Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!

13-10-2017, 10:08
Хабарро хонданд: 89 нафар
Назарҳо: 0
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон!


ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Боз ҷашни Меҳргон омад. Ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дўстию рафоқату меҳр ба инсон омад. Ҷашни ҷамъоварии кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбор омад.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Махсусан ҷашни Наврўз бо кўшиши бевоситаи Сарвари давлат мақоми баланд ва арҷи арзанда дар кишвар пайдо кард ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Имрўз дар олам баробари дигар ҷашнҳо Наврўз низ бо шукӯҳу шаҳомоти хос доир гардида, асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардааст, балки ба он ҷузъиёти нав ворид гардидааст.

Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин чашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хоса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Дар воқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне ки онҳо ба чорподорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рўёнда, аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамон давраинаашон доир намуданд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора кардаанд:

«Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рўз сару либоси идонаи арғувонӣ мепўшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд» (www.prezident.tj 2011).

Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад ва инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: