Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маросими гусели расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон

Маросими гусели расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон

16-06-2017, 08:36
Хабарро хонданд: 72 нафар
Назарҳо: 0
Маросими гусели расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон

/АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо натиҷаҳои бобарор ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.

Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” ба таври бошукуҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд.

Барои гусели меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Маросими бошукуҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмӯи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян бо эҳтироми хос ва самимӣ гусел намуд.

Рӯзи 15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргаштанд.

Маросими гусели расмӣ дар Ҷумҳурии Арманистон 15.06.2017
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: