воқеъ гардида, дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва Ҳиндукуш дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз ноҳияҳои баландкӯҳ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна мебошад. Ғайр аз ин, ноҳия аз назари ҳудуд ҳам калонтарин қисми шарқии мамлакат ба шумор рафта, 25 % ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Масоҳати ноҳия 38 442,2 ҳазор км2 -ро фаро мегирад.
ДАР ХОНАИ ОФТОБ
Аз маркази ноҳия шоҳроҳи байналмилалӣ мегузарад, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин мепайвандад. Мувофиқи иттилое, ки пайдо кардем, ин роҳ дар замонҳои қадим Шоҳроҳи бузурги абрешим ном дошт. Онро на танҳо тоҷирону ҳарбиён тай мекарданд, балки миссионерону зоирон низ аз ин роҳ гузар кардаанд. Бинобар ин, ширкатҳои сайёҳии ҳамсоякишварҳо Мурғобро беҳтарин минтақа барои оғози шиносоӣ бо Бадахшон меҳисобанд ва аз ин имконот ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳам ба хубӣ истифода мебаранд. Дар шаш ҷамоат ноҳия зиёда аз 17 ҳазор нафар сукунат доранд, ки аз ин шумора 2 ҳазор нафар тоҷик, боқӣ қирғиззабонҳо ҳастанд. Шуғли асосии аҳолӣ чорводорист, махсусан боду ҳавои он барои парвариши қутос ва бузу гӯсфанди кӯҳӣ мусоид аст.
Нозукии дигар он аст, ки кас дар як рӯзу ду рӯз ин ҳама муъҷизаву боигариҳои ноҳияро дида наметавонад. Бо чанд нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ҳамсуҳбат гаштем, аксарашон гуфтанд, ки аз як то ду ҳафта дар ин ҷо будаанд. Тасаввур кунед, ки аз Душанбе то Хоруғ 18 соат роҳ аст ва аз Хоруғ то маркази Мурғоб беш аз 6 соати дигар меравед. Ин роҳ бошад, ҳанӯз ҳам давомдор аст. Масалан, ҷамоати деҳоти Қаракӯл, ки аз дурдасттарин ҷамоат ба шумор меравад, аз маркази ноҳия дар масофаи 140 километр, дар баландии 4232 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.
Дар ҷамоати мазкур манзараи аз ҳама зебо, ин тамошои Қаракӯл аст. Қаракӯл кӯли калонтарин ва табиии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Масоҳаташ 380 км2 ва умқи он 238 метрро ташкил медиҳад. Он 33 км дарозӣ ва 23 км паҳноӣ дорад. Ҳарчанд ҳавои мавзеи Қаракӯл сард бошад ҳам, вале бо табиати дастнорас ва ҳифзшудаи худ зебост. Сохти кӯл боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар мобайни худ ҷазирае ба андозаи ҷамоате масоҳат дорад, ки бар зебоии он афзудааст. Аз ин рӯ, ҳамасола сайёҳони зиёд барои дидани зебоиҳои кӯл ба ин мавзеъ меоянд. Бино ба гуфти сайёҳони хориҷие, ки ба ин манотиқ по ниҳодаанд, онҳо барои ҳамешагӣ зебоиҳои дидаашонро аз ёд нахоҳанд баровард. Аз ҷумла, дар ин мавзеъ ҳамасола варзиши қаиқронӣ ва ё регата (вобаста ба самти бод ҳаракат дар болои кӯл) баргузор мегардад ва сайёҳони хориҷӣ дар он иштирок мекунанд.
Ба назари сокинон замистон оби кӯл ях баста, ғафсии он ба андозае мустаҳкам мегардад, ки мошин озодона, ба ҷазираи мобайни кӯл мераванд. Чорвои ноҳия ҳам барои пайдо кардани ғизо замистонро дар мавзеи мобайни кӯл сипарӣ мекунанд. Дар оянда фароҳам овардани инфрасохтори сайёҳӣ сафи сайёҳонро дар сатҳи байналмилаӣ афзун хоҳад кард.
Анъана ва расму русуми хосси мардуми ноҳияи Мурғоб аз дигар минтақаҳои вилоят фарқ дорад. Махсусан муносибати онҳо бо сайёҳони дохиливу хориҷӣ сода ва самимист. Тартиботи ҷамъиятиро риоя мекунанд ва нуфузи оқсақолҳо барои ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ таъсиргузоранд. Ҳамин аст, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия кам аст. Инро мо дар мулоқоту бо фаъолони 5 ҷамоати ноҳия мушоҳида кардем. Дар ин мулоқотҳо мо танҳо гӯянда набудем, балки шунаванда ҳам будем ва дар охири суҳбатҳо таклифу пешниҳодҳои онҳоро ҳам мешунидем. Масалан, дар ҷамоати Қаракӯл зимни вохӯрии Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди турзими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назрӣ Асадзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва банда намояндаи Радиои Тоҷикистон як нафар оқсақол дар охири мулоқот таклиф кард, ки хуб мебуд дар маркази ноҳия оянда барои истеҳсоли гӯшти қутос корхонаи гӯшт ба кор сар мекард. Ё як нафари дигар, ки собиқ корманди бахши алоқаи ноҳия будааст, бобати фарогирии мавҷи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар ҷамоати Қаракӯл ибрози назар кард. Ҳамчунин, дар ҷамоати Р. Бердибоеви ноҳия омӯзгори фанни математикаи МТМУ № 5 Абдулқодир Эркинбоев ба ҳамсафари дигари мо намояндаи нашрияи “Минбари халқ” Алиҷон Ҷӯраев пешниҳод кард, ки мехоҳад дар пойтахт “Маркази рушди зеҳнии кӯдакон”-ро аз фанни математика ба роҳ монад, барои таъсиси он масъулини маорифи кишвар хуб мешуд, ки мусоидат мекарданд. Номбурда заминаи таълимиро дар кишвари Чин ба даст оварда, мехоҳад, ки дар пойтахт ба 100 нафар омӯзгор аз саросари ҷумҳурӣ таълими онро ба роҳ монад. Ба гуфтаи ӯ 40 нафар шогирдоне, ки то ҳол тарбия намудааст, ҳисоби математикиро пеш аз шумориши компютерӣ ҳал карда метавонанд.
ДАР ХОНАИ ОФТОБ
Обу ҳавои Мурғоб мусаффову беғубор ва сарду хушк аст. Бо фарози қуллаҳо ва табиати зебои астрономияш, махсусан дар шаб осмони ноҳия ҳар бинандаро мафтун мекунад. Бо назардошти иқлими хос ҳоло дар ноҳия расадхонаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров амал мекунад. Расадхонаи мазкур дар баландии 4370 метр аз сатҳи баҳр дар деҳаи Шорбулоқ воқеъ буда, барои таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст. Пойгоҳи мазкур аз назари ҷойгиршавии иқлимӣ дар ҷаҳон ягона буда, натиҷаҳои илмии он дар ҷомеаи байналмилалии астрономӣ эътироф гардидааст. Ҳатто дар экспедитсияҳои олимони тоҷик намояндагони соҳа аз Украина, Молдова, Славения, Россия ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Бо назардошти натиҷаҳои муҳими илмӣ, як даҳа пеш ба расадхонаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти ахтаршиносони ҷаҳонӣ мақоми байналмилалӣ дода шудааст. Ба ин хотир ноҳияи Мурғобро хонаи офтоб ном мебаранд.
Ноҳия мавзеи мусоиди сайёҳӣ барои имрӯзу оянда аст. Аввалан, дар ин мавзеъ барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ фазо ва иқлими хуби табиӣ вуҷуд дорад. Коршиносон соҳаи сайёҳиро агар ба беш аз 30 бахш ҷудо кардаанд, мо аксарияти намудҳои сайёҳиро дар мамлакатамон ва махсусан дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб мушоҳида мекунем, ки метавонад дар оянда боз рушду ривоҷи дилхоҳ ёбанд. Аз ҷумла ҷаҳонгардӣ, тамошои ҷойҳои марғуб - кӯҳҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, шиносоӣ бо иқлим, расму одатҳои миллӣ, хӯрокҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ онро сайёҳии экзотикӣ (марғуб) номидаанд. Сайёҳии экологӣ (экотуризм), сайёҳии тандурустӣ - табобатӣ аз обҳои шифобахш, сайёҳии илмӣ барои ховаршиносон, таърихшиносон, забоншиносону адабиётшиносон, иқлимшиносон, яхшиносон, этнографҳо, қиёфашиносон (антропологҳо) ва дигар пажӯҳишгарон ниҳоят ҷолиб мебошад. Сайёҳии варзишӣ - кӯҳнавардӣ, қаиқсаворӣ дар обҳои кӯҳӣ ва ғайра.
Ба шарофати табиати нотакрору зебо Мурғоб яке аз ноҳияҳои ҷолиби сайёҳӣ эътироф гардидааст. Инро мо аз ҳузури сайёҳони гунонмиллат, ки аз ин ҷо боздид ба амал овардаанд, мушоҳида кардем. Ба ҳисоби миёна аз шоҳроҳи байналмилалии ноҳия ҳамарӯза наздики 30 нафар сайёҳи велосипедрони хориҷӣ мегузаранд ва сайёҳоне, ки аз автомобил истифода мекунанд, истисно аст.
Туризми кӯҳӣ бахши аз ҳама рушдёфтаи сайёҳии ноҳия аст. Дар қисмати ҷанубӣ – ғарбии ноҳия пойгоҳҳои сайёҳӣ ва лагерҳои тобистона ҷойгиранд. Дар подомани кӯҳҳо марказҳои кӯҳнавардӣ мавҷуданд. Сайёҳону кӯҳнавардон аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон барои баромадан ба қуллаҳои баланд ташриф меоранд.
Барои дӯстдорони шикор ширкатҳои сайёҳӣ дар хидмат аст. Мувофиқи маълумоти мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи Ҳокимити давлатии ноҳия Қаноатбек Колчокбаев барои сайёҳии шикорӣ ҷонварони нодири хоси минтақа ба мисли гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох, морхӯр ва бузи кӯҳӣ пешбинӣ шудааст. Ба хотири идомаи насли ҷонварони номбурда, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамасола саршумори чорвоҳо омӯхта шуда, барои шикор танҳо ҷинси наринаи калонсол муайян шудааст. Бар ивази мавблағҳои муайян, сайёҳ аввал иҷозатномаи кумитаро ба даст меоварад.
Ба гуфтаи номбурда, аз он ки худи қутос ба феҳристи ҳайвони нимваҳшӣ дохил мешавад, шумори нарқутосҳои калонсол ҳам барои шикор ворид шудааст. Инчунин, нарқутосҳои ҷавон аз синни хурдӣ, ҳамчун чорвои саворӣ ром шуда, барои хизматрасонӣ ба сайёҳон пешниҳод мешавад, аллакай, дар ҷамоати Аличур хатсайри “Қутостур” ташкил шудааст. Имсол дар мавзеи Мадяни ҷамоати Р. Бардибоев хатсайри “Асптур” ташкил шуда, барои сайёҳони дохилӣ шакли табобат бо усули шири навҷӯшидаи асп ба фаъолият оғоз кард. Инчунин, аввалин бор дар ҷамоати Рангкӯл хатсайри “Уштуртур” барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хоҳишманди дохилӣ ва хориҷиро ҷалб кардааст. Ғайр аз ин, дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои он ҳамасола дар мавсимаш бозиҳои маҳаллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он сайёҳони хориҷӣ натанҳо ба сифати тамошобин, балки ба ҳайси иштирокчиёни фаъол баромад карда, дар сурати ғолиб омадан аз тарафи ташкилкунандагон бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо боз хоҳиши дар ҳамин гуна чорабиниҳо иштирок карданро пайдо мекунанд.
Дар Мурғоб ҳамчунин, якчанд ҳудуди махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ҷойгиранд. Боғи миллии Тоҷикистон, ки 21 июни соли 2013 ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сифати объекти табиӣ ворид шудааст, мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» ва парваришгоҳи «Қаракӯл» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Имрӯз Боғи миллӣ ба маркази сайёҳии экологӣ табдил ёфтааст. Олами набототи ноҳия ғанист. Боғ макони зисти хирси малла ё қаҳваранг, бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло, қутос, бузҳои кӯҳӣ, ғози ҳиндӣ ва моҳиҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Баъдан меҳмонхонаҳои хурди хусусӣ (Guest house) барои таъмини ҳаматарафаи шароиту имконоти хидматрасонӣ дар ҷараён аст. Агар то соли 2018 дар ноҳия аз 18- то ин гуна меҳмонхонаҳо амал мекард, пас ин шумора дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” то ба 30 адад расидааст. Вобаста ба афзунии шумораи сайёҳон агар имрӯз дар маркази ноҳия ва ҳамчунин деҳоти он меҳмонхонаҳои зиёди шахсӣ дар хидмати сайёҳон қарор дошта бошанд ҳам, ҳанӯз кофӣ нестанд. Соҳибкорону тоҷиронро мебояд ба ин паҳлуи масъала эътибор диҳанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд сайёҳиро ба яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинон табдил диҳанд. Фақат корҳои таблиғотию ташвиқотиро васеъ ба роҳ мондан лозим мешавад. Минтақаҳои тамошобоби Қаракӯл, Рангкӯл ва Булункӯл ба таври ҳамеша дӯстдорони худро доранд.
Дар ҷаҳонгардӣ аз рӯйи завқ агар нафаре барои дидани меъмории қадима равад, дигаре ҷиҳати тамошои биноҳои замонавии баландтарину осорхонаҳои маъруф, вале сайёҳони мафтуни табиати кӯҳӣ, кӯлҳои зебо ва иқлими хос ҳатман аз Мурғоб дидан мекунанд.

Обидҷон Саидзода,
Душанбе-Мурғоб-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: