Табрикот10-12-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Ҷаноби муҳтарам! Лутфан, табрикоти самимии маро ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бипазиред. Тули солҳои сипаригардида ҳизби шумо борҳо масъулият ва омодагии худро ба ҳайси нерӯи пешсафи сиёсӣ ба намоиш гузошта, ба эҳтирому эътимоди бузурги халқи Тоҷикистон сазовор гардидааст. Таҳти роҳбарии он кишвар дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ устувор гардидааст. Итминон дорам, ки муколамаи созандаи «Единая Россия» ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар созгор хоҳад буд. Ба Шумо ҷаноби Азизӣ ва аъзою ҷонибдорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба фаъолияти минбаъда дар арсаи сиёсат комёбиву муваффақиятҳои беназир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам. Муовини Котиби шӯрои генералии
ҳизби сиёсии умумироссиягии «Единая Росия» А.А. Климов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.