Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ бо ҷавонон дар мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро» дар ташкилоти ибтидоии Пули Сангин шаҳри Норак.

Вохӯрӣ бо ҷавонон дар мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро» дар ташкилоти ибтидоии Пули Сангин шаҳри Норак.

3-11-2016, 15:07
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ бо ҷавонон дар мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро» дар ташкилоти ибтидоии Пули Сангин шаҳри Норак.

Рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи таҳиянамудаи ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг», бахшида ба 22-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, иштирок дар муноқишаҳои дигар давлатҳо, пӯшидани сару либоси бегона, пошхӯрии оилаҳои ҷавон бо хонандагони муасиссаҳои дар тобеъияти Ҷамоати деҳоти Пули Сангин алалхусус ҷавонону занон, аъзоёни ҶҶ «Созандагони Ватан», намояндагии «Гуруҳи ҷаванони ташаббускор» вохӯрии гурӯҳи кории ситодҳои таблиғотии доиамалкунандаи Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иштирок намуданда, зимни баромадҳо масъулон роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пӯшидани сару либоси бегона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ибрози сухан намуданд.
Вохӯрӣ бо ҷавонон дар мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро» дар ташкилоти ибтидоии Пули Сангин шаҳри Норак.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» ба ҳозирон саҳначаҳои тарбиявӣ ва барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Оиди масъалаҳои дар боло дарҷгардида гуруҳи корӣ вохӯриро дар маҳаллаҳо бо ҷавонон ба роҳ мондаанд.

Мудири шуъбаи таблиғотӣ
иттилоотӣ ва матбуотӣ
С.Зоиров









Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: