ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТАШХИСГАРОН”.17-11-2016, 10:41
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхисгарон” бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Умринисо Казакова –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кавгаков Хуршед –раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхисгарон” маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Нахуст Бегиҷон Амонов муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхисгарон” дар бораи фаъолияти самарноки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруза кард. Дар маъруза қайд карда шуд, ки Президенти мамлакат нисбати саломатии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда бо истифода аз имкониятҳо тамоми таҷҳизотҳои муосири тиббиро ба кишвар овардаистодаанд. Имрӯз дар шароити ҳозираи зиндагӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои ҷарроҳии ҳамагуна бемориҳо имконият фароҳам оварда шудааст. Дар маъруза зикр гардид, ки таърихи миллати тољик гувоњ аст, ки Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомал Рањмон барои пойдории истиќлолитят ва ба даст овардани вањдати миллї чї ќадар хизматњои бузу рва бе мислу монанд кардаанд. Худ ќазоват кунед, ки дар як марњилаи кўтоњи таърих миллати тољик ба чї гунна дастовардњои бузург ноил гардид. Бо шарофати Истиќлолияти давлатї, вањдати миллї ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои милат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти маќоми забони тољикї њамчун забони давлатї дар радифи дигар муќаддасот афзалиятњои бештар дода шуда ин забони ноб аз минбарњои бонуфузи љањони садо дод. Дар шароити имрўзаи зиндагї мову шуморо лозим аст, ки дар самти татбиќи сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат њамаљониба омода бошем. Сипас Умринисо Казакова –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Боиси ифтихор ва дастгирии ҳамаҷониба аст, ки дар қатори ҳама ҷашну маросимҳо боз як ҷашни дигар Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлол таҷлил карда мешавад. Хизматҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон бесобиқа арзёбӣ мегардад. Ин шахсияти таърихӣ, дар замоне сари қудрат омад, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. Бо ақли солим ва дурандешии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ба миллати тоҷик сулҳу ваҳдатро ҳадя овард. Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи тоҷик гуфта буданд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.” Дар замоне, ки бародар бародарро ба қатл мерасонд вазъи сиёсӣ дар кишвар ноором буд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт. “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем”. Ҳамин суханҳои самимӣ буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуд, 36-ҳазор хонаи пурра ё қисман харобгашта дар як муддати кутоҳ пурра барқарор ва ба соҳибони худ супорида шуд. Дар шароити басо муракаб, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсии кишвар ворид гардид. Ҳадафи ташкили ин ҳизб, ки дар он неруҳои ақлонии кишвар ба ҳам омаданд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки омилҳо ва зарурати ташкил кардани ҲХДТ як мактаби бузурги сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар фаромади маҷлиси тантанавӣ Хуршед Кавгакович бори дигар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Изатуллои Ҳабибзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.