Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чемпионати ҷаҳон

Чемпионати ҷаҳон

12-07-2018, 08:20
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Чемпионати ҷаҳон
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мунтазам ба нуқтаи интиҳоияш мерасад. Чанд рӯз мондааст, ки маълум бигардад-пештози футболи ҷаҳонӣ кист? Қаҳрамони феълӣ, Олмон, ки бозиаш дар Русия ғайриқаноатбахш буд ва ин тим ҳатто аз гурӯҳаш баромада натавонист, мақоми худро ба қаҳрамони навбатӣ месупорад, ки 14 июл маълум хоҳад шуд.
Вале худи Ҷоми Ҷаҳон саргузашти аҷиберо аз сар гузаронидааст, ки ҷолиб буда, суолҳои зиёдеро ба миён меорад. Масалан…оё ин Ҷом нусхаи аслист?
Дуздии пурсарусадотарин дар таърихи футбол
Кӣ Ҷоми Ҷаҳон оид ба футболро дуздид?
Чанд даҳсола қабл «муқаддасот»-и асосии варзишӣ ҷаҳонӣ ғайб зад. Маҳсуб мегардад, ки онро «об» карда, қисм-қисм фурӯхтанд. Аммо дар ин хусус шубҳаҳои зиёд мавҷуд ҳастанд…
Кӯшиши №1-нокомии фашистон.
Дар оғоз маълумоти то андозае дилгиркунанда, аммо заруриро меорем. Аввалин Ҷоми Ҷаҳон ҷоми ҳашткунҷае буд, ки олиҳаи юнонӣ Ника-рамзи Ғалабаро ифода мекард. Он аз нуқраи тиллокоришудаи пробаи 925 дар асоси санги қиматбаҳои лазурит сохта шуда буд, ки онро «Олиҳаи тиллоӣ» номиданд. Баландиаш 35 см, вазнаш 3,8 кг буд.
Ҷоми Ҷаҳон дар ҳақиқат хосияти сакралӣ («муқаддас») дорад. Маълум аст, ки миллатгароёни олмонӣ ба ҳар муқаддасот ё устураҳои таърихӣ рағбати бузург доштанд-онҳо Граали Муқаддас (ҷоме, ки Исои Масеҳ шаби охирини нишаст бо ҳаввориёнаш пеш аз қатл аз он шароб нӯшида буд), Шамбала (кишвари устуравӣ дар Тибет) ва амсоли ин намунаҳои сакралиро меҷустанд. Ва аҷиб мебуд, ки онҳо дар баробари Граал нияти ба даст овардани «Олиҳаи тиллоӣ»-ро дар дил намепарвариданд.
Роҳбари Федератсияи футболи Италия Отторино Барасси инро хуб дарк мекард. Охири солҳои 30-и қарни 20 кишвари ӯ қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон оид ба футбол. Аз ин сабаб Ҷоми Ҷаҳон дар Рим, дар хазинагоҳи бонки маҳаллӣ нигаҳ дошта мешуд. Барасси дарк мекард, ки Ника метавонад сайди натсистон гардад, аз ин сабаб ӯ аз хазинагоҳ ҷомро берун овард. Фашистон пайхас мебурданд, ки ҷом метавонад дар дасти Барасси бошад, аммо инро исбот карда натавонистанд. Онҳо на як бору ду бор манзили ӯро «чаппаву роста» карданд, аммо бенатиҷа. Хандаовар ин аст, ки Ҷоми Ҷаҳон ба қавле «таги биниашон» буд-Барасси онро дар мӯзаи куҳнае андохт, ки зери ҷойхоб (диван), таги пойҳо хоб рафта буд. Аммо фашистон онро наёфтанд. Ҳамин тавр Ника Ҷанги Дуввуми Ҷаҳониро паси сар кард.
Кӯшиши №2-чизе дорем, эҳтиёт намекунем
Аз он ҳодисаҳо 20 сол гузашт. Англия дар интизории чемпионати ҷаҳон, ки аввалин маротиба дар ватани футбол доир мешуд, ба қавле «нафас намекашид». Январи соли 1966 Никаро ба Лондон оварданд, то ки соҳиби навбатиашро пайдо кунад.
Охири зимистони ҳамон сол ҷомро ба намоишгоҳ, қасри Вестминстер-Холл бурданд. Назди он 4 пулис навбатдорӣ мекарданд, вале нигоҳ накарда ба ин…
Рӯзи якшанбе 20 март намоишгоҳ кор намекард ва кормандони пулисро ҷавоб доданд. Аз фурсати мусоид истифода бурда, ҷинояткорон тавассути «даромадгоҳи сиёҳ» ба толор даромаданд ва ҷомро рабуданд.
Дуздҳоро дошта натавонистанд. Ҳафтае баъд сокини Лондон Дэвид Корбетт бо саги худ бо лақаби Пиклз дар боғ сайругашт мекард. Нобаҳангом Пиклз тарафи анбуҳи алаф давид ва он ҷо бастаеро ёфт. Корбетт бастаро кушод ва шах шуд-ин Ника буд! Ва ӯ ҳамчун шаҳрванди тобеи қонун бозёфтро ба пулис бурд.
Кӯшиши №3-дуздӣ бо усули бразилӣ
Соли 1970 Бразилия қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба футбол шуд ва бо ин дастовардаш ба кишвар иҷозат дода шуд, ки Ҷоми Ҷаҳонро абадӣ соҳиб гардад. Никаро барои нигаҳдорӣ дар штаб-квартираи Конфедератсияи футболи Бразилия ҷой доданд. Шабҳо ин бойигарии асосии миллатро танҳо 1 посбон нигаҳдорӣ мекард. Шаби 20 декабри соли 1983 ҷинояткорон ба бино даромада, посбонро латукӯб карда бастанд ва ба ҳуҷраи роҳбари федератсия роҳ пайдо карда, сейфро кушоданд ва Олиҳаро бо худ бурданд.
Ин маротиба дуздонро боздошт ва маҳбасӣ карданд. Аммо Ҷом…Пулис эълон дошт-Никаро ба қисмҳо пора карданд ва фурӯхтанд. Вале ин аз рӯйи гуфтаи дуздон буд. Далелҳои дигаре, ки акнун Ҷом гӯё дигар вуҷуд надорад, то ҳол дастрас нестанд.
Маҳз барои ҳамин то ҳол бисёр шавқмандон тафтишоти худро пеш мебаранд ва дар ҳақиқат фарзияи расмӣ- гӯё пора карда фурӯхта шудани Ҷоми Ҷаҳон қаноатбахш нест. Ҷинояткорон хуб медонистанд, ки қимати Ника бамаротиб баландтар аз он аст, ки об ё қисман пора карда фурӯшанд. Вале кӣ дар натиҷа молики он шуд? Коршиносон исмҳои олигархҳо, шайхони арабро ба забон меоранд…Аммо ин танҳо гумонҳо аст. Вале ҷонибдорони назарияи барқасдона дуздида шудан ва пинҳон доштани Ника як фарзияи мавзун доранд, ки ин ҳодисаро аз сар то по тағйир медиҳад.
Нусхаи нусха?
Фарзия чунин аст: баъд аз оне, ки Никаро соли 1966 дар Лондон дуздиданд, англисҳо аз ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) барои сохтани нусхаи он иҷозат пурсиданд, то ин ки ба шаҳрвандону меҳмонон нишон диҳанд. Вале онҳо ҷавоби рад гирифтанд. Нигоҳ накарда ба ин, пинҳонӣ аз ФИФА устои заргари Ассотсиатсияи футболи Англия Ҷорҷ Берд аз биринҷии тиллокоришуда нусхаи Ҷоми Ҷаҳонро сохт. Дар бозии финалии чемпионати ҷаҳони соли 1966 пулис ҳар ду Ҷомро овард. Англисҳо дар финал ғалаба карданд ва ба капитани даста Бобби Мур Ҷоми аслӣ супурда шуд. Вале баъдан пулис онро ба нусха иваз кард. Фарқиятро касе нафаҳмид.
Тибқи қоида Ҷом то чемпионати дигар дар дасти ғолиб қарор мегирифт. Соли 1970 англисҳо маҷбур шуданд онро баргардонанд. Соли 1970 бразилиягиҳо қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон шуданд ва бояд Ҷомро абадӣ мегирифтанд. Назди ҳукуматдорони Англия суоли мураккаб пеш омад-Никаро аз даст диҳанд, ё ҷойи он дар ватани футбол аст? Зиёд фикр накарданд…ва ба ФИФА нусхаи он равон карда шуд.
Агар ба ин фарзия бовар кунем, Пеле маҳз ҳамин Никаи қалбакиро соли 1970 вақте ки Бразилия қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол шуд, болои сараш бардошт ва маҳз ҳамин Ҷоми қалбакиро ҷинояткорон соли 1983 аз бинои Конфедератсияи футболи Бразилия дуздиданд. Ва нусхаи аслӣ ин маротиба зери…ҷойгаҳи заргар Ҷорҷ Берд пинҳон карда шуд. Лабханди таърих…
Соли 1955 Берд вафот кард ва ворисонаш Никаро барои фурӯш ба ауксион (музояда) гузоштанд. Ва ҳайкалчаи биринҷие, ки тибқи назари расмии ФИФА қадри як ман гандум арзиш надорад, бо нархи 254500 фунти англисӣ фурӯхта шуд! Нархи дандоншикан, ҳамин тур не? Агар инро надонем, ки харидор…худи ФИФА буд, ки ақида дошт-ин Ҷоми аслӣ аст.
Албатта, баъд аз ауксион кормандони ФИФА эълон доштанд-ин танҳо нусхаи Ҷоми Ҷаҳон аст. Вале кӣ ба ин бовар мекунад? Чаҳоряк миллион фунтро барои 4 кило биринҷии бадбахт додан? На, дар ФИФА чунин аҳмақон кор намекунанд.
Дар омади гап, ҳоло ин ҷом дар осорхонаи футболи шаҳри Престони Англия маҳфуз аст. Агар гузоратон он ҷо афтад, ҳатман онро бинед. Албатта, агар ин нусхаи навбатӣ набошад-нусхаи аз Никаи дар ауксион харидоришуда. Ҷоми аслӣ бошад, дур аз чашми оммаи оддӣ ва ҷойи дастнорас нигаҳ дошта мешавад. Ин маротиба таҳти ҳифозати пурзӯр.
Фарзияи дигар-Олиҳаро олмониҳо пинҳон кардаанд?
Чи гуна дар боло қайд кардем, фашистони олмонӣ ҳанӯз замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз паси Ника шикор мекарданд. Вале бемуваффақият. Аммо баъд аз ҷанг олмониҳо ахиран Ҷоми Ҷаҳонро абадан соҳиб шуданд! Коршиносони англис Ҷим Линч ва Ҷо Койл, ки тафтишоти худро дар ин самт бурданд, ба ин боварии комил доранд.
Соли 1954 Олмон қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол гардид. Баъд аз ин Ника 4 сол дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон нигаҳдорӣ мешуд. Соли 1958, дар арафаи чемпионати навбатии ҷаҳон, немисҳо Ҷомро ба ФИФА баргардонданд. Аксбардор Ҷо Койл бодиққат Ҷоми Ҷаҳонро, ки ба ғолиби чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-дастаи Бразилия супурда мешуд, таҳқиқ кард. Ӯ боварии комил дорад-олмониҳо Ҷомро иваз кардаанд. Ба ақидаи Койл, қади Ника баландтар шуда, пояе, ки Олиҳа дар он қарор дорад, тағйир ёфтааст.
Олмониҳо Олиҳаро куҷо карданд? Посух ба ин суол ҳоло ҳам нест. Мумкин, Ҷоми Ҷаҳон дар ягон таҳхонаи Иттиҳоди футболи Германия нигаҳ дошта мешавад. Ва мумкин, агар ба конспирология гӯтта занем, Никаро ба Аргентина пойгоҳ ва нишемангоҳи баъдиҷангии натсистони олмонӣ бурдаанд ва ӯ ҳоло ҷевони наздибистарии муйсафедеро бо исми Адолф Ҳитлер, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баъд аз гӯштқимакунаки Ҷанги Дуввуми ҷаҳони Ватани дигари худро ёфт, зеб медиҳад. Чӣ, магар Шумо ин фарзияро ҳам нашунидаед?!
Ба ҳар ҳол, чизе ҳаст ё на, аслӣ будани Ҷомеро, ки қаҳрамони навбатии ҷаҳонро рӯзҳои наздик соҳиб мешавад, метавон зери шубҳа бурд…

Азамат Дустов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: