Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ишкошим-нигини Бадахшон

Ишкошим-нигини Бадахшон

24-09-2018, 09:43
Хабарро хонданд: 63 нафар
Назарҳо: 0
      Ишкошим-нигини Бадахшон
Ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шумори намояндагони мақомоти гуногуни давлатии кишвар гурӯҳҳои корӣ ба навоҳии ин вилоят равон карда шуданд. Аз ҷумла, ба ноҳияи Ишкошим гурӯҳи корӣ дар ҳайати Саодатшо Меҳробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибсултон Соҳибназарова, корманди илмии Институти демография ва иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азамат Дӯстов, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» сафарбар карда шуданд.
Ҳайати корӣ аз ҷамоатҳои деҳоти ин ноҳияи зебоманзар боздид намуда, бо сокинони маҳаллӣ оид ба сиёсати дохиливу хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳукумати кишвар суҳбатҳо дойир намуданд. Сокинон қаноатмандии худро аз бармномаву стратегияҳои давлатӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии шаҳрвандон равона шудаанд, изҳор намуда, ҷҳамчунин аз баъзе мушкилоти худ суханронӣ намуданд, ки рафъ сохтани онҳо идома дорад.
Ноҳияи Ишкошим минтақаи наздимарзии мамлакат буда, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 510 километр сарҳад дорад. Аз нуқтаи назари сайёҳӣ ва рекреатсионӣ Ишкошим минтақаи мусоид аст ва мавҷуд будани чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин ва Зонг ба рушди соҳаи туризм мусоидат ва ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи ватаниву хориҷӣ аз ин макони зебо дидан мекунанд. Аз нуқтаи назари тараққиёти соҳаи туризм ноҳия дорои тамоми имкониятҳои ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро дорост.
Замони соҳибистиқлоии кишвар барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо гардида, ҳаҷми буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2018 дар маҷмӯъ 27449564 сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 1995 27429156 сомонӣ ё 1034 маротиба зиёд аст.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин минтақаи кишвар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020» қабул гардида, дар асоси Барномаи мазкур дар ин давра аз худ намудани як қатор иқтидорҳои нав дар назар дошта шудааст. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 дар маҷмуъ 134 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи муайяни ҳангуфт баҳри иҷрои он сарф мегардад.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур сохтмони варзишгоҳ барои 4 ҳазор ҷойи нишаст дар маркази ноҳия бо сарфи 11774,0 сомонӣ, хонаи истиқоматии 24-ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф бо маблағи 6,7 миллион сомонӣ, мумфаршкунӣ ва чароғонкунии 5 километр роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 4 миллион сомонӣ оғоз гардида, айни замон идома дорад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитстон ҷиҳати таъмин намудани амнияти озуқаворӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инкишофи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, зиёд намудани саршумори чорво ва маҳсулоти он, ташкили боғҳои нав ва самаранокиис боғҳои мавҷуда диққати ҷиддӣ дода истодааст.
Баъд аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар давоми соли равон барои рушди минтақаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» байни се давлати ҳамсарҳад-Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷой гирифта, дар ояндаи наздик барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорату табодули молу маҳсулоту хидматрасонӣ миёни ин кишварҳои ҳаммарз хидмат хоҳад кард.
Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим зиёда аз 114 иншооту биноҳои таъиноти гуногун бо харҷи зиёда аз 98,5 миллион сомонӣ бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, сохта ба истифода дода шудани бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи милитсияи минтақавии води Вахон, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру азнавсозии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Р.Юсуфбеков, бозори наздисарҳадӣ, сохтмони гузаргоҳи гумрукӣ, манзилҳои истиқомативу нуқтаҳои хизматрасонӣ, хатҳои обгузар, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, таҷдиди таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии ба номи Н.Отамбеков, хатти интиқоли барқ бо зеристгоҳҳои 35-киловаттаи деҳаҳои Птуп-Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ баровардани зиёда аз 153 адад трансформаторҳо, зиёда аз 200 км хатҳои интиқоли барқи 35 кВт ва амсоли ин тадбирҳоро зикр намудан ҷойиз аст.
Дар ноҳия бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, кишоварзӣ, фарҳангу маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Сокинони маҳаллӣ асосан бо корҳои кишоварзӣ-истифодаи замин ва боғу токпарвариву чорводорӣ машғул буда, барои таъмини барномаи стратегии ҳукумати кишвар дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Дар вохӯриҳои дойиргардида, ки аз ҷониби ҳайати корӣ дар ҷамоатҳои гуногуни ин ноҳияи зебоманзар анҷом дода шуданд, сокинони он аз дастгирии бевоситаи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ободонӣ, рушди соҳаҳои мухталиф, амалӣ сохтани барнома ва ҳадафҳои стратегӣ дар самти раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки бисёр бандҳои он аллакай иҷро гардиданд ва табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ изҳор нуданд.
Азамат Дӯстов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: