Чолокию далерӣ – шиори ҷавонмардист2-02-2017, 09:29
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Чолокию далерӣ-шиори ҷавонмардист» бахшида ба «Соли ҷавонон» бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши занон ва оила, дар якҷоягӣ бо НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия дар Хонаи маданияти марказӣ баргузор гардид. Аъзо ва ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан» Исфандиёр Рофиев – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53, Ифтихори Ихтиёр – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47, Амир Худойдодов – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38, Иброҳим Баротов – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, Шерзод Маҳмадалиев – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 аз рӯйи панҷ шарт: муаррифӣ, саволу ҷавоб доири масъалаҳои сиёсӣ ва варзишӣ, иҷрои машқҳои варзишӣ, мавзӯи озод ва намоиши маҳорати рӯзгордорӣ байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Ҳакамамон холҳои бадастовардаи хонандагонро ҷамъбаст намуда, ҷойҳои ишғолнамудаи онҳоро эълон карданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба илму донишандӯзӣ ва забономӯзии ҷавонон, аҳамияти махсус медиҳанд. Барномаи фарҳангию фароғатии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия низ хотири иштирокдоронро болида гардонид. Дар охир барои иштироки фаъолонаи хонандагон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ супорида шуд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.