Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад

6-07-2026, 17:19
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавадМоҳи сентябр ҷашни фархундаи миллат — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ кадом барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд? Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён чунин гуфт:

-Барои дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми мардуми сарбаланд ва банангу номуси Тоҷикистон, аз хурд то бузург, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба омодагӣ доранд.

Барои баргузориии ин ҷашни бузурги миллӣ доир намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Шуруъ аз боғчаҳои бачагона, дар тамоми маҳалла, ҷамот ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳамоишҳои гуногун баргузор мегарданд. Инчунин баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Яке аз чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ — ин кушодашавии Театри миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар тақвияти ин мавзӯъ сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз дошт, ки «бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ силсилачорабиниҳои гуногун, аз ҷумла роҳпоймоии осоишта низ доир мегардад. Дар роҳпаймоӣ аз тамоми қишрҳои ҷомеа, шуруъ аз аҳлу фарҳанг, варзишгарон, намояндагони касбу кори гуногун, фаъолони ҷомеа ва донишҷӯён иштирок мекунанд».

«Айни замон марҳилаи раванди корҳои тадорукотӣ ва ташкилии роҳпаймоии осоишта идома дорад. Айни замон мушаххас гуфта наметавонем, ки дар ин ҳамоиш чанд нафар иштирок мекунанд. Бо анҷом шудани корҳо, кумитаи тадорукоти чорабинӣ дар ин хусус расман эълон мекунад», — афзуд Мирзоолим Саидов.

Боят гуфт, ки соли 2026 соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: