Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАРГИЗ НАМИРАД, ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ

ҲАРГИЗ НАМИРАД, ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ

27-01-2017, 14:32
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
ҲАРГИЗ НАМИРАД, ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Комиссияи оид ба номгузории кӯчаҳо ва хиёбонҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, яке аз кӯчаҳои пойтахт, ки дар гузашта номи Степан Шаумянро дошт, ба номи профессор, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ марҳум Суҳроб Шарипов гузошта шуд.

Дар девори биное, ки кӯча аз он ҷо ибтидо мегирад, лавҳаи ёдгориеро бо ибораи "Кӯчаи ба номи Шарипов Суҳроб Ибронович (18.04.1963-19.01.2015)" насб карданд. Маросими пардабардорӣ аз болои лавҳаи ёдгорӣ, 19 январи соли равон, дар ин кӯча, ки дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷойгир аст, доир гардид. Дар он намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, адибон, олимону журналистон, сокинони маҳалла ва хешовандони марҳум, аз ҷумла ҳамсари Суҳроб Шарипов Шаҳло Раҳимова ва фарзандонаш Бежан ва Некӣ ҳузур доштанд.
Дӯстону ҳамкорони марҳум дар суханрониҳои худ хотираи неки ин сиёсатмадори варзидаро ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пойдории пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас арзёбӣ карданд.

ОЛИМ ВА СИЁСАТМАДОРИ ВАРЗИДА

- Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз фаъолияти пурсамари Суҳроб Шарипов зикр кард, ки номи неки ин фарзанди муборизу сиёсатмадори миллати тоҷик барои ҷавонони мо намунаи ибрат аст. Ӯ ҳам олим, ҳам шахсияти сиёсӣ ва ҳам сиёсатмадори варзида буд. Марҳум дар ҳамаи соҳаҳое, ки ба илму ҳифзи манфиатҳои миллии давлати мо дахл дошт, фаъолият нишон медод ва шогирдони зиёде ҳам дошт. Мо ҳамеша аз фаъолияти он кас ҳамчун намунаи ибрат ёд мекунем ва мехоҳем, ки ҷавонони мо низ аз ҳамин гуна шахсиятҳо ибрат гиранд. Тасмими Мақомоти давлатии шаҳри Душанбе оид ба номгузории кӯчаи Шаумян ба номи Суҳроб Шарипов аз қабили ҳамин гуна қадрдонии хизматҳои ин олими шинохтаи тоҷик аст.
С. Сафаров гуфт: "Кӯчаи Шаумян маҳз ба он хотир ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шудааст, ки Степан Георгиевич Шаумян ҳам ҳамингуна як шахсияти мубориз ва инқилобчӣ буд, ки дар андешаи ҳимояи манфиатҳои ватану давлати ҳамонвақта буд. Суҳроб Шарипов низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамингуна як нақши хубе дошт. Андешаҳои хеле ҷолиби сиёсӣ гуфт ва ҳамеша бо он рақибони сиёсие, ки истиқлолияти моро халалдор кардан мехостанд, ҷавобҳои дандоншикан медод".
Мавсуф бар он аст, номгузории кӯчаву хиёбонҳо ба номи шахсиятҳои шинохта ва арзанда як анъанаи нек аст, ки дар мустаҳкам кардани худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастии ҷавонон нақши боризе хоҳад бозид.

МАРДИ ДИЛБОХТА

Олим Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худро яке аз охирин ҳамкорони шодравон Суҳроб Шарипов муаррифӣ кард. Ӯ нахуст ба поси хотираи ҳамкораш аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ байте қироат карда, пасон суханашро индома дод.

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
-"Суҳроб Шарипов воқеан ҳам ошиқ буд, ошиқи зиндагӣ ва ошиқи ин марзу бум буд. Аммо, ошиқи оддиву сода набуд. Аз дӯстдорони сарсупурдаи Тоҷикистони азиз буд. Олими бисёр хуб, сиёсатмадори варзида ва вакили боандеша буд. Ҳамеша бо тавонмандияш аз манфиатҳои кишварамон дифоъ мекард. Ӯ дар ҷаласаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилаӣ ба он касоне, ки нисбати кишвари азизи мо нуктагирӣ мекарданд, ҷавоби бисёр пухта ва саҳеҳ медод. Сокинони ин кӯча метавонанд, дар мисоли кору зиндагии ин марди ватандӯст фарзандони худро дар чунин рӯҳия тарбия кунанд".

РОСТҚАВЛУ РОСТГӮ

Академик Кароматулло Олимов гуфт, ки вақте дар бораи Суҳроб Шарипов сухан мегӯем, дар пеши назари мо як сиёсатмадори ниҳоят қавӣ, ки соҳиби дониш, фазилат ва ватанпарастии хеле амиқе буд, ҷилвагар мешавад.
Падари ӯ ҳам, Иброн Шарипов яке аз олимони барҷастаи соҳаи фалсафаи тоҷик буданд ва ин фарзанди худро дар камоли рӯҳи илмӣ ва ватанпарастӣ тарбия карданд.
"Суҳроб Шарипов Тоҷикистонро дӯст медошт ва ҳар вақте ки дар бораи ватани мо сухан мерафт, ӯ тарафдори бисёр ҳам ҷиддӣ ва сарсупурдаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллати мо буд. Суҳроб Шарипов шахси ростқавл, ростгӯ ва бо камбудиҳо оштинопазир буд. Ба душманони давлату миллат ҳеҷ гоҳ муросо намекард ва суханашро ба таври ҷиддӣ аз мавқеи устувори сиёсӣ баён мекард. Бинобар ин, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ соҳиб эҳтиром буд. Мо бо чунин рафиқе, ки доштем, ифтихор мекунем ва ӯро ҳамеша ба некӣ ёд мекунем" -афзуд, К.Олимов.

ДИЛУ ЗАБОНАШ ЯК БУД

Назри Яздон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар ин маросим суханронӣ намуда, зикр кард, ки вақте дар бораи додари азизи мо Суҳроб Шарипов сухан меравад, чӣ ҳамкорону ҳамсафонаш ва чӣ он нафароне, ки як суҳбати сарироҳие бо ӯ карда буданд, пеш аз ҳама мегӯянд, ки ӯ як одами ҷасур буд. Ҷасурӣ як сифати ғайримуқаррарӣ аст, ки на ҳар кас буда метавонад.
Мавсуф гуфт: "Дар воқеъ, Суҳроб Шарипов як шахси ҷасур буд, ки саргузашти ӯ оддӣ нест. Марҳум яке аз сиёсатшиносони дараҷаи баланд буд. Мутахассисе буд, ки намешавад ӯро фаромӯш кард. Чунки ӯро дар хориҷ аз кишвар низ ҳамчун як сиёсатшиноси дараҷаи ҷаҳонӣ мешинохтанд. Ҳам ҷасорат, ҳам ошиқу шефтаи илм будан ва ҳам ватандӯст будани Суҳроб Шарипов далели мартабаи баланд доштани ӯст, ки ин сифатҳои баланди инсониро аз падари бузургвораш ба мерос гирифта буд. Зеро падари марҳум низ як марди ҷасур, ҳақиқатгӯ ва илмдӯсту ватанпараст буданд. Бинобар ин, номи неки Суҳроб Шарипов, ки барои ватану миллати мо хизматҳои шоёне кардааст, дар хотири ҳар яки мо абадӣ хоҳад монд".

ҶАВОНМАРД

Ҳамсари Суҳроб Шарипов - Шаҳло Раҳимоваро, ки дар ин маросим ҳузур дошт, гиря гулӯгир кард. Ашки чашмонашро пок мекарду суханашро идома медод. Ӯ гуфт: "Ҳарфҳои устодон маро ба ёди рӯзҳои гузашта бурд. Ин лаҳзаҳо барои оилаи ман бисёр лаҳзаҳои хотирмон аст. Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Суҳробҷон мард буданд. Марде, ки суханашон бо кирдор як буд. Ба қавли додаашон ҳамеша вафо мекарданд. Он кас дили пок доштанд ва бо тамоми ҳастӣ кор мекарданд. Суҳробҷон корнамоиҳои шоҳномавӣ кардаанд. Инро ман нагуфтаам. Ман ҳамаи инро баъд аз мутолиаи дусолаи он чизе, ки халқ навиштанд, дарк кардам. Гарчанде ки имрӯз дар бари мо нестанд, лекин муҳаббати он кас дар дили мост. Ман аз номи оилаам ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона миннатдорӣ баён мекунам, ки хотираи шогирди худро ҷовидонӣ гардониданд. Суҳробҷон Пешвои миллатро устоди худ меҳисобиданд ва ман фикр мекунам, ки ба устоди худ ва ба халқу ватани худ бе хиёнат хизмат кардаанд. Инчунин аз раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аз ҳамаи онҳое, ки дар номгузории ин кӯча ба номи Суҳроб Шарипов саҳм гузоштаанд, изҳори сипос мекунам".

Ёдовар мешавем, ки Шарипов Суҳроб Ибронович 18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст.
Солҳои 1988-1990 устоди фанни фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 1990-1993 аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов; солҳои 1993-1998 корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва; солҳои 1998-2001 мудири шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ; солҳои 2001-2003 муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ; солҳои 2003-2005 ёвари Президенти ҶТ; ҳамон сол боз ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бармегардад ва то соли 2011 ба ҳайси директори Марказ ифои вазифа кардааст. Аз моҳи декабри соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мутаассифона, марги нобаҳангом Суҳроб Шариповро дар 52-солагӣ, дар давраи камолоти умр, эҷодкорӣ, амалисозии нақшаҳои стратегие, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, бо худ бурд. Ӯ 19 январи соли 2015 аз олам даргузашт.
Суҳроб Шарипов унвонҳои номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсиро дошт. Ӯ муаллифи ду монография, бештар аз 300 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ буд.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: