Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дилбастагӣ ба бозиҳои компютерӣ беморӣ аст

Дилбастагӣ ба бозиҳои компютерӣ беморӣ аст

7-08-2018, 08:53
Хабарро хонданд: 71 нафар
Назарҳо: 0
Дилбастагӣ ба бозиҳои компютерӣ  беморӣ аст

Наздики ду моҳ мешавад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар таътили тобистонаанд. Аз ин рӯ, баъзе волидон фарзандони худро ба лагерҳои истироҳатии дохилу хориҷи кишвар мефиристонанд. Бархеи дигар фарзандонашонро ба забономӯзӣ ҷалб менамоянд, то ки рӯзи худро ба беҳудагардӣ нагузаронад. Аммо волидоне ҳастанд, ки нисбат ба тарбияи фарзанди худ бепарвоӣ зоҳир карда, ба онҳо диққат намедиҳанд. Парво надоранд, ки рӯзи дароз фарзандонашон дар куҷо мегарданду ба чи корҳо машғуланд. Аз ин рӯ, кӯдакони онҳо вақти зиёди худро дар марказҳои дилхушӣ бо бозиҳои компютериву интернетӣ мегузаронанд.
Падару модарон андеша намекунанд, ки бозии зиёд дар компютер ва дилбастагӣ ба бозӣ аз ҷиҳати равонӣ беморӣ ба ҳисоб рафта, ба инсон зарари бениҳоят калон мерасонад.
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа падару модароне низ ҳастанд, ки барои фарзандони худ компютер, ноутбуку телефонии мобилӣ харида додаанд, то ки писари онҳо бештари вақти худро дар назди компютр ё ин ки телефон гузаронаду, ба кӯча набароянд. Ҷигарбандӣ онҳо аз чунин рафтори волидон шод гардида, рӯзу шаб вақти қимати худро дар назди компютер ба бозӣ мегузаронад. Ин волидон андеша намекунанд, ки…
Имрӯз ин мушкилот тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурӯстӣ дилбастагӣ ба бозиҳои видео-компютериро расман ба рӯйхати бемориҳо ворид намуда, онро «парешонӣ»-ву «харобкорӣ» номидааст. Яъне, он дар рӯйхати 11 бемории таснифии байналмилалӣ дохил шуда, танҳо шурӯъ аз соли 2022 ҳукми қонунӣ пайдо мекунад. Чунин ҳолат дар сурате беморӣ ҳисобида мешавад, ки агар бозиҳо ба ҳаёти шахсӣ, кор ва ҳангоми омӯзиш дар мактабу донишгоҳу донишкадаҳо халал ворид сохта, мушкилотеро ба бор оварад. Дилбастагӣ ҳам аз бозиҳои онлайнӣ ва ҳам ягонаи компютерӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли 2018 зиёда аз 6000 ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро ба қайд гирифта аст, ки аз ин 1278 ҳолат дар вақти дарс дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани онҳо мебошад.
Мутахассисони соҳа бар он боваранд, ки дилбастагии зиёд ба бозӣ бо мунтазам ё давомнокии давраи бозиҳо, давомнокии вақти зиёди бозӣ ва бо як мушкили худро дур гирифтан аз он ба миён меояд, ки дар оняда «оқибатҳои нохуш» метавонад биёрад.
Чунин хатарро ба назар гирифта, моҳи марти соли равон Президенти Амрико Даналд Трамп бо намояндагони саноати бозӣ, конгресс ва аъзои созмонҳои волидон мулоқот намуд, ки дар он бештар мушкилоти зӯроварӣ дар бозиҳои видео-онлайнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари Қасри сафед ҳангоми мулоқот ба иштирокдорон саҳнаҳои фаҳшу куштор, беҳраҳмӣ ва дигар рафтори бадахлоқонаи инсониро дар бозии «Call of Duty: Modern Warfare 2» (Нидои вазифа: Садои ояндасоз), ки дар он террористон дар фурудгоҳи шаҳри Москваи Русия тирпарронӣ карда истодаанд ё саҳнаҳои куштор дар бозиҳои «Fallout 4 и Sniper Elite 4» (Фаластин 4 ва Снайпер 4)-ро намоиш дода гуфтааст: «Аз ин бозиҳо наврасону ҷавонон қатлу бераҳмиро зиёдтар меомӯзанд. Ҳисси бадбинӣ дар вуҷуди онҳо зиёдтар аз меҳрубониву дӯстдорӣ нисбат ба инсон камтар мегардад». Дар рафти вохӯрӣ Президенти Амрико аз таҳиягарони бозиҳо даъват кардааст, ки ҳангоми таҳияи чунин бозиҳо маҳдудиятҳои синну солиро мушаххас намоянд.
Аъзои ТУТ ва равоншинос Владимир Позняк дар мусоҳибаи худ ба нашрияи «New Scientist» қайд кардааст, ки дилбастагӣ ба бозӣ метавонад барои саломатии инсон, хусусан наврасон бениҳоят хатарнок бошад:
-Шахсони зиёде дилбастаи бозиҳои видеоӣ- компютериву интернетӣ мебошанд, аммо ҳанӯз гирифтори чунин беморӣ нашудаанд. Мисли аксар одамоне, ки машрубот истеъмол мекунанду ҳанӯз майзада нестанд. Бозиҳои компютерӣ низ мисли шароб оҳиста-оҳиста инсонро ба банди худ мекашад. Баъди чанд вақт ин қабил одамон мисли ин, ки майзада бидуни шароб наметавонад, ғуломи бозиҳои компютериву интернетӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳолатҳо ин метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад,-гуфтааст Позняк.
Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ вобаста ба мавзӯи мазкур чунин андеша дорад: «Дар ҳақиқат, бозии зиёд ҳам ба инсон зиён мерасонад. Вале бо меъёри муайян бозӣ намудан сабаби рушду инкишофи зеҳнии кӯдакону наврасон мегардад. Дар замони ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами бозии кӯдаконро бояд сохт. Кӯдакони тоҷик олами бозии худро надоранд. Онҳо ба бозӣ ниёз доранд. Масалан, бозиҳои даврони мо «Бозиҳои низомдори аҳамиятнок» буданд. Хубии ин бозиҳо дар он буд, ки дар шуури мо ҳифзу ҳимояи Ватан ҷой мегирифт. Яъне, ҳисси ватандӯстии моро дар он замон зиёд мекард. Имрӯз ҳамон бозиҳо муосиртар шуданд ба шакли контестрайк ва дигар бозиҳои парон-парони компютерӣ. Мутаассифона, имрӯз сиёсати нодурусти пешгирии ин намуд бозиҳо дар ҷомеа ба роҳ монда шудааст. Шумо тасаввур кунед, кӯдакону наврасон ниёз ба бозиҳои компютерӣ доранд, аммо калонсолон кӯшиш карда истодаанд, ки садди роҳашон шаванд, ки ин хатои мудҳиши стратегии миллии мо аст. Ба ин амал мехоҳанд кӯдаконро монанди калонсол тарбия намоянд, ки ин ғайриимкон аст, чунки кӯдак дар ин синну сол майл бештар ба бозӣ дорад ва танҳо дар майнаи сарашон андешаи бозӣ аст. Барои ин бояд марказҳои бозиҳои компютерӣ дар назди мактабҳо кушода шаванду зери назорати доимӣ бошанд ва дар соатҳои муайян гузошта шаванд. Набояд фаромӯш сохт, ки бозӣ ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳимояи Ватанро дар вуҷуди кӯдакону наврасон зиёд менамояд ва ҳамзамон муборизаи мутақобилаи онҳо байни равандҳои ҷаҳонишавӣ ва талаботи ҷаҳони имрӯз мебошад».
Имрӯз дар ҷаҳон шумораи шахсони дилбастаҳои бозиҳои видеоӣ- компютериву интернетӣ 0,2 фоизро ташкил медиҳад.
Олга Легкова - Роҳбари Ассотсиатсияи кумита ва иттиҳодияҳои волидайнҳо, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҳифзи оила ва анъанаву арзишҳои оилавии Шӯрои ҷамъиятии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Президенти Русия дар яке аз баромадҳои худ аз вакилони Думаи давлатӣ даъват ба амал овард, ки оид ба фурӯши бозиҳои компютерӣ ва бозичаҳое, ки "таҷовуз (агресия) ва шахсиятпасративу куштор" -ро тарбия мекунанд, маҳдудият ҷорӣ намоянд. Ба ақидаи ӯ ин намуд бозиҳо ба ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин намуди бозиҳо кӯдакону наврасон на меҳру муҳаббат, балки бадҷаҳливу рафтори бадро меомӯзанд.
Тавре ходими илмии пешбари пажуҳишгоҳи ҷомеашиносии Академияи улуми Русия Леонтий Бизов дар мусоҳиба бо хабаргузории “Газета.ru” изҳор намудааст, фарогир шудан ба бозиҳои компютерӣ, аз ҷумла бо кушторҳои зиёди қаҳрамонон, метавонад ба он оварда расонад, ки дар тафаккури бархе аз одамон ҳад миёни ҳаёти воқеӣ ва маҷозӣ гӯё рӯфта мешавад.
-Дилбастагӣ аз бозӣ-ин падидаи бисёр муҳим аст. Дар вақтҳои охир мо бештар ба кӯдаконе вомехӯрем, ки аз бозиҳои компютерӣ вобастагӣ доранд. Ин падида қисми осебпазири ҷомеа-кӯдаконро дар бар гирифта, ба зиндагии иҷтимоӣ ва саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад, - мегӯяд Кэтрин Моррисон аз донишгоҳи Калифорния.
Табибони сатҳи ҷаҳонӣ баъди тадқиқоти зиёди илмӣ ба хулосае омадаанд, ки рушди дилбастагии носолим аз бозиҳои компютерӣ кӯкадонро ба фарбеҳшавӣ, бехобӣ, кори номуътадили дилу раг оварда мерасонад.
Ба андешаи коршинос, дар қалби бархе аз дӯстдорони ашадӣ, маҳз бозиҳои компютерӣ манъкунии ботинӣ аз кушторро нест мекунанд. Ба назари онҳо чунин менамояд, ки ин танҳо бозист ва дар сатҳи дигар қаҳрамони куштаашон аз нав зинда мегардад. Ин мутахассис баён дошт, баъдан насли одамоне пайдо мешаванд, ки дар сатҳи фаҳмиши хеш бовар доранд, ки мабодо дар ҷое чизе ноҷо шуд, ислоҳи он осон хоҳад буд.
Чунин проблемаҳоро ба инобат гирифта, падару модарони азиз вақте ба фарзандонатон компютер ва телефони мобилӣ тақдим намуда, онро бо интернет пайваст мекунед, кӯдаконро бояд зери назорати ҷиддӣ бигиред, то ки компютеру телефонро оқилона ва дар соатҳои муайян истифода баранд. Кӯшиш ба харҷ диҳед, то писарони шумо ба бозиҳои компютериву интернетӣ дил набанданд, ки ин ба саломатӣ ва ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз зинаи аввал бояд ба онҳо истифодаи дурусти компютеру телефонро омӯзонд. Барои он ки агар насли калонсол бо телефони мобилӣ, ноутбуку компютер дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон истифодабарандаи онҳо кӯдакону наврасон мебошанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефони мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандонашон дар куҷоянд ва ба чӣ кор машғуланд. Огоҳ будан аз вазъи фарзандон хуб аст, вале организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Дигар ин ки аз меъёр зиёд истифода бурдани телефон ё компютер зарари зиёде дорад, зеро инсон дар иҳотаи мавҷҳои электронӣ қарор мегирад.
Шояд бисёриҳо бар ин назаранд, ки асри ХХI асри пешрафти техника ва технологияи муосир буда, даст кашидан аз телефони мобилӣ, ноутбук, компютер, планшет ва ғайра ғайриимкон аст. Даст кашидан зарурат надорад, аммо метавон компютеру интернетро ба корҳои манфиатдор ва дар соатҳои муайян истифода бурд. Ба монанди мутолиаи китобҳои илмиву бадеии нодир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кашидни тарҳу нақшаҳои сохтмони биноҳо ва айра. Боқӣ қазоват аз шумост.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: