Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Страница 95
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Оқсӯи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон тасдиқ мекунанд, ки минтақаи баҳсӣ дар наздикии деҳаи Соғоти ин ноҳия ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад.
Мақомоти Русия исми 22 сокини Қримро ба рӯйхати "террористону экстремистҳо" дохил кардаанд.
Русия бояд изҳороташ дар мавриди ба сулҳи Сурия содиқ буданро бо амалкардҳояш исбот кунад, гуфт котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.
Додситонии Голландия аз додгоҳ хостааст, беш аз €300 миллион дороии ширкати Takilant дар Нидерландияро мусодира намояд. Бар пояи баъзе маълумот, ширкати Takilant аз сӯи Гаянэ Авакян, шахси наздик ба Гулнора Каримова, духтари президенти Ӯзбекистон идора мешудааст.
Русия интизор аст, ки НАТО дар робита ба тағйироти чашмгири теъдоди нерӯҳояш, аз ҷумла "амалисозии босуръати нақшаҳои зиддимушакии ИМА/НАТО дар Аврупо" равшанӣ меандозад. Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова
Барак Обама, президенти ИМА гуфт, НАТО бояд иродаи сиёсӣ нишон диҳад ва масъулият дошта бошад, ки ба хатарҳо посух диҳад.
Камераҳои назоратии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Тошканд сабти қоидавайронкуниҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пойтахти Ӯзбекистонро оғоз карданд.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг зимни суханронӣ дар нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда, мулоқоти сарони давлатҳои НАТО-ро, ки имрӯз дар Варшава барпо мешавад, "ҳалкунанда" номид.
Барак Обама, президенти ИМА барои анҷоми як сафари панҷрӯза, аз ҷумла иштирок дар саммити НАТО дар Варшава озими Аврупо шуд.
Владимир Путин, президенти Русия "маҷмуаи зиддитеррористӣ"-и вакили порлумон Ирина Ярова ва узви Шӯрои федератсия Виктор Озеровро, ки қонунгузории ин кишварро сангинтар мекунад, имзо намуд.