Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

29-09-2015, 09:11
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
АХБОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№22/98

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 22, мод. 300)


БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ

Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:
- таъсис кардани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ;
- ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон;
- иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо;
- озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёсӣ.

Моддаи 2. Ҳизби сиёсӣ
Зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.

БОБИ II. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумхуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд.
Ҳизбҳои сиёси аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеҷ як иҷозат дар ан ҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.
Ҳизби сиёсӣ барои аз қайди давлатӣ гузаштан руйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд.
Ҳизб аз р ӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.
Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан ҳизби сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.
Дар бораи шаҳр, ноҳия ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар воситаи ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анчумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст.

Моддаи 4. Маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ
Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидаает ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, ичтимоӣ ва диниро тартибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад.
Ҳизбҳои сиёси ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳак надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд.
Дар мақомоти бехатарии давлатӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кушунҳо ва воҳидҳои ҳарби, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мактабҳои миёна ва оли таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест.

Моддаи 5. Узвият дар ҳизби сиёсӣ
Узвият дар ҳизби сиёсӣ танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Судьяҳо, прокурор, хизматчиёни ҳарбӣ, коркунони мақомоти корҳои дохилӣ, амният, полиси андоз, гумрук ва адлия, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд аъзои ҳизби сиёсӣ шуда наметавонанд.
Ҳизбҳои сиёси фақат узвияти шахсии сабтшуда доранд. Шаҳрвандони синнашон ба 18 расида аъзои ҳизб шуда метавонанд.

Моддаи 6. Оинномаи ҳизби сиёсӣ
Оинномаи ҳизб бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:
1) дар бораи ном, мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ;
2) дар бораи сохтори ҳизби сиёсӣ ва мақомоти он;
3) дар бораи шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвияти ҳизб, дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҳизби сиёсӣ;
4) дар бораи баробарҳуқуқии аъзои ҳизби сиёсӣ;
5) дар бораи мувофиқати фаъолият ва мақсади ҳизби сиёсӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) дар бораи тартиби интихоб ва салоҳиятҳои мақомоти роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ, м ӯҳлати ваколати онҳо ва ҷоивоқеияти он;
7) дар бораи ошкоро будани тамоми фаъолияти ҳизб ва мақомоти он;
8) дар бораи тартиби қабул ва дохил намудани та ғйирот ба Оинномаи ҳизб;
9) дар бораи амвол ва воситаҳои моддии ҳизби сиёсӣ, сарчашмаҳои бо пул таъминкунӣ ва фаъолияти хоҷагии вай;
10) дар бораи рамзи ҳизб (агар он бошад);
11) дар бораи тартиби қатъи фаъолияти ҳизб, азнавташкилкунии фаъолияти ҳизб;
12) дар бораи ҳаллу фасли баҳсҳои оид ба молу мулк, ки бо қатъ гардидани фаъолияти ҳизб алоқаманданд;
13) дар бораи интихобӣ ва ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизби сиёсӣ.
Дар оиннома мумкин дигар қоидаҳое низ мав ҷуд бошанд, ки ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ дахл доранд.
Қабули оиннома, барномаи ҳизби сиёсӣ, пешбарии номзадҳо аз ҳамин ҳизби сиёсӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои ба ғоят муҳими ҳаёти ҳизби сиёсӣ аз р ӯи қарори ан ҷуман, конференсия ва пленум, ма ҷлис ва ё аз р ӯи нати ҷаҳои раъйпурсии (пурсиши) аъзои ҳизб сурат мегирад.

Моддаи 7. Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ
Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. Барои қайди давлатии ҳизби сиёсӣ ба мақоми бақайдгиранда дар муҳлати як моҳ ариза дода мешавад, ки онро бояд шахсе имзо кунад, ки ба ӯ ан ҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисони ҳизби таъсис додашаванда бо нишон додани суро ғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунанда ваколат додааст. Ба ариза ғайр аз оиннома иқтибос аз протоколи ан ҷумани (конференсияи, ма ҷлиси) муассисоне, ки оинномаро қабул кардааст, руйхати камаш даҳ нафар иштирокчиёни ма ҷлиси муассисон бо нишон додани маълумоти шиносномаҳо ва маҳалли зисташон бо замимаи як нусха нашрияи васоити ахбори умум, ки дар он дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин дар бораи қоидаҳои асосии Оинномаи ҳизби сиёсӣ хабар чоп гардидааст, ҳуҷҷати бонкие, ки супоридани бо ҷидавлатиро оиди бақайдгирии хизб тасдиқ мекунад ва руйхати ҳазор нафар аъзоёни ҳизб мувофиқи банди 3 моддаи 3-юми ҳамин қонун низ ҳамроҳ, карда мешаванд.
Ба мақоми бақайдгиранда манъ карда мешавад, ки аз ҳизб пешниҳод кардани дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми дуюми ҳамин банд зикр нашудааст, талаб намояд.
Мақоми бақайдгиранда ҳизби сиёсиро дар давоми як моҳи пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳо ба қайди давлатӣ мегирад. Вайрон кардани муҳлати нишон додашуда мумкин нест.
Та ғйирот ва иловаҳое, ки дар Оинномаи ҳизби сиёсӣ дохил карда мешаванд, бояд аз тарафи худи ҳамон мақом ва дар худи ҳамон муҳлатҳои бақайдгирии давлатии худи ҳизб ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
Барои ба қайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ, та ғйирот ва иловаҳое, ки ба оинномаи вай дохил карда мешаванд, тибқи тартиб ва андозаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, боҷи бақайдгирӣ ситонда мешавад.
Ҳуҷҷате, ки воқеияти бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ, инчунин ба феҳристи давлатии идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохил намудани онро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии он мебошад.
Аз ҳизби сиёсӣ талаб кардани кадом як ҳуҷҷатҳои дигаре, ки воқеияти бақайдгирии давлатии онро тасдиқ менамоянд, манъ аст.
Ҳизби сиёсӣ аз р ӯзи бақайдгирии давлатии он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

Моддаи 8. Сохторҳои ҳизби сиёсӣ
Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд, таъсис дода мешаванд.
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ баъди таъсиси сохтори ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо мақомоти ҳокимияти маҳаллиро ба таври хаттӣ хабардор менамояд.

Моддаи 9. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ
Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ дар асосҳои зайл мумкин рад карда шавад:
- агар муқаррароти оинномаи вай ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад;
- агар оинномаи ҳизб ба талабҳои моддаи 6 ҳамин Қонун мувофиқат накунад;
- агар талабҳои қисми дуюми моддаи 3 ва қисми пан ҷуми моддаи 7 ҳамин Қонун и ҷро карда нашуда бошанд;
- агар бо худи ҳамин унвон ва ё бо худи ҳамин рамз оинномаи ҳизби дигар пештар ба қайд гирифта шуда бошад;
- агар суро ғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунандаи ҳизб берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Раддияи асосноки бақайдгирии Оинномаи ҳизби сиёсӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва аз он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

БОБИ III. ҲУҚУҚИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ШАКЛ ҲОИ НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳизбҳои сиёсӣ

Ҳар ҳизб бо тартиби пешбиникардаи қонун ҳак дорад:
- номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти интихобии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ намояд;
- дар тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиҳо ва интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок намояд;
- дар гуруҳҳои доими ё муваққатии вакилон муттаҳид шавад ва дар мақомоти намояндагӣ дигар идтиҳодияҳо барпо намояд:
- маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифоҳи, хаттӣ ва дар шаклҳои дигар озодона интишор намояд, мақсад ва вазифаҳои худро тартибу ташвик кунад, ҳуҷҷатҳои барномавии худро дошта бошад;
- нашриётҳо ва васоити ахбори умумии худро таъсис диҳад;
- аз васоити давлатии ахбори умум, аз он ҷумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд;
- ма ҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;
- бо ҳизбҳои сиёсӣ ва идтиҳодияҳои сиёсии хориҷӣ робита ва алоқаҳои байналхалқӣ муқаррар намояд ва онҳоро дастгирӣ кунад;
- ба иттифоқҳои байналхалқӣ ва ассосиатсияҳо дохил шавад;
- мувофиқи мақсад ва вазифаҳои оинномавии худ шуъбаҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд;
- мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолиятро ба амал барорад;
- бо дигар хизбхои сиёсӣ ва идтиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бандад, муносибатҳои шартномавӣ барқарор кунад;
- ҳизбҳои сиёсӣ ҳар сол ба Вазорати адлия дар бораи давом додани фаъолият ва қароргоҳи худ ахборот пешниҳод менамоянд.

Моддаи 11. Амволи ҳизби сиёсӣ
Амволи зерин моликияти ҳизби сиёсӣ шуда метавонанд: биноҳо ва иншоотҳо, фонди манзил, та ҷҳизот ва асбобу ан ҷом, матбаа, маблағҳо ва инчунин дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти вай зарур буда, онро оинномаҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
Амволи ҳизби сиёсӣ фақат барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои ҳизб истифода мешавад.
Ҳизби сиёсӣ ҳар сол дар бораи вазъияти моддии ҳизб маълумот чоп мекунад.

Моддаи 12. Мабла ғҳои ҳизби сиёсӣ
Маблағҳои ҳизби сиёсӣ аз инҳо ба вуҷуд меоянд:
- ҳаққи дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, агар онҳоро оинномаи ҳизб пешбинӣ карда бошад;
- хайрияҳои ихтиёрӣ;
- мадохил аз гузаронидани лексияҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо (мувофиқи оинномаҳо);
- даромад аз фаъолияти ноширӣ ва дигар фаъолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ мувофиқ аст;
- дигар воридоте, ки қонунҳо манъ накардаанд.

Моддаи 13. Ёрии моддӣ барои эҳтиёҷоти ҳизби сиёсӣ
Ҳизби сиёсӣ ҳак, дорад дар шакли амвол ва мабла ғ аз ашхоси воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар ашхоси ҳуқуқии ғайридавлатӣ ёрии моддӣ қабул намояд.
Ёрии моддӣ аз корхонаю ташкилотҳои зайл манъ аст:
- ташкилотҳои хайрия ва динӣ;
- корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳое, ки дар онҳо давлат саҳм дорад;
- давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм дорад;
- ашхоси беном;
- ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби ёрии молиявӣ расондашаванда муттаҳид нестанд.

Моддаи 14. Фаъолияти хоҷагии ҳизби сиёсӣ
Ҳизби сиёсӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагӣ, музди меҳнати кормандони ҳизб, истифодаи захираҳои молиявӣ ва моддӣ мустақил мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити молиявӣ ва моддӣ барои ба амал баровардани мақсаду ҳуқуқҳои оинномавие, ки моддаи 10 ҳамин Қонун собит намудааст, ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад тибқи тартиби муқаррар кардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва ташкилотҳо барпо намояд.

Моддаи 15. Дастгирии ҳизби сиёсӣ аз ҷониби давлат
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби сиёсиеро, ки ба қайд гирифта шудааст, ба таври зерин дастгирӣ менамоянд:
- таъмини дастрасии баробар ба воситаҳои давлатии ахбори умум;
- таъмини имкониятҳои баробар барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ.
Дар сурати боздоштани фаъолияти ҳизб дар асоси муқаррароти моддаи 21 ҳамин Қонун дастгирии давлат муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар сурати манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дастгирии давлатӣ аз рӯзи эътибор пайдо кардани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда шудани фаъолияти ҳизб қатъ мегардад.

Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёсӣ
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи сарчашмаҳо, андоза ва харҷӣ маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботи ворид гардидааст, инчунин дар бораи амволи ҳизб ва пардохти андозҳо интишор намояд.
Ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсиро мақомоти дахлдори идораи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш мекунад.

БОБИ IV. ИШТИРОКИ ҲИЗБИ СИЁСИ ДАР ИНТИХОБОТ

Моддаи 17. Шаклҳои иштироки ҳизб дар интихобот

Ҳизб дар интихобот ба таври зайл иштирок менамояд:
- мустақил;
- бо дигар хизби сиёсӣ мувофиқатномаи пеш аз интихоботӣ мебандад;
- бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба иттифоқҳои интихоботӣ дохил мегардад. Ҳизб тибқи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ҳақ дорад:
- мустақилона ва ё аз номи иттифоқҳои интихоботӣ номзадҳо пешбарӣ намояд;
- бо риояи шартҳои баробар ташвиқоти пеш аз интихоботӣ барад;
- ба рафти интихобот назорат кунад ва бо тартиби муқарраркардашуда натиҷаҳои онҳоро муайян намояд;
- дар комиссияҳои интихоботӣ метавонад намояндагӣ кунад;
- ба воситаҳои давлатии ахбори умум ва инчунин ба воситаҳои ахбори умум бо иштироки давлат баробар дастрас бошад.

Моддаи 18. Иштироки ҳизби сиёсӣ дар иттифоқҳои интихоботӣ
Баъди ба қайд гирифтани иттифоқҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ҳизбе, ки номзадҳои худро тибқи руйхати иттифоқи интихоботӣ пешбарӣ мекунад, ҳақ надорад номзадҳои худро мустақилона ва ё тибқи руйхати дигар иттифоқи интихоботӣ дар ҳамон сатҳ пешбарӣ намояд, агар дар шартнома шарти дигаре пешбинӣ карда нашуда бошад.

Моддаи 19. Гур ӯҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндагӣ
Гурӯҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндагӣ мувофиқи асноди меъёрие, ки тартиби фаъолияти ин мақомотро муайян менамоянд, ташкил меёбанд ва амал мекунанд.

БОБИ V. БОЗДОШТАН, ҚАТЪ КАРДАН ВА МАНЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ СИЁСӢ

Моддаи 20. Боздоштани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ вайрон карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин гирифтани ёрии иқтисодию сиёсӣ аз кишварҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ огоҳинома мебарорад. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ рӯз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то шаш моҳ боздошта шавад.

Моддаи 21. Окибатҳои боздошта шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ
Дар сурати боздошта шудани фаъолияти ҳизб ба муҳлати муқарраркардаи моддаи 20 ҳамин қонун ҳуқуқаш, ҳамчун муассиси васоити ахбори умум боздошташуда, ба вай манъ карда мешавад, ки аз мақоми (статуси) шахси ҳуқуқӣ истифода барад, митингу намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ташкил намояд, дар интихобот иштирок кунад, аз маблағҳои бонк истифода барад, ба истиснои ҳисобу китоб оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ, пардохти товони зарарҳое, ки аз амалиётҳои вай расидааст ва пардохти ҷаримаҳо.

Моддаи 22. Қатъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ
Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тариқи аз нав ташкил намудан ва ё барҳамдихӣ қатъ карда шавад.

Моддаи 23. Асосҳои манъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ
Асосҳои аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ чунинанд:
- фаъолияти ҳизби сиёсӣ, ки қисми якуми моддаи 4 ҳамин қонун манъ кардааст;
- фаъолияти ғайриқонунии ҳизби сиёсӣ баъди бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 20 ҳамин қонун манъ намудани фаъолияти он.

Моддаи 24. Қарор дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ
Дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо дар заминаӣ пешбиникардаи моддаи 23 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин.

Моддаи 25. Қатъ намудани фаъолияти ҳизб ба тариқи аз нав ташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ
Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо роҳи аз нав ташкилкунӣ (якҷоякунӣ, ҳамроҳқунӣ, тақсимкунӣ) ва ё барҳамдиҳӣ қатъ карда шавад. Қарорро дар бораи аз нав ташкилкунии ҳизб мақоми олии роҳбарикунандаи ҳизб қабул менамояд.
Оинномаи ҳизби сиёсие, ки баъди аз нав ташкилкунӣ таъсис дода шудааст, бо тартиби муқараркардаи моддаи 7 ҳамин Қонун ба қайд гирифта мешавад.
Ҳизби сиёсӣ мувофиқи оинномаи он бо роҳи худпарокандакунӣ барҳам дода мешавад.

Моддаи 26. Оқибатҳои қатъ карда шудани фаъолияти ҳизб
Амволи ҳизби сиёсие, ки фаъолияти худро қатъ кардааст, баъд аз қонеъ гардонда шудани даъвоҳои амволӣ ба мақсадҳои зерин равона карда мешавад:
- дар сурати барҳам дода шудан - ба мақсадҳои пешбини кардаи оинномаи ваӣ;
- дар сурати манъ карда шудан - аз р ӯи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар сурати азнавташкилкунӣ - ба моликияти идтиҳодияи ҷамъиятие дода мешавад, ки вориси ҳуқуқи ҳизби сиёсие мебошад, ки фаъолияти худро қатъ кардааст.
Қатъ гардидани фаъолияти ҳизби сиёсӣ боиси аз феҳристи давлатии дахлдори идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ намудани ҳизб, бекор кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ ва гум кардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мегардад.

Президента
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РА ҲМОНОВ
ш. Душанбе 13 ноябри соли 1998
№680
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: