Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Авзои ҷаҳон

Авзои ҷаҳон

7-12-2017, 09:33
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
   Авзои ҷаҳон
Қатли раҳбари Яман. Боз таҳқир
Хабари кушта шудани Президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, тавре маъмулан мегӯянд, дар сархати хабарҳои расонаҳои ғарбӣ қарор нагирифт, балки дар ин бора фақат дар фосилаи миёни барномаҳои иттилоотӣ хабар ва гузоришҳои кӯтоҳе нашр шуд.
Аз фоҷеаи шахсе, ки 33 се сол раҳбари як кишвар буд, ин расонаҳо дар омади гап хабар доданд. Таъкид бар ин нукта мешуд, ки ӯ замоне шарики шӯришгарони ҳусӣ буду ҳоло мехост аз онҳо дур шавад ва аз дасти онҳо ба ҳалокат расид. Нахуст дар ин бора як шабакаи телевизионӣ, ки фаъолияти террористҳоро назорат ва бозтоб мекунад хабар дода, ҳамзамон сурати ин сиёсатмадорро бо сари зарбхӯрдааш ба намоиш гузошт. Дар ҷои дигар навори ҷасади ӯро нишон доданд, ки қотилон бо ҳамоқат рӯи замин мекашиданд ва таҳқираш мекарданд. Ин навор тақдири Муамар Қазофӣ, раҳбари собиқи Либияро, ки 20 октябри соли 2011 кушта шуд, ба хотир меовард, ки бо чунин ваҳшоният ба қатл расида буд ва қотилон бо фарёд задани шиорҳои «Аллоҳу Акбар!» атрофи ҷанозааш шодмонӣ мекарданд.
Бино ба хабарҳо, раҳбари пешини Яман дар натиҷаи таркиши манзили зисташ ба ҳалокат расидааст, аммо ҷои дигар гуфта шуд, ки ӯ ҳангоми фирор аз Санъо дар роҳ ба сӯи шаҳри Мағриб мавриди сӯиқасд қарор гирифтааст. Низои мусаллаҳона байни ду қувва ҳафтаи гузашта дар беруни бузургтарин масҷиди Санъо, ки номи президенти пешини Яманро дорад, оғоз шуда, хеле тез ноҳияҳои дигари шаҳрро фаро гирифт. Манбаъҳои хабарӣ шумораи ҳалокшудагон дар ин задухӯрдҳоро то рӯзи 4 декабр 245 нафар эълон карданд.

Кишвари як замон мавриди тавсифи шоирони классики адабиёти форсу тоҷик чанд сол аст, ки дар оташи ҷангу ҷидоли қувваҳои ба ҳам душмани дохилӣ месӯзад. Бархе сабаби ин хушунату хунрезиҳоро фаъолияти гурӯҳҳои ҳусӣ медонанд.
Ҳусиҳо кистанд?
Яке аз тарафҳои даргир дар ҷанги дохилии Яман ҳусиҳо дониста мешаванд. Бино ба хабарҳо, ҳусиҳо шохаи шииёни вобаста ба ҳаракати «Ансорулллоҳ » ҳастанд, ки ҳамроҳ бо қисме аз низомиёни вафодор ба президенти собиқ фаъолият мекарданд ва онҳо буданд, ки мухолифони президенти собиқ қувваҳои Абду Раббу Мансур Ҳодиро, ки суннимазҳаб аст, аз қудрат дур карданд. Тарафдорони Ҳодӣ аз сӯи эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мешаванд. Ҳусиҳо ба унвони як гурӯҳи шабеҳи низомӣ аз чандин сол пеш дар хоки Яман шинохта шудаанд. Ин гурӯҳ ҳанӯз дар соли 2004 зидди ҳукумати кишвар ба шӯриши мусаллаҳона хеста, ба тадриҷ бахше аз минтақаҳои кишварро таҳти назорати худ даровард ва ба як нерӯи сиёсии дорои қувваи низомӣ табдил ёфт.
Агар боз ҳам ба таърихи ин ҷараён нигоҳ кунем, мушаххас мешавад, ки он аз ибтидо бо мусоидати яке аз кишварҳои минтақа бо хотири пешгирӣ аз нуфузи Арабистони Саудӣ дар Яман таъсис шудааст. Муассиси он Ҳусейн Ал-Ҳусӣ ва соли таъсиси он 1992 дониста мешавад.
Хабаргузориҳо, аз ҷумла Рейтер (Британия), РИА Новости (Русия) ва Тасним (Эрон) ҳар яке ба шеваи худ хабари марги президенти пешини Яманро бозтоб кард. Агар аввалӣ марги ӯро бар асари таркиши тири тӯпи танк номида бошад, манбаи эронӣ гуфт, ки Солеҳ вақти фирор аз Санъо ба шарқи кишвар дар музофоти Мағриб кушта шуд.
Телевизиони Ал-Масираҳи арабӣ дар ин робита бо нашри хабаре гуфт, ки бо кушта шудани раҳбари як гурӯҳи вориди ҷанг дар муқобили ҳусиҳо буҳрони дохилӣ дар Яман ба марҳалаи нав мегузарад.
Пас аз эълони қатъи ҳамкорӣ бо ҳусиҳо Эътилофи арабӣ, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад, аз ин амали Абдулло Солеҳ бо хушнудӣ истиқбол кард. Задухӯрди қувваҳои тарафдор бо нерӯҳои ҳусиҳо иттифоқан пас аз эълони ин тасмими раҳбари пешини Яман авҷ гирифт.
Дар пайи ин шанбеи гузашта, 2 декабр Конгресси мардумии Яман, ки ҳизби вобаста ба Солеҳ аст, аз тарафдоронаш даъват кард, барои ҳимояти кишвар аз ҳусиҳо бархезанд. Эътилофи арабӣ ҳам, ки бо раҳбарии Арабистони Саудӣ дар ҷанги дохилӣ аз ҳукумати Яман тарафгирӣ мекунад, ташаббуси президенти собиқро дуруст шуморид, вале тавре маълум шуд, коре барои ҳимояташ карда натавонист.
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ 2 декабр ҳамкорӣ бо ҳусиҳоро, ки гуфта мешавад, Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, қатъ кард. Ӯ қариб се сол якҷо бо ин қавм ба таври муштарак Санъоро идора мекард. Аммо пас аз ду рӯзи эълони тасмими худ дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ аз сӯи иттифоқчиёни пешини худ ба қатл расид.
Шахсияте, ки тамоми умраш бо рақобат гузашт
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳи 75-сола, то замони сарнагун шуданаш дар эътирозҳои саросарии соли 2012, 33 сол раҳбари Яман буд.Бомдоди 4 декабр нерӯҳои ҳусӣ хонаи Солеҳро дар Санъо тарконданд. Пас аз он тавре шоҳидон гуфтаанд ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди ҳусиҳо ду рӯз давом кард.
Президенти муваққати Яман Абду Раббу Мансур боз ҳам талош дорад эътидоли сиёсии кишварро таъмин кунад. Ин дар ҳоле аст, ки Яман дар се соли ахир ба майдони фаъолияти ҷангиёни Ал-Қоида ва ҷудоиталабон табдил шудааст. Шӯришиёни ҳусӣ аз охири ноябр бори дигар муборизаро бо тарафдорони президенти пешин шиддат бахшиданд ва ниҳоят ӯро ба қатл расонданд. Бар асоси иттилоияи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар шаш рӯзи даргирӣ дар Санъо камаш 125 нафар кушта ва 238 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Мухолифони Солеҳ панҷ сол пеш бо дур кардани ӯ аз қудрат умеди бунёди рӯзгори беҳтаре дар кишварро доштанд, аммо аз ҳамон суботи нисбие, ки дар даврони раҳбарии президенти собиқ доштанд, низ тамоман маҳрум гардиданд. Президент таҳти фишори мухолифон, ки ҳазорон нафарро ба майдонҳо кашида буданд, 4 июни соли 2012 пас аз сӯиқасд ба ҷонаш барои табобат аз Яман ба Риёз - пойтахти Арабистон рафт. Рақибонаш бо гирдиҳамоӣ дар майдони «Донишгоҳ»-и Санъо хушҳолӣ мекарданд, ки аз режими 33 - солаи як раҳбар халос гардиданд. Абду Раббу Мансур, ки он замон муовини раиси ҷумҳури Яман буд, ба унвони кафили давлат раҳбариро ба даст гирифт ва аввалин кораш ин буд, ки бо сафири Америка мулоқот кард.
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ он вақт бо чанд мақоми дигари баландпояи давлатии Яман баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар ҳоли намоз дар масҷиде дар дохили маҷмаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҷануби Санъо - пойтахти ин кишвар мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Дар он сӯиқасд 7 нафар кушта шуданд, вале худи ӯ бо чанд тани дигар захмҳо бардоштанд. Таҳлилгарон мегуфтанд, ки берун рафтани Солеҳ аз Яман метавонад заминаи ҷанги нав барои қудрат дар ин кишвар шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Мутобиқи Қонуни асосии Яман Абду Раббу Мансур Ҳодӣ, муовини президенти Яман ба унвони кафили ӯ бояд ба ҷуз аз идораи давлат фармондеҳии нерӯҳои артиш ва бахшҳои амниятии ин кишварро ҳам ба уҳда мегирифт, вале Аҳмад, писари Солеҳ яке аз фармондеҳони низомӣ буд ва бо дигар вобастагонаш назорати бахшҳои низомӣ ва иттилоотии Яманро дар ихтиёр нигоҳ медошт.
Ҳамин тавр муқовимати ӯ бо собиқ муовинаш шиддат гирифт ва ин кишвари 27 миллион нафар аҳолидоштаро ноором кард. Ба оташи ҷанг кишварҳои минтақа пуф мекарданд.
Абдулло Солеҳи 37 - сола дар шароите ба сари қудрат расида буд, ки Яман ба шимолу ҷануб ҷудо мешуд. Қисмати шимоли он - Шоҳигарии Яман таҳти идораи зайдиҳо - шииёни муътадил қарор дошт. Ин бахши Яман соли 1918 пас аз озодӣ аз салатанти Усмонӣ таъсис ёфта буд. Мафҳуми Ямани Ҷанубӣ соли 1967 дар пайи фурӯпошии империяи Британия таъсис ёфт.
Солеҳ соли 1958 ба хидмати низомӣ ҷалб шуда, пас аз ду сол ба академияи ҳарбӣ қабул шуд. Ба унвони афсари артиши Яман дар соли 1962 бори аввал дар табаддулоти ҳарбӣ ширкат варзид. Пас аз он муддати ҳашт сол дар ҷанги дохилӣ иштирок намуда ғолиб омад. Солеҳ дар қувваҳои танкӣ хидмат мекард ва муқобили тарафдорони шоҳ меҷангид. Он вақтҳо ҳам низоми шоҳигарии Яманро Арабистону Британия ҳимоят мекарданд. Солеҳ бо нерӯҳои ҷумҳурихоҳ буд, ки аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Миср ҳимоят мешуданд. Бар асоси гузоришҳо, соли 1963 дар шимоли Яман қариб 500 мушовири низомӣ бо нерӯҳои тарафдори ҷумҳурихоҳон кор мекарданд.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Арабии Яман Солеҳ то рутбаи полковник хидмат кард ва соли 1977 аз сӯи президент Аҳмад Ҳусейн Ал Ҳошимӣ волии низомии вилояти Тайз таъин гардид. Пас аз як сол раҳбари Яманро террор карданд ва Солеҳ яке аз 4 узви шӯрои муттаҳидаи идораи давлати Ямани ҷанубию шимолӣ таъин шуд ва 17 июли соли 1978 парламенти Яман ӯро президент интихоб намуд.
Ӯ замоне ба унвони раҳбари ҷараёни муқовимат бо Арабистони Саудӣ шинохта мешуд, вале дар ниҳояти кор аз дасти собиқ иттифоқчиёнаш –ҳусиҳо, ки аъзои ҳаракати шииёни Ансоруллоҳ ҳастанд, ба қатл расид. Шахсе кушта шуд, ки аз ҷумлаи чеҳраҳои машҳур дар Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ва дар ҳоле кушта шуд, ки кишвар боз ба ду минтақаи ба ҳам душман табдил ёфтааст. Зеро Ҳодӣ аз 21 сентябр Санъо пойтахти кишварро дар ихтиёри нерӯҳои мухолифаш- ҳусиҳо гузошта худ ба шаҳри ҷанубии Адан ва аз он ҷо ба Арабистон фирор кардааст. Акнун тамоми шимоли Яман зери назорати ҳусиҳо аст.
Ҳусиҳо имкони гирифтани тамоми Яманро доштанд, вале дахолати Арабистон монеаи пешрафташон шуд. Ин кишвар бо таъсиси эътилоф ва дар ҳамкорӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Урдун, Марокко, Миср ва Судон амалиётеро гӯё бо дархости Ҳодӣ дар хоки Яман оғоз кардаанд. Ин иқдоми кишварҳои арабиро ИМА ва Британия ҳам дастгирӣ мекунанд, ки боиси ба майдони ҳарби кишварҳои манфиатҷӯ табдил шудани Яман гардидааст.
Тибқи гузоришҳо дар пайи бомбаборонҳои нерӯҳои эътилоф шаҳрҳои ободи Яман акнун ба хок яксон шуда, иқтисоди кишвар миллиардҳо доллар зарар дидааст. Бино ба омори эълоншуда, ин кишвар дар ҷанг 40 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллии худро талаф додааст. Миллионҳо нафар сокинони минтақаҳои вайроншуда, тарки кишвар намудаанд. Дар шаҳрҳо шабакаҳои обрасонӣ ва муассисаҳои тиббӣ аз кор мондаанд.
Бар асоси гузориши яке аз пойгоҳҳои хабарии арабӣ, сабаби қатъи ҳамкории Солеҳ бо ҳусиҳо тавофуқи ӯ бо Арабистони Саудӣ будааст, ки мехоҳад ба ин ҷанг хотима бахшад. Ба қавли ин манбаъ, Солеҳ қарори худро дар мавриди қатъи ҳамкорӣ бо Арабистон ҳамоҳанг карда буд, зеро эътилофи зидди ҳусиҳо мехоҳад Аҳмад Солеҳ - писари президенти собиқро раҳбари қонунии Яман эълон кунад.
Яман дар замони Шӯравӣ аз кишварҳои дарҳояш барои муттахассисони шӯравӣ, аз ҷумла тарҷумонҳои тоҷик кушода буд. Дар даврони пас аз истиқлоли Тоҷикистон низ садҳо нафар табибон, муттахассисони соҳаҳои гуногун ва тарҷумонҳои мо ба ин кишвар рафта, бо кор фаро гирифта мешуданд. Марги як шахсияти маълум оё метавониста бошад, ки хушунату низоъҳои мазҳабию қавмиро дар ин кишвар поён диҳад ва оромию суботро, ки ормони сокинонаш аст, барои мдуми сарсону овораи он богардонад?
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: