Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 5- солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 5- солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»

21-11-2016, 16:59
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Матни табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба                             5- солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
Ҷавонони шарафманди кишвари соҳибистиқлол,
Пайравони воқеии Пешвои миллат,
Созандагони Ватан!

Расо 5 сол муқаддам, санаи 21 ноябри соли 2011 дар низоми ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи наву фараҳбахш ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагию ободонӣ ва иттиҳоду садоқат ба сиёсати сулҳҷӯёна, ватанпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат тарбия намудани ҷавононро ҳадафи аслии худ қарор дод.
Расо панҷ сол қабл, дар ҳамин рӯз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба фаъолияти расмӣ шурӯъ намуд.
Тӯли панҷ соли фаъолият Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар атрофи худ нерӯи созандаву қавии кишвари соҳибистиқлол – ҷавононро ҷамъ оварда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат кӯшиш намуд.
Мусаллам аст, ки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» воқеан ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва арзишҳои эътирофнамудаи ҲХДТ содиқ буда, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон мувофиқ ба ғояи пешниҳоднамудаи Раиси муааззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо» тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонанд.
Созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» барои татбиқи ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки асоси фаъолияти онро шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ташкил медиҳад, устувор буда, барои расидан ба мақсадҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад, ҷаҳду талош менамояд.
«Созандагони Ватан» дар тӯли панҷ соли сипаригардида нафақат марҳилаи эҳё, балки рушду такомулро сипарӣ намуда, комил гашт. Имрӯз аъзои ин созмон бо боварӣ ва ҳисси саршор аз ифтихор гуфта метавонанд, ки вориси созандаи аҷдодони худ ва пайравони воқеии Асосгузори сулҳуВаҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Дар роҳи ватандорию давлатсозӣ ва миллатсозӣ роҳи дурустеро интихоб намудаанд, ки дар саргаҳи он фарзанди фарзонаи миллат қарор дораду онҳоро ба сӯи ояндаи шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Дар ин рӯзи хушу гуворо, кули аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»- ро бо ин ҷашни фархунда самимона шодбош мегӯем ва дар амри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фаъолияти бобарор орзу мекунем.
Рӯзи таъсисёбӣ муборак, Созандагони Ватан !!!

Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан». Шаҳри Душанбе, 21.11.2016 с.







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: