Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Туҳфа

6-03-2018, 11:52
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Туҳфа
Субҳи 8-уми март аз хоб хеста саросемавор ба бозор барои харидани гул ба ҳамсараму духтарам рафтам. Ман намегӯям, ки ҳавои баҳорӣ буд, чунки ҳаво хело сард буд. Вақте ки ба бозор даромадам, дар кунҷи бозор як сабади калон пур аз гулҳои баҳорӣ истода буд. Онҳо гулҳои Мимоза (гули абрешим) буда, бениҳоят зебо ва бӯйи хуше доштанд.
-Фурӯшанда кӣ ҳаст, -пурсидам ман.
- Писарам каме интизор шав, фурушанда дур нарафтааст, андак пас бармегардад,- зани сабзавотфуруши паҳлуи гулфуруш буда ҷавобам дод.
Маҳтали ҷавоб нашуда ба гӯшае рафта омадани гулфурушро интизор шудам. «Агар чунин гулҳои зеборо бурда ба зану духтарам ҳадя кунам, шояд хеле шод мешаванд».
Дар назди ман мӯйсафеди солхӯрдае аз хунӯки ларзида, барои харидани гул навбат меистод. Дар тан бороние дошт, ки хеле кӯҳнаю фарсуда ба назар мерасид ва ҳама ҷояш духтаву поргӣ карда буд. Чеҳрааш мисли чеҳраҳои мӯйсафедони солхӯрда менамуд, аз чашмонаш маълум буд, ки марди боматонату устувор ва боифтихор аст. Аз хунӯки дастонаш кабуд шуда буданд. Чунин ҳолатро дида, тани ман ҳам ба ларзидан даромад.
Аз намуди зоҳирии муйсафед маълум буд, ки ӯ майзада нест, аммо сатҳи пасти камбизоатӣ вайро ба чунин ҳолат оварда расондааст. Маълум буд, ки мӯйсафед аз чунин ҳолати пасти худ, яъне аз камбағалии худ ва либосҳои пӯшидааш аз мо шарм мекард.
Баъди интизорињои зиёд фурӯшанда ба назди сабади гулҳои худ омад. Мӯйсафед бо қадамҳои боҷуръатона ба назди гулфурӯш рафт. Ман ҳам ба назди вай омада, аз пушти мӯйсафед навбат истодам.
-Духтараки зебо, ҷони бобо як дона гули шумо чанд пул аст,-бо лабҳои ларзон пурсид мӯйсафед.
-Гум шав аз ин ҷо майзадаву камбағал, ба ин роҳ талбандагӣ кардан мехоҳӣ,-дод зада мегӯяд фурӯшанда тарафи мӯйсафед.
Духтарам ман майзада нестам ва умуман шароб наменӯшам, барои ман як дона гул медодед...
-Гул чанд пул меистад,-бо ҳалими пурсид ӯ.
Аз ин рафтори дурушти фурӯшандаи ҷавон, аз чашмони мӯйсафед ашк ҷорӣ шуд. Духтар бошад ба гиряи вай диққат надода, бо қаҳр гуфт:
-Ман меистам бо тул майзада ҳафту ҳашт карда, канӣ тез дафша аз ин ҷо.
-Духтарам, илтиҷо мекунам, бигӯед, ки як дона гули Мимоза чанд сум меистад. Баъд ин ки тарафи ман доду фиғон набардор,-бо мулоими гуфт мӯйсафед.
-Хуб, барои ту майзада панҷ сум як донааш,-бо тамасхур ҷавоб дод фурӯшанда ва хандаи бемаъние сӯйи мизоҷон кард.
Мӯйсафед бо дастони ларзон ҷайби худро кофта, аз дохили он 3 пули қоғазинро ёфта баровард.
-Духтарам се сум дорам, метавонед барои ман бо ин пули доштаам як дона гул пайдо намоед.
Ман ба чашмони мӯйсафед назар кардам ва ин қадар ғаму андӯҳ ва дардро дар дигар мардон то ба имрӯз надида будам. Мӯйсафеди бечора аз хунӯки дарақ-дарақ меларзид.
-Ба се сум гул барои ту майзада меёбам ха ха ха,- бо тамасхӯр ҷавоб дод фурӯшанда ва хам шуда дохили сабадро кофтан гирифт. Баъди кофтуковҳои зиёд фурӯшанда аз байни гулҳо, як гули нимҷонро бароварда ба мӯйсафед дароз кард. Ӯ дасти рости ларзони кабуди худро дароз карда, як дона гулро, ки он ҳам аз мобайн шикаста буд, гирифт. Мӯйсафед бо дасти чапаш гулро чунон нозукона дошт, то гул шикаста ба замин наафтад, аммо ними гул шикаста ба замин афтид. Аз ин мӯйсафед ғамгин гашта, нимаи гулро дар даст гирифта, гиряи зиёде кард.
-Ту чӣ кор карда истодаӣ? –ғазабона тарафи фурӯшанда гуфтам ва худро доштам, то ки ӯро шапоте назанам.
Эҳтимол дар чашмони ман, фурӯшанда чизе дид, ки рангу рӯяш парида ва дигар ҷавобе надоду дар ҷояш оромона нишаст.
-Ҳе ту зани беинсофу сангдил, сабади гулҳоят чанд пул меистанд, тезтар ҷавоб бидеҳ,-фарёд задам тарафи фурӯшанда.
-Э...е... ман...ман намедонам, -бо тарс ҷавоб дод ӯ.
-Ман охирин бор мепурсам, сабади гулҳоят чанд пул аст?
-Ба фикрам 500 сум,-гуфт фурӯшанда.
Чунин рафторро дида, мӯйсафед бо чашмони пур аз меҳраш то ба ман нигоҳ кард.
Пулро дар пеши пойи фурӯшанда партофта, гулҳоро аз сабад гирифта, ба дасти мӯйсафеди солхӯрда додам.
-Падарҷон ин гулҳоро гиред ва рафта ҳамсари худро ба рӯзи 8 март табрик кунед, -гуфтам ман.
Аз чашмони мӯйсафед ашк мисли борон беист мерехт ва рӯйи ӯро мешӯст. Вай нагирифтани гулҳоро бо ишора фаҳмонд, чунки аз гиряи зиёд сухан карда наметавонист. Гулҳоро аз дасти ман нагирифту гули шикастаи худро ба оғӯш кашид.
Гиряи мӯйсафедро дида, аз чашмони ман ҳам ашк рехтанро сар кард.
-Майлаш падар нахоҳед гирифтан биёед бо ҳам меравем ва дасти ӯро гирифта ба роҳ баромадем.
Ман гулҳои худро мебурдаму мӯйсафед гули нимҷони худро.
Дар ними роҳ ман мӯйсафедро маҷбур ба мағозае дароварда, як торт харида додам.
-Падар маро бо диққат гӯш кунед. Ман пули зиёд дорам, барои ман пул нақши асосиро намебозад, хусусан ин 500 сум. Лекин шумо ин гули нимҷону шикастаро бурда ба ҳамсаратон тӯҳфа кунед, хуб намешавад. Дар баробари ин имрӯз иди 8 март аст, рӯзи занону модарони меҳрубони мо. Шумо ин гулҳоро ҳамроҳи торт гирифта ба ҳамсаратон тӯҳфа кунед, ӯ аз ин хело шод мегардад. Мӯйсафед боз гиряро сар карда, қатраи ашконаш рафта дар борониаш мечакиданд ва лабонаш ба ларзидан даромаданд.
-Мо...мо...45 сол боз бо ҳам (ҳамсарам) зиндагӣ дорем. Ногоҳ ӯ бемор мешавад... Ман наметавонам вайро дар ин рӯзҳои вазнин танҳо гузорам. Махсусан, имрӯз. Ҳама сола рӯзи 8-уми март ман ба ӯ як даста ва ё як дона гул ҳадя мекунам. Барои ҳамин наметавонам имсол ҳам ӯро бе тӯҳфа гузорам,-оромона гуфт мӯйсафед ва баъдан минатдории зиёд кард.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: