Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

25-10-2016, 13:50
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Санаи 25.10.2016 Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 250 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар кори Конференсия раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, дигар аъзои Кумитаи иҷроия ва раиси Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Толибов Абдураҳмон иштирок намуданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ кори Конференсия оғоз гардид.
Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Ба кори Конференсия як масъала – пешбарӣ намудани номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи интихоботии №5 пешниҳод гардид.
Вобаста ба масъалаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад карда, мутобиқ ба тартиби кори Конференсия аз вакилон хоҳиш кард то ба ҷои вакил Бозоров Нуриддин, ки бо хоҳиши худаш ваколатҳояш қатъ карда шуд, номзади арзандаи ҳизбро пешниҳод кунанд. Вакили Конференсия Исмоилзода Саймурод таклиф кард, ки номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи интихоботии №5, аъзои фаъоли ҲХДТ Рустамов Фахриддин пешбарӣ карда шавад.
Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Номзади пешниҳодшуда аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфта, қарори дахлдор қабул гардид.
Рустамов Фахриддин барои ин боварии бузург ба вакилони Конференсия изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда дод, ки бо ғолиб омаданаш дар маъракаи интихоботӣ арзандаи ин боварӣ будани худро собит месозад.







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: