Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешниҳоди якумра президент эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон

Пешниҳоди якумра президент эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон

1-12-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 2790 нафар
Назарҳо: 2
Пешниҳоди якумра президент эълон кардани Эмомалӣ РаҳмонАрбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад.

Ба андешаи Насриддинов, ин пешниҳодро метавон ба лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузории сулҳ ва созиш - пешвои миллат» ворид намуд, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони парлумон таҳия шудааст.

Сиёсатмадор муътақид аст, ки имрӯз ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор ва сарвари давлат ҳеҷ алтернативаи дигари шоистаро дарёфт наметавон кард. «Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз расмиёти баргузориии маъракаи президентӣ раҳоӣ ёфта, воситаҳои пешбинишуда барои баргузории интихоботро сарфа месозад», - мегӯяд Насриддинов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр Ҳикматулло Насриддинов ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.

Ба андешаи сиёсатмадор, Эмомалӣ Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард, раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

«Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёре аз сиёсатмадорони ботаҷрибаи он замон раҳбарии кишварро ба дӯш гирифтан намехостанд ва Эмомалӣ Раҳмон барои ба дӯш гирифтани ин вазифаи пурмасъулият розӣ шуд ва изҳор дошт, ки «ман ба Тоҷикистон сулҳу созиш меорам», - гуфта буд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ. Насриддинов.

Номбурда бовар дорад, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар болоравии нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро инкор карда наметавонад.
©news.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: