Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Созандагӣ пояи Истиқлолият аст

Созандагӣ пояи Истиқлолият аст

12-10-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
Созандагӣ пояи Истиқлолият аст
Дар ноҳияи Деваштич баҳри таҳкими истиқлолият ва расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат дар соли ҷорӣ бахшида ба ҷашнҳои бузурги давлативу миллӣ як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун ва инфрасохторӣ мавриди сохтмон ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Мардуми меҳнатқарини ноҳия бо гирифтани илҳом аз кору иқдомҳои наҷиби бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободу зебо намудани диёри хеш саъю талош варзида, чун ҳамешагӣ корҳои таъмиру тармим ва сохтмониро идома дода истодаанд. Алалхусус бо дастгирии Ҳукумати кишвар мумфаршнамоии зиёда аз 11 километр роҳи мошингарди хусусияти маҳаллидошта аз шаҳраки Ғончӣ то Ҷамоати деҳоти Муҷун ва таъмири қисмати роҳи Ҷамоати деҳоти Муҷун то Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба роҳ монда шуд. Мавриди зикр аст, ки роҳи мазкур пайвандгари минтақаҳои болоии ноҳия, яъне 6 Ҷамоатҳои деҳот бо марказ буда, ҳамагон аз чунин дастгириву ободкорӣ изҳори миннатдории самимонаи хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат расонида истодаанд.
Созандагӣ пояи Истиқлолият аст
Инчунин бо маблағгузориҳои давлативу сармоя бо тарҳи замонавию шароитҳои мувофиқ бунёд гардидани марказҳои саломатии деҳоти Метк, Хуштоири Мухлон, Далёни Поён ва Хишекат, ки ҳар яке бо маблағи зиёда аз як миллиону дусад ҳазор сомонӣ сохта шуда истодаанд, хурсандиву нишоти мардумро аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар афзун намуда, ҳар як сокини деҳоти зикршуда аз диққати махсуси Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда истодаанд.
Ҳамзамон дар ноҳия корҳои бунёдкориву ободонӣ дар соҳаи маориф низ дар авҷ буда, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Далёни Боло, Метк, Офтобрӯй, Қалъаи Ҳоҷӣ ва Ҳабутак, бинои ошхонаи наздимактабии деҳоти Обиборик ва Метк, толори варзишӣ дар деҳаи Меҳробод ва бинои иловагии муассисаи томактабии рақами 1 нишонаву шаҳодати ғамхории Пешвои муаззами тоҷикон нисбати насли наврасу ҷавон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки чунин бунёдкориву созандагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Деваштич беш аз пеш роҳандозӣ гардида, сол ба сол тамоюли афзоишро ба худ касб намудааст. Алалхусус бо даҳҳо миллион сомонӣ маблағгузории давлатӣ бунёд шудани иншоотҳои дар даврони шӯравӣ банақшагирифташудаи таваллудхонаи маркази ноҳия, хатти оби Дахкатсой-Даҳанасой, корхонаҳои сементбарорӣ ва коркарди санги мармар аз чунин иқдому дастгириҳои беназири роҳбарияти кишвар нисбати сокинони ноҳия ба ҳисоб меравад.
Гуфтаҳои болоӣ тасдиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо нисбати як ноҳия буда, дар миқёси ҷумҳуриамон даҳҳо чунин шаҳру ноҳияҳо низ ободу зебо шуда истодаанд ва ҳар яки моро месазад ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо сиёсати дурандешонаю хирадмандонаро ҳамаҷиҳата ҷонибдорӣ намоем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифзу амин нигоҳ дорем, ба арзишҳои поки фарҳангиву миллии хеш арҷ гузорем, вазифаҳои конститутсионии хешро ба пуррагӣ иҷро намоем, инсондӯсту ватанпарвар бошем, ғаразҳои шахсиву гуруҳиро барҳам дода, манфиатҳои милливу давлатиро аз ҳама боло гузорем, ба Ватани азизамон ҳамчун ба Модари хеш хизмат намуда, дуои неки волидонамонро ҳамчун ғанимат қабул карда, дар тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ диҳем, зеро дар иморати бузурги истиқлолият хиште ниҳода шарафи бузург аст!

Рухшона Ҷӯраева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: