Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Моҳрӯ

6-07-2017, 16:20
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Моҳрӯ

Ҳама чиз дар олам амалу нақшеро дорост, ҳатто борон ҳам бо
садои нолаи худ соҳиби манзалатест… Яъне ман ҳам дар
зиндагонӣ нақше дорам, бо хаёл, бо орзуву омол, корҳои
бобарору бебарор ва бо ҳама хушбахтиву ғамгусориям…
Онҳо рангинанд, сангинанд, ширинанд…

Моҳрӯ духтаре буд резапайкар, сарвқомат ва чеҳраи сафеди зебое дошт. Мӯйҳои зардчарангаш тавъами рӯяш буданд. Баъзан бо қираи чашм ба сӯям нигоҳи маънидоронае мекард ва чун ҷонибаш нигоҳи ҷавобӣ медӯхтам, ноайён нигоҳашро аз ман мегурезонд. Чашмони зебо ва абрувони пайвастаи парвозиаш диққати дилхоҳи бинандаро ба худ ҷалб мекарданд. Лаҳзаи табассум карданаш ҳар ду бари рӯяш чуқуракҳое пайдо мешуданд ва лабони чун ақиқ сурхаш ғунчаосо кушода шуда, дандонҳои садафинаш реза ва ҷилодор ба назар мерасиданд. Ҳангоми сухан гуфтанаш ба назарам чунин мерасид, ки зери забонаш қанде дорад ва он ҳеҷ об намешавад. Аз ин даҳонам об гирифта, майли чашидани он шаҳдро мекардам.
Садояш ба назарам ғайриоддӣ менамуд. Дар овозаш оҳанги озурдагӣ ва хастагиро эҳсос мекардам. Аммо ҳамеша мекӯшид, ки худро ба атрофиён беғаму бепарво вонамуд созад. Ман пайваста эҳсос мекардам, ки дар ниҳонхонаи қалби ин духтар сирре ниҳон аст, вале онро пеши касе кушодан намехоҳад. Нигоҳу табассум ва чеҳраи андаке ғамнокаш маро ба ҳазору як фикру хаёл мебурд. Мехостам аз асрори нигоҳаш огоҳ шавам…
Дар коргоҳ кулли мардон ба ӯ таваҷҷӯҳ доштанд. Яке хушомадаш мегуфту дигаре чашмони харидоронаашро аз ӯ наканда оҳ-оҳкунон ҳавас мехӯрд. Гурӯҳи сеюм, ки ман ҳам шомили он гурӯҳ будам, зоҳиран дар назди Моҳрӯ бепарво буданд. Аммо аслан, ин тавр набуд. Онҳоро низ қаду баст ва зебогии духтар ба ҳаяҷон меовард.
Хулоса, Моҳрӯ мисли моҳи нави ҳақиқӣ ҷило менамуд ва атрофро мунаввар мекард. Дар давоми кор ҳаргиз надида будам, ки ба касе дағалона ҳарф зада бошад. Лабони доимо моили табассумаш, чеҳраи шармгинаш ва садои форамаш ҳамеша ҷавобгӯи хаёлоти некаш буданд. Ҳатто Шарифзодаи кал, ки номаш бо занакбозӣ баромада буд, боре ба ӯ изҳори муҳаббат намуд, аммо ҷавоби «босазо»-е гирифт, ки дигарбора дар ин хусус андеша ҳам намекард.
Ман дар маркази ташхиси беморон ба ҳайси духтури бемориҳои дарунӣ кор мекардам. Моҳрӯ бошад, духтури касалиҳои гузаранда буд. Дафтарҳои кориамон бошад паҳлӯи ҳам ҷой доштанд. Гоҳе бо сабаби ҳамсоягӣ корафтодаи ҳамдигар мешудем ва баъзан якҷоя ба қаҳвахонаи сари роҳ мерафтем. Зумрае аз ҳамкорон ба ин ҳасад бурда аз пасам «Ин мардак сеҳреро медонад ки чунин оҳубарраро ба худ ром кардааст» - мегуфтанд. Вале ман ҳанӯз аз рӯзи аввали бо Моҳрӯ рӯ ба рӯ шуданам дарк кардам, ки ӯ бароям азиз аст. Ҳамарӯза нигоҳҳои ҷоншикор, садо ва табассумашро интизорӣ мекашидам.
Гарчанде таи чор сол боз аз ҳамсарам ҷудо шуда бошам ҳам, аммо сину солам маро ба он водор месохт, ки дар бораи муҳаббат калимае оғоз накунам. Воқеан, худи ҳамин сол ман ба 32 даромадам. Моҳрӯ бошад тақрибан ба назар бисучорсола менамуд. Ман ба хубӣ дарк мекардам, ки Моҳрӯ ҳам нисбатам бетафовут назар намедӯзад. Дар ниҳонхонаи қалби ӯ сирре ниҳон, ки баъзан нигоҳҳои ширин ва садои дардолудаш инро ба ман мегуфтанд. Пайхаст мекардам, ки Моҳрӯ гуфтании ногутание дорад, зеро ҳамеша зиндагии шахсияшро аз ҳамагон пинҳон медошт. Лоақал мо ҳатто намедонистем, ки ӯ оиладор аст ё не…
Чанд рӯз шудааст, ки Моҳрӯ ба кор намеояд. Ба кор набаромаданаш маро хиҷилу парешонхотир намуд. «Ба ӯ чӣ шуда бошад» - худ ба худ меандешидам. Аз Саида, ки ҳамшираи шавқати дафтари кориаш буд, сабаби ба кор набаромадани Моҳрӯро пурсидам. Ӯ ҳам мутаассифона, чизеро намедонист. Ҳамчу мурғи пойсухта ҷои нишастамро намеёфтам. Гӯё чизеро гум карда бошам, ки лаҳзаҳои дарозе ба роҳрав баромада, ба утоқи кори Моҳрӯ дида медухтам, аммо дарро баста ёфта, дилам реш-реш мешуд. «Худоё, ӯро дӯст медорам, ӯ бароям азиз аст, азизи дил ва азизи розу ниёзам, азизи ҳама буду набудам» - фикрҳои печ дар печ вуҷудамро мефишурданд. Ба сад фикру хаёлҳои парешон рӯзро бегоҳ карда ба хона омадам.
Ин шабам чун шабҳои пешин ноором пушти сар шуд. Нисфирӯзӣ ба кор омадам, сарам ғуввос зада дард мекард. Ба назди оина рафта ба акси худ нигаристам, аксам ба назарам манфур намуд. Чашмонам аз зӯрии бехобӣ варамидаву сурх ва рангу рӯям коҳидаву зард гашта буд. Хамёзакашон ба курсӣ нишастам ва аз кашаки мизи корӣ доруе бароварда бо об фурӯ бурдам.
Ҳамин асно дар тақ-тақ шуду касе вориди дафтари кориам шуд. Ба шахси даромада нигаристам… «Худоё, ман хобам ё бедор ?» Ин Моҳрӯ буд, Моҳрӯе, ки ман пазмонаш будам. Аз ҷоям хеста ба саломи додааш алейкро фаромӯш карда:
- Дароед, дароед, марҳамат… - гӯён дар ҷоям ҳайкал барин шах шудам. Баъди пурсу поси муқаррарӣ ҷонибам шӯхиомез гуфт:
- Хуш корҳо чӣ хел, Шумо ҳастед? Бе ман ку зиқ нашудед?
Ман чизе нагуфта ба сӯяш табассуми маънидоронае кардам.
- Чаро механдед? – Ӯ дар курсӣ нишаст ва илова кард: - Аслан агар росташро гӯям, дилам бениҳоят хиҷил.
Моҳрӯ, чӣ шуд, тинҷӣ-мӣ? Охир то дирӯз тамоман дигар хел будед, имрӯз якбора аз ранҷурии қалбатон шикоят доред. Мариз ку нестед?
- Не, не касал нашудаам, лекин аз бемор ҳам бадтар.
Дардамро худам медонаму Худо, - ӯ оҳи бадарде кашид. Байни мо чанд лаҳзае парандаи хомӯшӣ болафшонӣ намуд. Садои тақ-тақи соати деворӣ ба гӯши ҳардуямон расида, ба хотирам мазмуни номаълумеро меовард. Сипас ин хомӯширо вайрон кардам.
Моҳрӯ, қаҳва менӯшед?
- Чаро не, албатта, ӯ – хандаи базебе кард. Ман дар чойнаки барқӣ об монда ва то ҷӯшиданаш ба тайёр кардани қаҳва машғул шудам. Дар ду пиёла қаҳва тайёр карда, якеро ба пеши ӯ гузоштам.
- Хуш, Моҳрӯ, марҳамат кунед.
Ҳарду саргарми қаҳванӯшӣ шудем. Ман бо гӯшаи чашм дуздида-дуздида ба абрӯвони парвозӣ ва чашмони махмури зебояш хомӯшона нигаристам. Ӯ ҳам гӯё ин нигоҳи маро пай бурда бошад, ки баъзан барқвор ба сӯям дида медӯхт. Аз он нигоҳ дар баданам ҳиссиёти басо ширине пайдо шуда, майли бӯсидани чашмонаш мекардам.
- Бубахшед, Ҳомидҷон, Шумо ба чанд даромадед?
- Аз сӣ зиёд аз панҷоҳ поён, росташро гӯям, ба сию ду даромадам.
Ҳар ду баланд хандидем. Зимни табассумаш мушоҳида кардам, ки рухсораи чапаш чуқураке пайдо шуд, ки ба ҳусни ӯ боз як зебоии иловагӣ зам мекард.
- Ман бошам бисту чор солаам, - Моҳрӯ боз оҳе кашид, - дар бису чор соли умр чӣ қадар хориҳоро паси сар кардаам. Медонед, агар ҳозир диламро холӣ накунам, гумонам қалбам пора-пора мешавад. Дар давоми шаш моҳи ҳамкорӣ ягона дӯсти худ Шуморо ёфтам. Нисбати Шумо дар ниҳодам як ҳиссиёти фораме маъво гирифта. Кайҳо боз мехостам ин сирри нуҳуфтаи диламро ба Шумо ошкор созам. Аммо ҳар дафъа таҳамулро пеша мекардам, вале имрӯз ҳамаашро ба Шумо кушоду равшан хоҳам гуфт. Аслан, барои ҳамин наздатон омадам.
Моҳрӯ лаҳзае хомӯш монд. Нигоҳи чашмонаш ба нуқтаи номаълуме дӯхта шуданд. Ӯ андеша мекард. Ман бошам интизори чунин ҳолат набудам, ки якбора гаранг шудам. Ҳатто намедонистам ба ӯ чӣ гӯям. Моҳрӯ суханашро боз идома дод:
- Саргузашти ман ҳам рангин аст. Ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ мо аз падар ятим мондем ва сарпарастии ману акааму додарчаам ба дӯши модарам афтод. Модари бечораам ба хотири мо шуда дигар ба шавҳар набаромад. Якеашро ду карда наметавонист. Тамоми буду шудашро ба мо бахшид. Баъди хатми синфи даҳум ман донишҷӯи Донишкадаи тиббӣ шудам. Зимни таҳсил бо Содиқ ном ҷавоне вохӯрдам, ба ӯ дил бохтам. Тақдир чунин будаасту ман сармасти фиребу найрангҳои Содиқ шуда шарафи духтариамро резондам. Баъди ҳомиладор шуданам ӯ худро ба номардӣ муаррифӣ намуда, аз ман рафт, бале рафт. Баъди чанде тифлакам ба дунё омад. Хостам Донишкадаро тарк гӯям. Аммо боз бузургии модари мушфиқам буд, ки маро даст гирифт. Ӯ нагузошт, ки ба ин кор роҳ диҳам. Кӯдакам дар тарбияи модарам монд. Хулоса, Донишкадаро хатм кардам. Баъди чор соли ҷудоӣ ҳамон номард боз пайдо шуд, саду як бахшишҳо пурсид, барои писараш тӯҳфаҳо овард, аммо ман ҳамаашро рад кардам. Сипас ба таҳдид гузашт. Инаш ҳам паси сар шуд. Тираш хок хӯрд. Баъдан ба зорӣ даромад. Аммо ӯро бахшида натавонистам. Дирӯз кампири модараш ба хотири набераашро дидан ба хонаи мо омада буданд. Он кас нақл карданд, ки ҳангоми хизмати аскарӣ писарашонро хунукии сахт задаасту баъди он писарашон ба дарди безурётӣ гирифтор шудааст. Акнун писарчаи ман ягона набераи ҳамон кампир аст, зеро аз Содиқ дигар фарзанд намешудааст. Ман баъди рафтани модари Содиқ хеле андешидам, ки аз чунин модари мушфиқу накӯкор чаро чунин фарзанди нохалафу разил ба дунё омадааст.
Моҳрӯ хомӯш монд, нигоҳи чашмонашро ба замин дӯхта буд. Ман бошам моту маҳбут ба ӯ нигариста чӣ гуфтанамро намедонистам. Соати деворӣ ҳамоно тақ-тақкунон ба пеш ҳаракат мекард. Хеҷ бовар карда наметавонистам, ки ӯ тифле дошта бошад. Охир худи ӯ ба назарам кӯдак барин менамуд.
- Ҳомидҷон чаро хомӯш мондед, ягон гап занед, ки дилам андаке таскин ёбад.
- Чӣ гӯям, Моҳрӯ, саргузаштатон талх будааст. Аммо чӣ илоҷ, тақдир ҳамин… Гуфтаанд, ки «Ҳарчи ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад». Акнун ояндаро андеша кардан лозим. Муҳим оянда хуб шавад.
Намедонам аз чӣ бошад, ки ӯ бо ду даст чашмонашро пӯшонида, якбора ба гиря даромад. Ман ки чунин сурат гирифтани вазъиятро мунтазир набудам, андаке по хӯрдам. Сипас, худро ба даст гирифта, ба назди ӯ рафтам:
- Моҳрӯ чаро гиря мекунед? Охир ҳамааш паси сар шуд. Ба зиндагии имрӯзаатон шукр гӯед.
Бо ҳар ду дастонам аз китфонаш доштам ва таклифи аз ҷой хестани ӯро кардам. Ӯ меларзид.
- Хезед, ба хона меравем, рӯз бегоҳ шудааст.
Духтар аз ҷояш хеста ғайричашмдошт сарашро ба китфонам гузошта ва бо садои гиряолуд:
- Маро бубахшед, Ҳамидҷон, ки хотири Шуморо озурда сохтам.
- Не, не, Шумо чиҳо мегӯед, баръакс эҳтироми ман нисбати Шумо афзунтару зиёдтар гардид.
Моҳрӯ чизе намегуфт. Ҳис кардам, ки ба китфаш гармӣ дамид ва ин гармӣ торафт тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Беихтиёр сарашро боло бардоштам. Чашмони сурмасояш тар буданд. Хомӯшона лабонашро бӯсидам. Духтар чизе нагуфт. Маззаи шӯреро ҳис кардам, ки бароям гуворо намуд.
- Дӯстат медорам, мешунавӣ? Дӯстат медорам, - оҳиста пичиррос задам.
- Ман ҳам, - дастонашро ба гарданам ҳалқа кард. Мо ҳарду дар олами хайёл сайр доштем ва гӯё парвоз мекардем, бароямон он лаҳза ширину гуворо буд.
Хамон сол хонадор шудем ва эҳсоси муҳаббатамон фарзанди нахустинамон дар сини сию се солагӣ ба дунё омад, ки ба ӯ Илҳом ном гузоштем…
Илҳом, илҳомбахши муҳаббати мо шуд ва ба зиндагии мо меҳр, ишқ ато кард.

Тағоймурод Орифӣ





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: