Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

21-04-2022, 14:00
Хабарро хонданд: 12159 нафар
Назарҳо: 1
     Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

-Фиръавнҳо, Зардушт, Искандари Мақдунӣ, Исои Масеҳ, Чингисхон ва дигар ашхоси бузурги таърихӣ қазоқ буданд,-иддао дорад олими қазоқ, профессор Кайрат Закирянов.
-Вақте бархе аз ходимони русӣ ба монанди Владимир Жириновский мегўянд, ки гўё танҳо баъд аз Инқилоби Октябри соли 1917 қазоқҳо хондану навиштанро омўхтанд ва то он замон ҳунаре надоштанд ба ҷуз чаронидани рамаҳои худ ва дар хазинаи тамаддуни инсоният саҳме нагузоштанд, ин аблаҳии кулл ва бесаводии том аст,-иброз медорад ў.
Олтой-ватани насроният
Кайрат Закирянов таърихи расмиро зери шубҳа бурда, мегўяд, ки он билкулл ғалат буда, бо ғараз нигошта шудааст ва акнун вақти он расидааст, то ки ҷаҳониён ҳақиқатро фаҳманд:
-Ҷолиб аст акнун бубинем, ки чи тавр «таърихнигорони расмӣ» худро баъд аз мақолаи Президенти Қазоқистон «7 марзи Дашти Бузург» ҳис хоҳанд кард. Дар он Президент менигорад, ки нуқтаи назари «аврупоимарказият» имкони дидани он далели воқеиро, ки сакоиҳо, гуннҳо ва гурўҳҳои этникии прототуркӣ қисме аз этногенези миллати мо ҳастанд, намедод,-идома медиҳад профессор.-Панҷ сол пеш маро ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон даъват намуданд, ки назди донишҷўён ва устодон баромад кунам. Ман ба онҳо дидгоҳи худро оид ба таърих такя ба далелҳои воқеӣ ироа кардам. Вақте яке аз донишҷўён аз устодони худ пурсид, ки барои чӣ дар лексияҳои худ дар бораи ҳама он чизе, ки профессор Закирянов ба онҳо хабар дод, сухане гуфта намешавад, онҳо посух доданд, ки донишгоҳ ҳаққи тағйир додани барномаҳои таълимиеро, ки Вазорати маорифи кишвар тасдиқ кардааст, надорад.
Ба хонандагоне, ки мақолаи фавқуззикри Президенти Қазоқистонро нахондаанд, хотиррасон мекунем, ки дар он сарвари кишвари ба мо дўст аз ҷумла нигоштааст, ки «Тутанхамон, Искандари Мақдунӣ, Конфутсий ва дигар бузургон имрўз сармояи бебаҳои рамзии кишварҳои худ ҳастанд». Аммо профессор Закирянов ба тамаддун ва таърихи ҷаҳонӣ назари «инқилобона» дорад:
-Масалан, оид ба фиръавни бузург Тутанхамон. Биологҳои Маркази пажўҳишҳои генетики (ирсӣ)-и Швейтсария IGENIA тасдиқ карданд, ки галлогруппа (ДНК-вариантҳои ашхосе, ки аҷдоди умумӣ доранд)-ў прототуркӣ (қадимитуркист). Ба мантиқи математикӣ ва далелҳое, ки дар дастхатҳои қадимӣ дарёфтам, такя карда, ман чанде пеш мафҳумҳоеро чун kz-постулат ва kz-фактор рўйи кор овардам. Аз назари ман, барои муайян кардани туркияти шахси бузург танҳо исбот кардани kz-фактор лозим аст, ки он нишон медиҳад-ҳангоми ба дунё омадани ин шахсият ҳудуде, ки дар он тавлид шудааст, аз ҷониби қабилаҳои саҳронишин забт шуда буд. Аз ин ҷо kz-постулат аст: ҳар як шахсияти бузург, ки аз ин сарзаминҳост, бешубҳа аз муҳити туркӣ, яъне табақаи болоии ҳукмрон аст. Ин назарияи ман дар маҷаллаҳои илмӣ нашр гардид ва то ҳол ягон олими таърихнигор ё коршиносе ба ба ман эътироз накардааст.
Дар мақолаи зикргаштаи Н.Назарбоев омадааст: «дастовардҳои бузурги фарҳангӣ, ки зикрашон хоҳад рафт, ба Дашти Бузург оварда нашудаанд, балки бештари онҳо дар замини мо рўйи кор омадаад ва баъдан ба Ғарб ва Шарқ, Шимол ва Ҷануб паҳн шуданд. Ва ба мо акнун зарур аст, ки энсиклопедияи таълимӣ-маърифатии «Номҳои бузурги Дашти Бузург»-ро таълиф кунем, чунки Қазоқистон-сарчашмаи туркҳо, Ватан-Модари муқаддаси онҳост».
-Воқеан, ҳақ бар ҷониби Президент аст,-имрўз собит мегардад, ки решаҳои тамоми адёни ҷаҳонӣ дар Дашти Қипчоқ нуҳуфтаанд. Аз ин ҷо аҷдоди бузурги мо суми асп (Президент дар маводаш намегўяд, ки онҳо барои фатҳ кардан рафтаанд, аммо дар асл чунин буд)-ҳои худро ҷониби дигар кишварҳо равона мекарданд. Ба дигар кишварҳо омада, онҳо ба халқҳои маҳаллӣ дастовардҳои фарҳангии худро ҳадя мекарданд. Дини қадимтарини ҷаҳонӣ, дини фарзандони Дашти Бузург, ки дар Меҳани худ бо номи Тэнгри ниёиш мекарданд, дар сарзамини Форс (Эрон) бо назардошти менталитети мардуми маҳаллӣ «зардуштия» номида шуд. Мэри Бойс, диншиноси маъруф ва эътирофшудаи бритонӣ дар осори худ менигорад: «сарчашмаи зардуштияро шарқтари дарёи Волга, дар Дашти Қазоқ ҷустан лозим аст». Ў исбот мекунад, ки Зардушт (ё Жаратушы-«Офаридгор» бо забони қазоқӣ) дар наздикии шаҳри ҳозираи Уралск ( Қазоқистони Шимолӣ.А.Д.) ба дунё омадааст.
Ё ин ки насрониятро бигирем. Ман доимо мегўям, ки Исои Масеҳ ҳеҷ гоҳ яҳудӣ набуд ва насрониятро на яҳудиён, на қабилаҳои славянӣ ва на дигарон рўйи кор наовардаанд. Вақте навиштаҷоти машҳури зеленчукии дар қарни 7 дар ҳудуди имрўзаи Краснодар ёфташударо хонданд, дар он олимон чунин навиштаро бо забони қадимии туркӣ (алифбои рунӣ.А.Д) дарёфтанд: «Исои Масеҳро, ноиби Николай, аз хонадони Хобс (Дуло, Батбай, Адван, Суван) даъват карда, танҳо як адвант Бакатар Бек аз юртаи падарӣ ба юртаи алан (дашт, саҳро) кўшиши рафтан дорад, қисса бикун дар соли Меш (барзагов)». Аз ин бармеояд, ки Исои Масеҳ ба яке аз қабилаҳои қазоқӣ-дулат, ботпай, албан ё суан тааллуқ дошт. Публисисти русиягӣ Мурод Оқҷӣ менависад, ки солҳои наврасии худро Исо дар Олтой, ки дар оғози ҳазорсолаи якуми милоди мо Кўчиши Бузурги Халқҳо оғоз гардид, гузаронидааст. Мумкин, қабилаҳои ҳозираи қазоқии дулат, ботпай, албан ва саун низ ҳангоми ин фавҷи бузурги муҳоҷират аз Олтой ба даштҳои Наздикаспий ва Баҳри Сиёҳ омада буданд…
Фирориён аз Скифия
Чанд сухан аз Мурод Оқҷӣ. Банда бо навиштаҳои ў ошно ҳастам. Мурод Искандарович Оқҷиев, миллаташ қумиқ (халқияти туркзабон дар Кавкази Шимолӣ), нависанда ва публисисти шўравӣ ва рус, ки дар жанри «фолк-хистори» менавишт. Муаллифи назарияи Кўчиши бузурги туркии халқҳо, ки ба ақидаи ў аз Олтой-«ватани таърихии туркҳои қадим» рўйи кор омадааст, ки коршиносону олимон онро ба қатори «таърихи дурўғин» ворид намуданд. Ў ҳамеша мавриди тамасхур қарор дошт. Аммо тарафдорони зиёд ҳам дошт. Дўстони кавказии ман сабти видеоиеро равон карда буданд, ки дар он ин «олим» тамоми бузургон, сар карда аз Паямбари ислом Муҳаммад ва дигар ашхоси маъруфи таърихиро турк мехонд. Аҷаб навори дилхушкунандае буд…Соли гузашта Оқҷӣ вафот кард.
Аммо барои Закирянов ин тахайюлпарасти қумиқ аз шумори «бузургон» аст:
-Бархе аз «таърихнигорон»-и мо иддао доранд, ки миллати қазоқ танҳо қарни 15 пайдо шудааст-ҳангоме ки хонҳо Ҷонибек ва Керей аз Ўрдаи Тиллоӣ ҷудо шуда, дар ин ҷо, дар Ҳафтрўд хонигарии худро ташкил карданд. Аммо ин иштибоҳ аст.
Масалан, таърихи авлоди ман. Ман найман аз авлоди матай ҳастам. Бисёриҳо ҳоло намедонанд, ки имрўз баҳри Азов сабаби моҷаро миёни Русия ва Украина шудааст. Замоне ин баҳр Матай ё Метиатида («Модар») ном дошт. Чуноне ки дар маъхазҳои қарни 4 омадааст, қабилаҳои скифии назди баҳри Сиёҳ «мата» ё «матай» номида мешуданд.
Қабилаҳое, ки аз ҳудуди Қазоқистони имрўза ба кишварҳои дигар мерафтанд, фотеҳон, дар он ҷо тамаддунҳои нав бунёд мекарданд ва сарриштаи ин тамаддунҳо дар Дашти Қипчоқ буд. Маҳз дар ҳудуди мо асп ром карда шуд. Экспедитсия, ки дар ҳайати он ҳамроҳ бо олимони қазоқ ҳамтоёни онҳо аз донишгоҳҳои маъруфи Оксфорд, Ҳарвард ва Кембриҷ буданд, дар Қазоқистони Шимолӣ маданияти ботайро кашф кард, ки дар он элементҳои абзори аспонро дарёфтанд ва синни он қабл аз ҳазорсолаи 4 пеш аз милод буд. Ин маъно дорад, ки ба ҷадди бузурги мо-саворае, ки силоҳи оҳанӣ дошт, ягон кас дар ҷаҳон баробар шуда наметавонист. Дигар сарзаминҳоро ба осонӣ фатҳ карда, ў дар он ҷо ҷамъияти синфӣ бо нишонаҳои давлат-монанд ба мақомотҳои андоз, полис, прокуратура ва судҳо ва ғ. бунёд мекард.
Закирянов мегўяд, муҳоҷирати бузурги туркҳо аз рўйи он сурат гирифт, ки иқтисодиёти Саҳрои Бузург экстенсивӣ, яъне ба самти аз рўйи шумора зиёд намудани чорво равона шуда буд. Чорво нишондиҳандаи ягонаи сарват ҳисобида мешуд ва шумораи он аз рўйи майдони чарогоҳ муайян мегардид. Авлодҳои қавӣ чарогоҳро аз авлодони заиф мегирифтанд ва ахириҳоро чорае набуд ҷуз ба Чин, Ҳинд, Эрон, Аврупо, Миср ва дигар ҷойҳо муҳоҷират намудан. Ин туркҳои муҳоҷир ба ин манотиқ омада, тамаддунҳои бузургро асос гузоштанд, ки баъдан онҳоро дигарон «соҳибӣ карданд».
Ў мегўяд-дар асарҳои Бодо Харенберг ва Бригитта Байер «Саҳифаҳои инсоният» ва «Таърихи инсоният» нигошта шудааст, ки хеле қабл аз милод қабилаҳои номаълуми кўчӣ аз даштҳои авруосиёӣ омада, сулолаи 15-и фиръавнҳои Миср, сулолаи Ин дар Чин, давлати хеттҳо дар Осиёи Сағир, фарҳанги крито-миноӣ дар Пелопоннес, давлати ориёиҳо дар Ҳиндро бунёд карданд.
-Дар қарни 19 то милод дар нимҷазираи юнонии Пелопоннес қавме бо номи «пеласг»-ҳо пайдо шуданд. Ҳеродот менигорад, ки онҳо бо «забони барбарӣ» гуфтугў мекарданд. Чуноне маълум аст, бошандагони Рими Қадим ва Юнони Қадим саҳронишинони Дашти Бузургро «барбарӣ» меномиданд. Пеласгҳо фарҳанги такрорнашавандаи крито-миноиро бунёд карданд. Олими бритоние, ки онро дар қарни гузашта кашф кард, Артур Эванс, дар дафтари худ навишта буд: «Ҳайратовар! Ягон чизи юнонӣ, ягон чизи римӣ нест!» Кўчиён-дориҳо, ки ба Пелопоннес қарни 7 пеш аз милод омаданд, баъд аз панҷ аср гузаронидани Бозиҳои Олимпиро оғоз намуданд. Таърихнигори итолиёвӣ, Франко Кардини, оид ба бозиҳои қадимаи олимпӣ мегўяд, ки дар ин сабқатҳо танҳо қисми ҳукмрони ҷомеаи юнонӣ-намояндагони Саҳрои Бузург, ки Юнонро забт карда буданд, ҳаққи ширкат варзидан доштанд. Илотҳо-мардуми маҳаллӣ чизҳои моддӣ месохтанд ва ба хўҷаинони худ-туркҳо хидмат мекарданд,-мегўяд профессори қазоқ.
Аз таърих маълум аст, ки Пифагор, Гиппократ, Арасту, Афлотун, Суқрот, Ҳеродот ва дигар мутафаккирони Юнони Қадим ҳар кадом дар замони худ ғолиби Бозиҳои Олимпӣ буданд. Аз рўйи мантиқи ин «олим»-и қазоқ, ҳамаи ин бузургони инсоният «фарзандони Саҳрои Бузург» ҳастанд…
Чингисхон ва…Тоҷикистон
-Вақте ман мегўям, ки Чингисхон қазоқ буд, ман сад дар сад ба ин ҳақ дорам,-идома медиҳад Закирянов. Модари Темучин ва зани ў Бортэ аз қабилаи қунғуротҳо буданд, ду писари худ (яке аз онҳо Ҷуҷӣ-, писари калонӣ, ки аз ў чингизиёни қазоқи мо пайдо шуданд)-ро бо намояндагони ин қабила хонадор кард, дигар писаронашро аз қабилаҳои найман ва керей зан дод.
Ҳарифони ман аз Муғулистон иброз медоранд, ки дар замони Чингисхон ҳамаи ин қабилаҳо муғулӣ буданд ва бо муғулӣ гап мезаданд. Ва баъд, вақте Чингисхон бо ҷанг бо Муҳаммад Хоразмшоҳ ба Осиёи Миёна омад, муғулҳо дар ин ҷо монданд ва бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, бо забони қазоқӣ сухан карданро оғоз намуданд. Аммо олимони муғул фаромўш кардаанд, ки забони туркӣ ба гурўҳи агглюнативии забонҳо дохил мешавад, ки дар он бунёди калима дар тўли ҳазорсолаҳо тағйир намеёбад.
Боз як далели ноҳақ будани онҳоро ман ғайричашмдошт дарёфтам. Боре ба Тоҷикистон ба истироҳат рафта, дар Бадахшони Кўҳӣ ба назди сокинони маҳаллӣ барои нўшидани як пиёла чой даромадам. Он ҷо мўйсафед-бо чеҳраи соф қазоқӣ менишаст. Ман аз ў пурсидам: «Сиз қазақ еммесиз бе («Шумо қазоқ нестед?»)?» Ў бо забони тозаи қазоқӣ посух дод: «Биз найманбиз». «Мо найман ҳастем». Вақте аз ў чуқуртар пурсон шудам, маълум гардид, ки ин қабилаҳои найман бо қабилаҳои дигари қазоқ ҳеҷ гоҳ дар иртиботе набудаанд. Онҳо замоне бо Чингисхон ба Бадахшони Кўҳӣ омаданд ва ин ҷо монданд.
Дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон низ қунғуротҳое, ки бо қазоқӣ гап мезананд, маро ба ош не, ба тановули бешбармоқ даъват карданд. Дар рафти сухан ман фаҳмидам, ки ин қунғуротҳо низ ягон маротиба бо қазоқҳо дар иртибот набуданд ва бо Чингисхон ба Тоҷикистон омада, ин ҷо монданд.
Умуман, дунё одат кардааст, ки гўё Искандар мақдунист, Конфутсий чинист, Чингисхон муғул аст, Ҳеродот, Суқрот, Афлотун, Ҳомер ва дигарон юнонӣ, фиръавнҳо мисрӣ буданд ва гўё Зардушт эронӣ буду онҳову дигар бузургон турк набуданд. Вазифаи мо-ҳақиқатро ошкор ва барқарор кардан аст.
Ба ҷойи охирсухан
Албатта, мо метавонистем сари ин мавзуъ даст назанем ва гуфтаҳои ин «олим»-ро ҳамчун ҳарзаи як ҷунунӣ сарфи назар кунем. Дар бораи Дунёи Эронӣ мо такя ба далелу ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар матлабҳои хеш бисёр гуфта будем. Илм тасдиқ кардааст, ки қабилаҳои скифӣ-сакоиву массагетҳо ва монанд ба ин қавмҳои эронӣ буданд ва ареали зисти ориёиҳои қадим шуруъ аз Олтой ва «Туркистони Шарқӣ» то ба соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ва Аврупо мерасид. Тамоми бозёфтҳои қадим, намунаҳои фарҳанги моддӣ бозгўи ин аст. Дар ин хусус аз ҷониби олимон зиёд гуфта шудааст ва ҳоҷати такрор кардан нест.
Аммо ин ки ба Закирянов ва монанд ба инҳо (пеш аз ин Одам ҳам қазоқ эълон шуда буд) то ба ҳол на дар Қазоқистону на берун аз он ягон олим посух надодааст, касро ба як фикр водор месозад-ин фарзияҳо ҳамин тур рўйи об наомадаанд, фармоишӣ ва мақсадҳои худро пайгир ҳастанд..
Ва ин дар сатҳи баланд ҳам ҳаст. Чанде пеш дар Қазоқистон филми «Томирис» ба навор гирифта шуд. Он дар бораи ҳаводиси таърихие меравад, ки такя ба он дар қарни 6 то милод қабилаҳои сакоӣ-массагетҳо бо саварии малика Томирис ба Шоҳаншоҳ Куруши 2 муқобилияти сахт нишон дода буданд. Илми муосир қабилаҳои сакоиро ҳамчун ақвоми ориёии эронинажод қабул кардааст ва барои ин далелҳои мазбут дорад. Аммо на дар Қазоқистон. Илми расмии он массегетҳоро қазоқ мехонад. Томирис қаҳрамони миллии халқи қазоқ эълон шудааст.
Ғояи таҳияи филм ба духтари хурдии Н.Назарбоев-Алия Назарбоева тааллуқ дорад.
Умуман, ягон ғоя ва ё устура ҳамин тур тавлид намешавад ва ҷанбаҳои худ, асосан иқтисодӣ доранд. Чизе ки мо дар боло гуфтем, чизи нав ва ё ихтирои худи қазоқҳо нест. Аз даврони қадим аз ҷониби элита дар ҳамдастӣ бо руҳонияти давр барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ устураҳои зиёд бофта мешуданд. Ба ёд оварем «ҷангҳои салибӣ» ва ё «ҷиҳод»-ҳои зиёдеро, ки мардуми бехабарро як гурўҳ ашхоси боҳуш барои мақсадҳои худ туъмаи марг мекарданд.
Аз таърихи на он қадар дур. Дар Олмони фашистӣ ҷамъиятҳое чун «Туле», «Анненербе» ва монанд ба инҳо дар бораи «хуҷаини кабудчашми типи нордӣ» тадқиқот мебурданд ва экспедитсияҳои зиёд ба Тибету дигар манотиқи олам барои дарёфти «сарчашмаи хирад ва пайдоиши ориёиҳо» мефиристоданд. Натиҷаи «Рейхи Ҳазорсола» маълум аст-он дер напоид ва торумор шуд.
Дар Қазоқистони муосир имрўз ҳисси хештаншиносӣ ва миллатгароии қазоқӣ боло гирифтааст. Аслан, барои ин сабабҳои объективӣ низ ҳаст. Маълум аст, ки ҳангоми сохтани ин ҷумҳурӣ шумораи зиёди муҳоҷирон аз дигар минтақаи Шўравӣ барои сукунат ин ҷо оварда шуда буданд. Қазоқҳо дар он аққалиятро ташкил медоданд, хусусан дар шимол. Дашти Қазоқ акнун батамом симои худро гум карда буд ва кор ба ҳадде расида буд, ки насли ҷавони қазоқ, дар шаҳрҳо забони модариро гум карда буданд. Ва ин вазъ ташвишовар буд, чун ба генофонди миллӣ зарбаи сахт мезад. Баъд аз истиқлолият ҳукумат ба ислоҳи он пардохт ва оҷилан пайи дарёфти тадбир гашт. Яке аз иқдомот дар ин самт бунёд кардани пойтахти нав-Остона дар шимоли мамлакат буд, ки мақсади он дар ин минтақа, ки мубталои «шовинизми русист» ва қазоқҳо кам буданд, зиёд намудани «миллати давлатсоз» буд.
Тайи чанд рўзе, ки ман дар Қазоқистон ба як конфронс даъватӣ будам, ба омўзиш ва таҳлили вазъ пардохтам. Ҳоло дар кишвар раванди аз сари нав дида баромадани ҳодисаи гуруснагӣ дар Дашти Қазоқ ҷой дорад. Он солҳои 1932-33 рух дода, тибқи маълумот, дар он қариб 2 миллион нафар фавтида буданд. Сабабҳои аслии он «коллективикунонӣ» ва «мубориза алайҳи кулакҳо» буданд, аммо дар Қазоқистон ҳоло садоҳое баланд мешавад, ки ин «генотсиди махсус равонкардашудаи қазоқҳо» аз ҷониби русҳо аст. Ҳоло манфуртарин шахс дар ин кишвар Филипп Голошекин-роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ аст, ки ҳаводиси зикргардида дар замони ҳукуматдории ў рух дода буд. Руҳияи мардум тағйир меёбад…
Он замон қазоқҳои сарватманде, ки рамаҳои зиёд доштанд, ба Муғулистону Чин бо чорвои худ гузаштанд. Қазоқҳои нодор ба дигар минтақаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистони мо барои гузаронидани рўз омаданд. Бархеи онҳоро мешиносам ва гузаштаҳои начандон дури ман ба онҳо дар ҳамон рўзҳои мушкил дасти ёрӣ дароз карда буданд. Қисми ғолиби онҳо солҳои 50-60-ми қарни гузашта ба ватани худ баргаштанд.
Дар хусуси муҳоҷирони қазоқи муғулистониву чинӣ, аз ҷониби ҳукумат барнома таҳия карда шуд ва онҳоро ба ватан дубора хонданд. Ба онҳо қитъаҳои замин ҷудо карда шуд ва давлат манзил сохта дод.
Ман бо чанде аз муҳоҷирони қазоқи аз Муғулистону Чин омада дар Алма-Ато суҳбатҳо доштам. Оид ба муҳоҷирати маҷбурӣ, зисти онҳо дар кишварҳои дигар, зиндагонии ҳозира дар ватани аҷдодӣ, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо, мушкилот, ихтилофҳои иҷтимоӣ дар муошират бо қазоқҳои бумӣ нақлҳои аҷиб ҳам шунидам.
Аллакай наслҳои дуввум ва сеюми онҳо дар ватани таърихиашон тавлид шудаанд.
Мақсад аз дубора бозпас хондани ҳамватанон ва додани имтиёзҳо ба онҳо як аст-зиёд намудани аҳолии бумӣ ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ дар Дашти Қазоқ ва муқовимат бо «бузургманишии русӣ».
Чандест, ки раванди кўчидани аҳолии русзабон аз Қазоқистон ҷараён дорад ва ин ағлаб дар вилоятҳои ҷанубӣ, алалхусус дар Алма-Ато сурат мегирад. Ман инро дар «пойтахти ҷанубӣ»-и кишвар эҳсос кардам.
Бояд зикр кард, ки Закирянов дар ин ҷода танҳо нест. Гурўҳҳои зиёди туркӣ дар Фейсбук ба монанди «Тэнгрианство», «Союз Тюрков» ва амсоли ин ҳастанд, ки чунин ғояҳоро талқин мекунанд. Дар ин ҷо сахт муътақид ҳастанд-«Таърихро туркон мекунанд, форсҳову юнониҳову арабҳову дигарон ба чизе қодир нестанд, ҷуз дуздидани таърихи дурахшони туркон». Боз такрор мекунам-рўёи кор омадани ин гурўҳҳо бесабаб нест ва дастандаркорони онҳо мақсадҳои муайяни худро доранд.
Мақсади мо ин ҷо тира намудани равобит бо ин кишвари дўст нест. Имрўз Ҷумҳурии Қазоқистон аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон аст ва кишварҳои моро риштаҳои мустаҳками муносиботи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, ҳарбӣ-техникӣ ба ҳам пайвастаанд, ки боиси хурсандист. Мақсади мо танҳо таҳлили баъзе равандҳое буд, ки дар ин кишвар ҷараён мегиранд.
Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Gilda 28 сентября 2024 10:06
GSA Internet search engine Ranker will certainly use them to discover compatible websites to post your
links on.

Feel free to visit my web blog; Gsa ser link list
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: