Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рақсҳои мардона бо ҷилваҳои занона

Рақсҳои мардона бо ҷилваҳои занона

22-10-2017, 17:03
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
  Рақсҳои мардона бо ҷилваҳои занона
Рақс дар олами санъат яке аз офаридаҳои олии инсонӣ дониста мешавад. Санъати рақс таҷассумгари чеҳра ва таърихи миллат, расму русум ва дигар оинҳои мардумист. Он дар тўли қарнҳо аз ҷониби санъатварон ҳифз шуда, аз насл ба насл гузаштаву то ба имрўз омада расидааст.
Дар мусаввара ва сангнавиштаҳои қадима мебинем, ки санъати рақс ҳанўз аз давраҳои хеле қуҳан пайдо шудааст. Дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин ба монанди Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Истаравшан, Хўқанду Хўҷанд ва дигар шаҳрҳои кўҳанбунёд мактабҳои махсуси рақсӣ амал мекарданд. Рақосҳои соҳибҳунар бо ҳунару маҳорати худ на танҳо дар музофоти худ, балки берун аз ҳудуди он дар дигар мамлакатҳо овозадор гашта буданд ва шуҳрати рақси тоҷик ба Ҳинду Чин расида буд. Дар асрҳои VI-VIII аз Осиёи Марказӣ ба Чин ҳунармандон сафар карда, санъати рақсии худро ба мардуми ин кишвар нишон медоданд. Дар давраи ҳукмронии шаш сулолаи императорони Хитой (220—589), бахусус дар даврони императории сулолаи Тан санъати рақс ба авҷи аълояш расида буд ва дар Чин ба санъати рақси мардумии мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.
Олим ва санъатшиноси номвари тоҷик Низом Нурҷонов дар китоби худ «Олами беканори ракси точик (Бескрайний мир таджикского танца) навиштааст, ки «…дар он давра нуфузи рақси тоҷик хеле боло рафта буд, ҳатто гуруҳе аз раққосаҳо аз Уротеппаю Хўҷанд ва Самарқанд ба Чин даъват шуданд ва онҳо ба рақосаҳои дарбори император дарси ҳунар меомўзонданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар баъзе рақсҳои чинӣ мо ҳаракатҳои рақси тоҷикиро мебинем…»
Александ Иванович Просенко, яке аз хореографҳои машҳури Шўравӣ , дар китоби худ «Санъати рақси Тоҷикистон», (Танцевальное искусство Таджикистана) навишта буд: «Ман рақси мардуми Осиёро дар Туркманистон дидам, рақси зебо дар Ӯзбекистон ба назарам расид, аммо олитарин рақси Осиёиро дар Тоҷикистон дидам. Рақси тоҷикӣ паҳно надорад, гуногунмазмун аст».
Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ , «Бадоеъ-ул-вақоеъ»- и Зайниддид Маҳмуди Восифӣ ва дар дигар ашъори адибони классик мо борҳо тараннуми рақси форсӣ -тоҷикиро хондаем.
Балетмейстерҳои машҳури санъати рақсии тоҷик М. Файзбоев, А. Исломова, А. Просенко, Ғ. Валаматзода, Б. Гллейзовскол-ту, баъдтар А. Азимова, Х. Ҳакимов, Р. Баккал, З. Аминзода ва дигарон дар давоми солҳо номи миллати моро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштаанд.
Насли пештар дар ёд дорад ҳунару маҳорати ҳунармандони шинохтаи тоҷик, раққосаҳои мумтоз Ашўра Носирова, Азиза Азимова, Зуҳро Каримова, Элзара Ҳасанова, Гавҳар Мирҷумъаева, Малика Қаландарова, Савригул Қурбонова, Саида Файзалиеа, Зулайхо Рахимова, Садбарг Қосимова, ва Арафамох Давлатоваро, ки ҳунару маҳорати нотакрор доштанд. Зеботарин рақси кўлобиро мо дар иҷрои ҳунарманди асил Хайрӣ Ватанова дидаем.
Мутаассифона, тайи солҳои охир санъати рақс то андозае рў ба таназзул овардааст ва дар рақси имрўзаи тоҷик якрангӣ ва каммазмуниро эҳсос мекунем.

Чаро рақсҳои мазмундор қариб аз байн рафтаанд?
Бале, қабл аз ҳама мо таназзул ёфтани рақси муосири тоҷикро дар якрангии он мебинем. Бубинед, дар қисми зиёди консертҳои давлатӣ ба ҷуз сюитаҳои рақсӣ ва ё рақсҳои алоҳидаи гуруҳӣ мо қариб рақсҳои яккаро мушоҳида намекунем. Агар ин маъниро дигархелтар иброз намоем, имрўз дар ҷодаи санъати рақси якка ба ҷуз Хайринисо Ватанова, ки дар саҳнаҳо кам баромад мекунад. қариб, ки ситора надорем. Дуруст аст, ки айни ҳол раққосаҳои ҷавон ба монандӣ Малика Тоатова, Тахмина Валиева ва боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки ҳунару маҳорати хуб доранд, аммо санъати онҳо сайқал мехоҳад.
Алъон ҷои рақсҳои мазмундорро рақсҳои гуруҳӣ гирифтаанд. Дар гузашта рақсҳои зиёди мардонаи мазмундор буданд, ки барои роѓибони ин намуди санъат маъниеро нақл мекарданд ва бинанда аз дидани чунин рақсҳо ба худ мазмунеро мехонд. Рақсҳои «Шамшербозӣ », «Чупонбача», «Уқоб», «Аргушт бо дойра», «Сайри гули лола», «Ракс бо ѓиҷҷак», «Табақ», «Деҳқон» ва ѓайраҳо ҷолиб ва тамошобоб буданд. Ба назарам насли калонсол рақси «Чўпонбача»-ро ёд доранд. Аз гўшае чупонбача бо либосҳои шинами зебоӣ миллӣ , дар даст таёқи чупонӣ дар фазои садои дойра ба саҳна мебаромад ва дар пайи якказарбҳои кўтоҳи доира гўсфандонашро бо ишораи чиликаш ҳисоб мекард. Якбора авзои чўпонбача таѓйир меёфт, зеро як баррааш намерасид. Ҳаросон ба ҳар самт нигоҳ карда, барраашро меҷуст ва оқибат онро пайдо карда, дар фазои зарбҳои ҳархелаи доира хушҳолона мерақсид. Ин рақс хотирмон, дилчасп буд ва то кунун дар хотираҳо нақш бастааст.
Ба назар чунин мерасад, ки хореографҳо, басаҳнагузарандагони рақсҳои мазмундори мардона дар олами рақси тоҷик камҳавсала шудаанд. Мутасаддиёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин самти масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намекунанд. Кас аз он ҳайрон мешавад, ки дар ҷомеаи муосири мо санъатшиносону санъатварон хеле зиёданд, аммо ин паҳлуи санъати муосир ба гўшаи фаромушӣ рафтааст.
Гумон мекунам, ки дигар омили аз байн рафтани рақсҳои мазмундор, омўзиш ва тадриси нодурусти муҳассилини шуъбаҳои хореографӣ дар муассисоти таълимӣ мебошад. Аз дигар тараф,, мутасаддиёни соҳа наметавонанд аз фестивалу озмунҳои мусиқии дар ҷумҳуриямон баргузоршуда ҳунармандони ояндадору асилро интихоб кунанд.
Рақсҳои мардона занона шудаанд
Рақсҳои мардонаро мо метавонем ба ду гуруҳ ҷудо намоем: рақсҳое, ки неру, тавоноӣ ва қудрати мардро нишон медиҳанд. Чунин рақсҳо тарзи хоси иҷроиш доранд ва зимни рақсидан мард ба худ симои баҳодурона мегирад ва ҳаракати дасту панҷааш паҳлавонона мебошад. Масалан мо чунин ҳаракатҳоро дар рақси «Шамшербозӣ » бараъло мушоҳида мекунем.
Дигар намуди рақсҳои мардона тамсилӣ ва ҳаҷвӣ мебошанд. Рақсҳои тамсилӣ ва ҳаҷвӣ қариб, ки имрўз аз байн рафтаанд.
Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро рақсҳои мардона занона шудаанд. Агар дар маҷмўъ гирем, ҳануз аз давраҳои хеле куҳан дар байни мардуми шаҳрнишин рақсҳои мардона вуҷуд надоштанд. Барои мисол, дар аморати Бухоро дар гузашта мардон либоси занона пўшида мерақсиданд, зеро ислом иҷозат намедод, ки занон дар байни мардон рақсанд. Шояд яке аз сабабҳои рў ба таназзул овардани рақсҳои мардона ҳамин бошад. Зеро агар мард ҳамчун зан рақсад, оҳиста-оҳиста вуҷуди ў, ҳаракатҳояш, дасту панҷа, бадан ва имову ишорааш занона мегардад. Яъне, агар инро дигархелтар иброз намоем, раққос ба ҳамаи ин унс гирифта, дар назари ҳама чун зан рафтор мекунад. Аммо дар кўҳистон чунин набуд, мардон озод мерақсиданд. Ин аст, ки қисми зиёди рақсҳои мардонаи мазмундор аз зиндагиномаи музофотиён нақл мекунанд.
То ҷое ман медонам, иддае аз мардони тоҷик муқобили рақси мардонаанд ва намехоҳанд, ки мардон дар саҳна рақс намоянд. Аммо бояд иброз дошт, ки нест шудани рақси мардона на танҳо як шохаи санъати моро мешиканад, балки ба аҳли ҷомеа низ таъсири ниҳоят манфӣ дорад. Нигаред ба тўю маъракаҳое, ки барпо мешаванд, мардони мо чӣ гуна мерақсанд. Ҳаракатҳои онҳоро аз занон қариб, ки мо фарқ карда наметавонем, яъне чун зан мерақсанд, ҳатто занона қош парронда чашмак мезананд. Маъмултарин ҳаракатҳои рақсии мардон дар тўю маъракаҳо кифт ҷунбондан аст. Боре дар суҳбати санъатшиноси маъруфи тоҷик устод Низом Нурҷонов ширкат доштам ва аз ў суол кардам, ки кифт ҷунбондан марбут ба мард аст ва ё зан, ҷавобам дод, ки ин марбут ба зан аст. Ҳаракати кифт барҳам кашидан бошад, ба рақси мард зебоӣ мебахшад ва инро мо дар рақси помирӣ бараъло мушоҳида мекунем» ва аз рақсҳои мардуми Кавкоз мисолам овард.
Махлутшавии рақсҳои тўёна
Чуноне дар боло гуфтем, имрўз дар маъракаю тўйҳо рақсидани зумрае аз мардону занони мо мазмун надоранд. Агар дигархелтар гўем, ҳар кас мувофиқи таъб ва хоҳиши худ дасту пою бадан меҷунбонад. Дар рақси тўёнаи имрўзаи мо самимият нест. Ин ба монанди он аст, ки дар миёнаҳои асри 19 дар штати Арлианаи Амрико тиллоҷўён аз мамлакатҳаи гуногун омада буданд ва забони якдигарро намедонистанд. Ҳангоми дар хонаҳои майнўшӣ «кабаре» ва ё тарбхона нишастан ва ё зимни истироҳат карданашон гуруҳи навозандагон бо созҳои ҳархелаи мусиқӣ мувофиқи таъби худ новобаста ба оҳанг ва ритми мусиқӣ менавохтанд. Баъдтар чунин навозиш оҳиста-оҳиста як андоза ба равиш, вазн ва ритми мусиқӣ ҳамоҳангӣ пайдо кард ва дар олами санъат мусиқии ҷаз пайдо шуд. Аммо дар мо ба гумон аст, ки аз махлутшавии рақс санъати наве пайдо шавад…
Яке аз омилҳои асосии махлут шудани рақсҳои тўёна ба назари ман омезишёбии рақси миллии мо бо рақсҳои аврупоӣ мебошад. Бубинед, дар ҳаракатҳои рақсии махсусан ҷавонон дар базмҳои тўёна мо нишонаҳои рақсии аврупоиҳоро мебинем. Қисме аз ҷавонон бетартибона даст меҷунбонанд ва чун каргас аз як самт ба самти дигар болафшонӣ намуда медаванд.
Омили дигари махлутшавии рақс аз боѓчаҳои бачагона асос мегирад. Дар ин ҷо ба кўдакон мураббияҳои ѓайрикасбӣ дарси ҳунар меомўзонанд ва омўзиши онҳо ба талабот ҷавобгў нест.
Дуруст аст, ки мо алҳол дар давраи глобализацияи тамаддунҳои ҷаҳонӣ , омезишёбии маданияту маърифат қарор дорем, аммо ин маънии онро надорад, ки ҳар чизи даркору нодаркорро ба санъату маданияти худ қабул намоем.
Мутаассифона, дар иддае оилаҳои муосир низ масъалаи тарбияи мусиқӣ - маънавии кўдакон ба талабот ҷавобгў нест, бахусус модарон дар ин кор ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Аз хурдӣ ба кўдак дониставу надониста ҳаракатҳои бемаънии рақсӣ меомўзонанд.
Дар тамоми давлатҳои дунё, ки ҷомеаи дунявӣ доранд, ба тарбияи мусиқии кўдак диққати махсус медиҳанд ва ин тарбия барои фарзандон манзалати махсус дорад. Бисёре аз падарону модаронро медонам, ки барои солиму бардам инкишоф ёфтани ҷисми фарзандон, бахусус духтарон онҳоро ба гуруҳҳои махсуси рақсӣ медиҳанд.



Хотима
Дар хотима ҳаминро бояд иброз дорем, ки санъти рақси тоҷик хеле бою рангин ва зебо ҳаст. Мардумони минтақаҳои Тоҷикистон - Хатлону Бадахшон, Суѓду Қаротегин ва водиҳои Ҳисору Зарафшон ҳар яке намунаҳои рақсии худро доранд. Мо гуфтанӣ нестем, ки имрўз рақси тоҷик тамоман аз байн рафтааст, балқӣ ҳушдор доданием, ки алҳол дар ҷодаи зикргардида таназзулёбӣ ва махлутшавӣ ба назар мерасад.
Феълан, дар ҷумҳурии мо беҳтарин хореографҳо ба монандӣ Зебо Аминзода, Амон Мўсоев, Эмоми Раҳмониён, Мирзо Сатторов, Муҳаммадӣ Абдурасулов, Сафрон Ёдгорова ва дигарон ҳастанд ва қисме аз онҳо ба шогирдон дарси маҳорату ҳунар меомўзанд. Маҳсули меҳнати онҳоро борҳо дар барномаҳои консертӣ дар толорҳо ва тариқи телевизион дидаем, вале боз ҳамон «агар»…, агар имрўз рақсҳои алоҳидаи мардона, ки ифодагари матонат, далерӣ , паҳлавонӣ , ишқу муҳаббат ва дигар маъниҳои зиндагӣ ҳстанд, рўи саҳнаи тоҷик бисёртар мебаромаданд, ба андешаи мо барои ҷавонон ва наврасон намунаи ибрат мешуданд. Магар ин барои пешрафт ва рушди рақси тоҷик саҳмгузор намешавад? Албатта мешавад. Аммо дар паси мафҳумҳои «агар»-у «магар» маънии дигаре нуҳуфтааст, ки он «кошкӣ » ном дорад ва шоир беҳуда нагуфтааст:

Агарро бо магар тазвиҷ карданд,
Аз онҳо бачае шуд кошкӣ ном.

Ва мо эътимод бар оянда дорем…

Таѓоймурод Орифӣ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: