Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳолат ва моҳияти гузаргоҳҳои зеризаминӣ

Ҳолат ва моҳияти гузаргоҳҳои зеризаминӣ

16-08-2019, 13:23
Хабарро хонданд: 10 нафар
Назарҳо: 0
                Ҳолат ва моҳияти гузаргоҳҳои зеризаминӣ
Гузаргоҳҳои зеризаминӣ аз воситаҳое мебошад, ки ҷиҳати бехатарӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна садамаҳои автомобилгард нақши муҳим мебозад. Бо мақсади боз ҳам хуб ба роҳ мондани ҳолати санитарӣ ва ташкили нуктахои савдо аз чумлаи хизматрасонии фурӯши маводҳои конселярӣ ва фурӯши гулҳо дар гузаргоххои зеризамини мувофики талабот ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза ба сокинону мехмонони пойтахт хизмат расонида мешавад. Нигоҳдории гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар чор навоҳии пойтахт бар зиммаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт вогузор гардида, ҳамасола таъмири ҷории онҳо аз ҷониби масъулини соҳаи дахлдор дар доираи нақшаву чорабиниҳои муассисахои номбурда амалӣ мегарданд. Гузаргоҳҳои зеризаминии назди маркази савдои Садбарг, «Мемонхонаи Душанбе», гузаргоххои зеризаминии назди беморхонаи 3, ва 7 км, ки вокеъ дар кучаи Айни чойгир шудаанд, аз таъмир бароварда шуда, барои бемамоният равуо намудани сокинону меҳмонони пойтахт шароит фароҳам оварда шудааст. Тавре аён шуд, дар гузаргоҳи назди Маркази савдои Садбарг нуқтаҳои гуногуни хизматрасониҳо аз ҷониби соҳибкорон фаъолият менамоянд. Ҳамаруза холати санитарию гигенӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гунна ҳодисаҳои нохуши ноқилҳои интиқолдиҳандаи неруи барқ аз тарафи шахсони мутасадӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Гузаргоҳҳои зеризаминии меҳмонхонаи Душанбе ва назди Маркази савдои Садбарг чанд сол боз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз буҷавии шаҳри Душанбе ба хотири беҳдошти роҳҳои мошингард ва роҳати пиёдагардон сохта ба истифода дода шудааст, ки шароити арзандаро барои пиёдагардон фароҳам овардааст. Бояд қайд намуд, ки гузаргоҳи зеризаминӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ин гузаргоҳҳо боз зарфи махсуси нигоҳдории моҳичаҳо гузошта шудааст, ки сокинону меҳмонон ҳангоми равуои намудан аз инҳо дидан менамоянд. Гузаргоххои зеризаминии назди беморхонаи 3, ва 7-ум км низ дар асоси нақша таъмир мегардад. Кормандон дар самти хуб нигоҳ доштани ҳолати санитарӣ ҳамарӯза аз пайи тоза намудани гузаргоҳҳо мебошанд. Дар воқеъ гузаргоҳҳои зеризаминӣ метавонанд, баҳри баланд бардоштани коидаҳои роҳу наклиёт мусоидат намояд. Зеро бо истифодаи дурусти чунин роҳҳо ҳам ҷони одамон дар амон аст ва ҳам ронандаҳо бемамоният ҳаракат дар роҳро идома медиҳанд. Дар ин ҷода низ шахрвандони пойтахт бояд ҳаракати коидаҳои роҳро риоя намоянд ва аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ пурра истифода баранд. Бо мақсади боз ҳам хуб ба роҳ мондани ҳолати санитарӣ , хизматрасонии фурӯши маводҳои лозима ва мувофиқ ба талаботҳои мавҷуда масъулини соҳа тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 3 адад гузаргоҳи зеризаминӣ мавҷуд мебошад, ки мувофиқ ба талаботҳои шаҳрдорӣ таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд. Яке аз инҳо азнавсозии гузаргоҳи зеризаминии назди бозори Варзоб мебошад, ки барои бе мамоният равуо намудани сокинону меҳмонони пойтахт имконияти мусоидро фароҳам овардааст. Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 4-адад гузаргоҳҳои зеризаминӣ мавҷуд буда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани гузаргоҳҳо масъулини соҳаи дахлдор муаззаф гардидаанд, ки ҳамарӯза ҳолати санитарию гигенӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гунна ҳодисаҳои нохуши ноқилҳои интиқолдиҳандаи неруи барқро аз назар гузаронанд. Гарчанде дар гузаргоҳи зеризаминии назди "Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик" корҳои таъмирӣ ҷорӣ ба роҳ монда шуда бошад, ҳам аммо ҳолати санитарии он ба талабот ҷавобгӯ нест. Қуттиҳои партов кайҳо боз корношоям шуда, дохили обпартоӣ бошад, дар ҳолати бад қарор доранд. Аз руи таҳлилҳо аён гардид, ки гузаргоҳи номбурда муддатҳост руи таъмирро надидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар ин гузаргоҳ нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, пас чаро соҳибкорон нигоҳдории ҳолати санитарӣ риоя наменамоянд? Барои посух гирифтани ин суол мутаассифона масъули ин гузаргоҳро пайдо карда натавонистем. Гузаргоҳои зеризаминии назди Суди олии ҷумҳурӣ ва Сирки давлатӣ ҳам дар чунин ҳолат қарор дорад. Сутуну деворҳои гузаргоҳро чи гунае, ки хостанд аз ҷониби таъмиргаррон хамонгуна рангубор намуданд, ки ҳусни ин мавзеъро коста намудааст. Дар ин ҷо низ қуттиҳои партов аллакай чунон корношоям гардидаанд, ки ҳатто ягон партов партофта намешавад ва ниёз ба қуттихои нав доранд. Дар гузаргоҳи номбурда, танҳо нуқтаи гулфурӯшӣ фаъолият мекунад халос, то аз ин гузаргоҳ даромадану баромадан нафаси одам мегирад, зеро ин мавзеъро баъзе нафарон ба ҳоҷатхона табдил додаанд, ғайр аз ин аз сабаби болопӯш таъмир набудан аз болои он об мечакад, ки аз болои он обҳои чакида, базӯр мегузарӣ .
Агар ҳар як фарди ҷомеа баҳри ободиву шукуфоии кишвар аҳамияти ҷиддӣ диҳад, пойтахтамон шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо ва назаррабо мегардад. Ногуфта намонад, ки он нуқтаҳои фурӯши анвои гуногуне, ки аз ҷониби соҳибкорон дар муомилот қарор дорад, нигоҳдории он мувофиқи шартномаи дутарафа аз ҷониби масъулин ва ҳам фурӯшандагон ба роҳ монда шудааст. Имрузҳо дар ин гузаргоҳҳо мувофик ба санаду меъёрҳои амалкунанда, нуқтаҳои фурӯши ҳар гуна ашёву маводҳои лозимӣ аз тарафи сохикорон ба фурӯш гузошта шудааст. Дар асоси меъёрҳои мавҷуда бояд чунин ҷоӣ ҳои ҷамъиятӣ азнавсозӣ гарданд. Гузаргоҳи дигаре, ки мо аз он дидан намудем, ин гузаргоҳи зеризаминии назди КВД бозори Саховат мебошад. Дар ин макон тамоми шароитҳоро барои равуо намудани сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст. Аммо аз беаҳамиятии масъулини РИР-и ноҳияи Фирдасвсӣ ва кормандону соҳибкорон ин гузаргоҳ ба таъмир ниёз дорад. Ҳамасола дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсат, гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд таъмирӣ ҷорӣ карда шаванд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки бархе аз гузаргоҳҳои номбурда имрӯз таъмир намегарданд. Агар таъмир ҳам шаванд на ба таври лозима таъмир мегарданд. Ҳол он ки шаҳри Душанбе макони чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ба шумор меравад ва зиёд меҳмонон ба ин ҷо ташриф меоваранду аз ин гузаргоҳҳои зеризаминӣ гузар менамоянд ва ба шароити мавҷудаи онҳо баҳо медиҳанд. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати нигоҳдориву ҳолати санитарии гузарогоҳҳои зеризаминӣ аз ҷониби кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ диққати махсус дода нашудааст. Кормандонро ва соҳибкоронро мебояд, чиҳати ободу озода нигоҳ доштани гузаргоҳҳо саҳми худро гузоранд. Зеро ташаббуси дастаҷамъи дар иқдоми наку доимо натиҷаи хуб ба бор меорад.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: