Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1-03-2018, 08:34
Хабарро хонданд: 51 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз ҳамчунин дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.

Ҳамин тавр бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Инчунин қарор карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: